Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон воқеан 11 сол таҳсил мекунанд, ё 6,8 сол?

Мактабҳои Тоҷикистон солона бештар 250 000 кӯдак қабул мекунанд.
Мактабҳои Тоҷикистон солона бештар 250 000 кӯдак қабул мекунанд.

Яке аз муассисаҳои Созмони Милал мегӯяд, Тоҷикистон талош дорад, ба низоми таҳсили 12-сола гузарад, вале дар ин роҳ ҳанӯз мушкилот зиёд аст. UNICEF ва ё Бунёди кӯдакони СММ дар гузориши наве бо номи “Насли 2050 дар Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон”, ки тоза нашр шудааст, ба насли наврас ва ояндаи онҳо тамаркуз кардааст.

Дар ин гузориш омадааст, дар Тоҷикистон омор дар бораи таҳсили бачаҳо ва хатми мактаб баланд аст, вале “таҳсили воқеӣ” ҳанӯз мушкилӣ дорад. Дар гузориш бо такя ба арзёбиҳои коршиносон гуфтаанд, дар мактабҳои кишвар як навъ “бӯҳрони омӯзиш” вуҷуд дорад, чун бисёре аз шогирдон бе дониши кофӣ ва воқеӣ аз як синф ба синфи дигар мегузаранд.

Дар гузориши ЮНИСЕФ бо такя ба таҳлили Бонки Ҷаҳонӣ гуфтаанд, ки ба ҳисоби миёна як хонанда дар мактаби миёнаи Тоҷикистон то 11 сол таҳсил мекунад, вале мӯҳлати воқеии омӯзиш 6,8 солро ташкил медиҳад. Дар он омадааст: “Ба таъбири дигар, бо сабаби пойин будани сифати таълим чаҳор соли таҳсил барабас меравад.”

Аз назари суръати хондани матн ҳам хонандагони мактабҳои Тоҷикистон ба истилоҳ мелангидаанд. Дар гузориш дар ин бора омадааст: “Танҳо 55 дар сади хонандагони синфҳои дуюми мактабҳои ҳамагонӣ дар як дақиқа 40 калима мехонанд. То синфи чаҳорум 41 дар сади хонандагон дар як дақиқа ба ҳисоби миёна 80 калима мехонанд, агарчӣ бояд 185 калима хонда тавонанд.”

Муаллифони гузориш гуфтаанд, ки беш аз нисфи хонандагони 9 ва 10-сола равон хонда наметавонанд ва ин чиз барои омӯзиши дурусти фаннҳо монеъ мешавад. Дар идома мехонем: “Айни чунин вазъият дар фанни риёзӣ мушоҳида шудааст. Як таҳқиқи сатҳи риёзиёти ибтидоӣ нишон дод, ки хонандагони синфҳои ибтидоӣ сатҳи поини донишҳои бунёдӣ доранд”.

Зарурат ба ислоҳоти фаврӣ

Ба навиштаи муаллифони гузориш, “ислоҳоти фаврӣ зарур аст”, то ки таҳсил сифатан беҳтар шавад. UNICEF менависад, дар Тоҷикистон сол то сол шумори кӯдакони мактабхон афзоиш меёбад. Соли таҳсили 2023 беш аз 260 ҳазор нафар ба синфи аввал рафтанд, ки назар ба соли пештар 60 ҳазор нафар бештар будааст. Ҳукумат 312 мактабу кӯдакистони навро бунёд карда ва ё барои таъсисашон иҷозат додааст, вале бо вуҷуди ин бисёр мактабҳо аз меъёр зиёд хонанда доранд.

Дар Тоҷикистон таҳсил то синф 9 ҳатмӣ аст, вале баъди он коҳише мушоҳида мешавад, ки далелҳои фарҳангӣ ё иқтисодӣ дорад, гуфта мешавад дар гузориш. Соли 2020 синфҳои 10 ва 11 мактабҳои ҳамагонии Тоҷикистон то 76% пур буданд, яъне тахминан чаҳоряки наврасон мактаби ҳамагониро пурра хатм накарданд. Духтарон бештар аз идомаи таҳсил даст мекашидаанд ва 48% онҳо баъди синфи 9 мактабро тарк мекунанд.

Далелҳояш издивоҷи барвақт, машғул шудан бо кори хона ва кам будани дастрасӣ ба таҳсили олӣ дар маҳалли зисти онҳо гуфта мешавад. Аз миёни писарҳо 30 дар сад аз синфи 9 мактабро тарк мекардаанд, Ба бовари муаллифони гузориш, ҳукумати Тоҷикистон бояд дар фикри ин қишри ҷавонон бошад, чун онҳо ояндаи кишвар ҳастанд.

Танҳо 35% хатмкардаҳои мактаби миёна таҳсилро дар мактабҳои олӣ идома медиҳанд ва ин омор назар ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст. Муаллифони гузориш ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додаанд, ки ба насли ҷавон таваҷҷӯҳи бештар диҳад, чун онҳо захираи арзишманди инсонии ояндаи Тоҷикистон ҳастанд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG