Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон аз мардум сабабҳои ришвахориро пурсидаанд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як таҳқиқи афкори умум дар бораи коррупсия ё фасод дар Тоҷикистон нишон додааст, ки ришвадиҳӣ ба мансабдорон дар ҳар идораи давлатӣ ба як кори муқаррарӣ табдил шудааст.

Оҷонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон, ки таҳқиқотро нашр кардааст, мегӯяд, аз посухҳои назардодагон ба ин натиҷа расидан мумкин аст, ки “пешниҳоди тӯҳфа ё маблағ як ҳолати муқаррарии ҳаёти иҷтимоии ҷомеа гардида, дар аксари ҳолатҳо худи кормандони мақомоти давлатӣ ба паҳн гардидани ин зуҳуроти номатлуб мусоидат менамоянд.”

Аз 10 ҳазор нафар сабаб пурсидаанд

Таҳқиқи афкори умумро Маркази таҳқиқоти стратегӣ якҷо бо Оҷонси назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсия соли 2025 дар байни 10 ҳазор нафар ва дар 28 шаҳру ноҳия анҷом додаанд. Ҳарчанд ҳангоми назарсанҷӣ аксарияти мардум аз вуҷуди фасоду ришвахорӣ шикоят кардаанд, фақат бештар аз 35 дар сади онҳо гуфтаанд, ки худашон мавриди ришваситонӣ шуда ё фасодро таҷриба кардаанд.

Видеоро инҷо бинед:

Дар Тоҷикистон аз мардум сабабҳои ришвахориро пурсидаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:55 0:00

Ба гуфтаи муаллифон, тақрибан 65 дар сад гуфтаанд, ки “ба ҳолатҳои коррупсионӣ дучор наомадаанд.” Назарсанҷӣ дар миёни мардум нишон додааст, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон “ришвахорӣ, тамаъҷӯӣ, сӯйистифода аз мансаб, беадолатӣ, хешутаборӣ, дуздии моликияти давлат ва мойил ба фасод будани мансабдорон” ривоҷ ёфтааст. Дар таҳқиқ омадааст, 21,8% шаҳрвандон маблағи пораро бо хоҳиши худ пешниҳод намуда, дар дигар ҳолат мансабдорон аз роҳу василаҳои гуногун шаҳрвандонро барои додани пора водор кардаанд. Оҷонси мубориза бо коррусия гуфтааст, мардуми Тоҷикистон бештар дар соҳаҳои маориф, вазорати корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, адлия, мудофиа, додгоҳҳо, додситонӣ, бахши энергетика, кумитаҳои андоз, идораи замин ба мавридҳои фасоду ришвахорӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

"Ришвахорӣ бад аст"

Оҷонси мубориза бо фасод, ки дар бораи хулосаҳо аз таҳқиқот гуфтааст, мардум музди ками кор, кӯшиши ба даст овардани даромади иловагӣ, бемасъулиятӣ ва бевиҷдони мутахассисон, санҷиши зиёд ва такрории мақомоти назоратӣ, бемасъулиятӣ ё бетарафии аҳолӣ, ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо ё таъини шахсони тасодуфӣ ба мансаб, хешутаборбозиро аз сабабҳои асосии коррупсия номидаанд. Ба гуфтаи муаллифони таҳқиқ, ноогоҳии аҳолӣ аз оқибатҳои ногувори коррупсия ҳам нигаронкунанда аст, чун таҳлил собит кардааст, ки беш аз 50 дар сади шаҳрвандон дар бораи оқибатҳои ногувори коррупсия маълумоти кофӣ надоранд ва бо ин сабаб пул додан барои ҳалли мушкилро ягона роҳи иҷрои корашон мебинанд. Айни замон 25 дар сад гуфтаанд, ки ришвахорӣ барои ояндаи Тоҷикистон бад аст, беш аз 18 дар сад гуфтаанд, ки коррупсияву чойпуливу ширинӣ додан, як чизи маъмулист. Гузашта аз ин бештар аз 7 дар сади мардум гуфтаанд, ки ришвахориву фасод барои ояндаи ҷамъият ва давлат нақши мусбат мебозад. Ҳукумати Тоҷикистон барои мубориза бо фасоду ришвахорӣ барномаву стратегияҳои зиёде қабул кардааст, вале бо вуҷуди ин ҳама гоҳе аз дуздиву ришвахории вазирону мансабдорони баландпоя гузориш мешавад, ки миллионҳо сомонӣ ё доллар аз пули давлатро дуздида ё ба манфиати худ истифода бурдаанд. Кишвар ҳам аз назари зиёд будани ришвахорӣ дар шохисҳои байналмилалӣ дар мақоми боло қарор дорад.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG