Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон ҷазо барои таҷовузи ноболиғ сангинтар шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов тарҳи тағйиру иловаҳоро ба Кодекси ҷиноии ин кишвар имзо кард. Дар он барои муттаҳамон ба таҷовузи ноболиғон ҷазои сангинтар пешбинӣ шудааст.

Бар асоси ин тағйирот, додрасҳои Қирғизистон метавонанд мардонеро, ки ҳангоми содир кардани ҷиноят ба синни 60 расидаанд ва алайҳи дахлнопазирии ҷинсӣ ва озодии ҷинсии кӯдак ҷиноят содир кардаанд, ба ҳабси якумрӣ маҳкум кунанд.

Қонунҳои пешин ин ҳақро ба додрасҳо намедоданд.

Сангинтар кардани ҷазо барои таҷовузи ноболиғонро моҳи декабри соли 2023 вакили порлумони Қирғизистон Марлен Маматалиев пешниҳод кард.

Муовини додситони кулли Қирғизистон Умуткан Конкубаева он замон зидди пешниҳод баромада, гуфта буд, ки тағйирот наметавонад садди роҳи ин навъи ҷинояткориҳо шавад.

Мақомоти Қирғизистон бори аввал нест, ки ҷазоро барои содир кардани ҷиноят алайҳи дахлнопазирии ҷинсӣ ва озодии ҷинсии кудак сангинтар мекунанд. Дар ин кишвар ҳукми зиндон барои ин навъи ҷиноят соли 2022 тӯлонитар шуда буд.

XS
SM
MD
LG