Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хотираҳои тарснок. Дар Тоҷикистон ёди ҷанги шаҳрвандӣ силоҳ шудааст?

Ҷанги дохилии Тоҷикистон аз соли 1992 то соли 1997 идома кард ва қурбониву вайронии зиёде бар ҷой гузошт.
Ҷанги дохилии Тоҷикистон аз соли 1992 то соли 1997 идома кард ва қурбониву вайронии зиёде бар ҷой гузошт.

Як сомонаи таҳқиқотӣ менависад, ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон барои мардуми ғайринизомӣ на танҳо талафоти азиме овард, балки то ҳол мақомот онро ба ҳайси баҳонае барои пинҳон доштани ҳақиқати ҳодисаҳои он солҳо ва ҳам саркӯби озодиҳои фардӣ ва мухолифони сиёсӣ истифода мекунанд.

Сомонаи таҳқиқотии genocidewatch.com, ки ҳуқуқи инсон дар кишварҳои ҷаҳонро мушоҳида ва таҳлил мекунад, дар поёни моҳи август матлаберо дар бораи Тоҷикистон бо номи “Хотираҳои ҷанги шаҳрвандӣ: Дар Тоҷикистон дарду ранҷҳоро ба ҳайси силоҳ истифода мекунанд” нашр кардааст. Дар ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки аз соли 1992 то соли 1997 идома кард, бештар аз 50 ҳазор нафар кушта ва садҳо ҳазор каси дигар бехонумон шуданд.

“Ҷангро кӣ таҳрик додааст?”

Дар ин матлаби таҳлилӣ, ки дар остонаи 35-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон нашр шуд, вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварро арзёбӣ кардаанд. Дар он ҷумла омадааст: “Шахсиятҳои сиёсие ба мисли президент Эмомалӣ Раҳмон ҷанги шаҳрвандиро бо ҳадафи таблиғи сулҳу ваҳдат ва ҳамгироии мардум истифода мекунад. Аммо чунин паёмҳо бахусус дар давлате, ки бо фасоду нақзи озодии баён, матбуот ва гирдиҳамоиҳо маъруф аст, мазмуни манфӣ касб мекунад”.

Дар ин матлаб, аз саркӯби тазоҳурот дар Вилояти Бадахшон, ҳукми зиндони хабарнигор Рухшона Ҳакимова ва дигар журналистон, аз саҳнаи сиёсӣ берун шудани ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва чун мавридҳои возеҳи помоли ҳуқуқи инсон ёдовар шудааст.

Муаллифони матлаб гуфтаанд, мақомот дар Тоҷикистон бо ёдоварии пайваста аз даҳшати ҷанги солҳои 90-ум, талош мекунанд, ҳама гуна озодиҳову дигарандеширо саркӯб созанд. Дар гузориш омадааст: “Ҷанги дохилии Тоҷикистон чун ҳушдор аз хатари ҷангу низоъҳои дигар истифода мешавад.”

Айни замон, ба навиштаи муаллифон, иттилои дақиқу бетарафона дар бораи рӯйдодҳои ҷанги дохилӣ то ҳол дастраси мардум нест. Дар гузориш омадааст: “Китобу намоишномаҳо, филмҳои мустанаду мақолаҳо пайваста дар бораи “ҷанги таҳмилӣ” мегӯянд, вале намегӯянд, ки ин ҷангро кӣ таҳрик додааст. Ҳама гуна талоши гирифтани маълумоти дақиқ дар ин замина барои он фард бо иттиҳоми хиёнат, талоши табаддулот ва ё эҷоди беназмӣ меанҷомад. Гузашта аз ин, иттилоъ дар бораи ҷанги дохилӣ дар бойгониҳо ба таври мунтазам маҳдуд мешавад. Ҳатто дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳам ёдоварие аз ҷанги дохилӣ нест.”

Ҳамчун далели ин хулосаҳо дар арафаи иди истиқлоли Тоҷикистон даҳҳо видео ҳатто бо истифода аз ҳушвора сохта шудаанд, ки ҳарчанд сулҳу оромии Тоҷикистонро васф мекунанд, вале ҳадафи асосияшон тарс додани аҳолӣ аз ҳама гуна эътирози иҷтимоист, ки Конститутсияи Тоҷикистон ҳаққи табии мардум унвон кардааст.

“Озодии баён ҳаст?” – “Ҳаст!”

Радиои Озодӣ аз Сайфулло Сафаров, таҳлилгари сиёсӣ дар Душанбе хост, назарашро ба навиштаҳо дар genocidewatch.com баён кунад. Ӯ гуфт, ҳатто агар танқиде дар ин замина вуҷуд дошта бошад, “он хеле кам ва дар хориҷа аст”. Ӯ афзуд:

“Ҳукумат зарурат надорад, ки мардумро аз ҷанг тарсонад. Мардум худаш безор аст аз ҷанг ва намехоҳад, ки дар Тоҷикистон сулҳу субот вайрон карда шавад. Яъне ин хоҳиши мардум аст ва мардум мехоҳад, ки ҳамингуна ором бошад, ҳамингуна сулҳу субот бошад ва ҳамингуна ободиву созандагӣ дар Тоҷикистон давом кунад. Ҳеч касе тарафдори он нест, ки аз касе тарсад, на аз ҳукумат метарсад, на аз қувваҳои хориҷӣ. Узбекистону Қирғизистону Қазоқистону дигар давлатҳои ҳамсоя ҳам бо мо ҳамақида ҳастанд, ҳамфикр ҳастанд ва онҳо ҳам мехоҳанд, ки дар Тоҷикистон сулҳ бошад, то ки қувваҳои экстремистӣ ба сӯи Осиёи Марказӣ майл накунанд”.

Дар Тоҷикистон дарду ранҷҳоро ба ҳайси силоҳ истифода мекунанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Ба саволи Радиои Озодӣ, ки оё дар Тоҷикистон аз назари ӯ воқеан ҳам озодии баён ҳаст, Сафаров гуфт: “Ҳаст, сад фоиз ҳаст. Агар бовар накунед, китоби охирини Мирбобо Мирраҳимро хонед, ки мегӯяд: “Ман дар ватани худам зиндагӣ мекунам”. Шумо медонед, ки Мирбобо Мирраҳим дар ҳама ҳол гапи худро мегуфт ва бисёр танқид ҳам мекард. Ман дар ватани худам зиндагӣ мекунам ва ҳарчӣ хоҳам мегӯям ва ҳарчӣ хоҳам, чоп мекунам, кори дигарон ба ман набошад”.

Зимнан, рӯзи 8-уми сентябр ҳам президенти Тоҷикистон дар суханрониаш ба муносибати иди истиқлол хомӯш кардани “оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро” дастоварди бузург номид. Ӯ рӯзи 7-уми сентябр аз минбари Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - «Пайванд», аз ҷумла, аз фарҳанги шунидани ақидаҳои мухталиф ёдовар шуд ва гуфт: “Вақте мо ҳамдигарро мешунавем, вақте ба ақидаҳои мухталиф бо таҳаммул менигарем, вақте барои баҳс мавқеъ ва маданияти муносиби ахлоқӣ дорем ва вақте ҳадафи умумро аз эҳсоси гурӯҳӣ боло мегузорем, заминаи устувори сулҳофаринӣ муҳайё мегардад”.

Аммо дар амал ҳолате ҳукмфармост, ки одамон аз гуфтани ҳақиқат, таъсиси ҳизбу ҳаракатҳои мухолиф, ё ҳатто ҳама гуна робита бо дигарандешон метарсанд, чун мумкин аст, барои ин ҷазо гиранд.

Дар остонаи 9-уми сентябр, рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон, Радиои Озодӣ бо дархости изҳори назар ба дастовардҳо ва мушкилоти кишвар дар солҳои истиқлол ба камаш панҷ таҳлилгари тоҷик муроҷиат кард. Чаҳор нафари онҳо бо шарҳи ин ки “гуфтани ҳақиқат барои амнияти шахсии онҳо хатарнок шудааст”, аз сӯҳбат худдорӣ карданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG