Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии Толибон ва Покистон. Тарафҳо аз даҳҳо кушта хабар доданд


Пас аз даргирии сангини шаби 12-уми октябр миёни неруҳои марзии Толибон ва Покистон ду тараф даъво доранд, ки ба якдигар зиёнҳои сангин ворид кардаанд.

Артиши Покистон рӯзи якшанбе эълом кард, ки дар даргириҳои марзӣ 32 сарбози покистонӣ кушта шудаанд. Покистон муддаӣ шудааст, ки беш аз 200 узви Толибон ва гуруҳҳои вобаста ба онро дар хоки Афғонистон куштааст.

Пештар Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон ин даргириҳоро “ҳамлаи интиқомҷӯёна” хонд. Муҷоҳид 12-уми октябр дар як нишасти хабарӣ гуфт, ин ҳамлаҳо дар вокуниш ба нақзи ҳарими ҳавоии Кобул ва бомборони вилояти Пактико анҷом шудааст.

Сухангӯи Толибон муддаӣ шуд, ки дар ин даргириҳо дастикам 57 сарбози покистонӣ кушта ва 35 тани дигар захмӣ шуданд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид кушта шудани 9 нафар ва захмӣ шудани 18 сарбози толибонро тасдиқ кард.

Радиои Озодӣ мустақилона иддаоҳои ду тарафро тасдиқ карда наметавонад.

Аз сӯи дигар манобеи амниятии покистон муддаӣ шудаанд, ки 20 дидбоноҳи Толибонро тасарруф кардаанд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид иддао кардааст, ки дар ин даргириҳо 20 пойгоҳи низомии Покистон аз байн рафтанд ва силоҳи зиёде ба дасти Толибон афтид.

Ба гуфтаи сухангӯи Толибон, ҳамлаҳо бо дархости Арабистон ва Қатар нимашаби 12-уми октябр қатъ шуданд.

Тибқи гузоришҳои расида, чанд сокини мулкӣ ҳам кушта шудаанд.

Вазорати дифои ҳукумати Толибон пештар эълом кард, ки неруҳои ин гуруҳ дар посух ба ҳамлаҳои ахири Покистон ва нақзи пайвастаи ҳарими ҳавоӣ ва тамомияти арзии Афғонистон, дар наздикии хатти марзии Дюранд алайҳи неруҳои амниятии Покистон амалиёт анҷом доданд.

Толибон ба Покистон ҳушдор додаанд, ки дар сурати ҳамлаи дубора ба хоки Афғонистон "посухи қотеъ" хоҳанд гирифт.

Таниш миёни Исломобод ва Кобул пас аз он боло гирифт, ки неруҳои Покистон 9-уми октябр бо ҳадафи нобуд кардани аъзои баландпояи Таҳрики Толибони Покистон ба Кобул ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом доданд.

Ба гуфтаи як мақоми амниятии Покистон ва як узви TTP, ҳадаф аз ин ҳамлаҳо Нурвалӣ Маҳсуд, роҳбари Таҳрики Толибони Покистон буд. Аммо то ҳол маълум нест, ки Маҳсуд дар ин ҳамлаҳо кушта шуд ё не.

Як манбаъ дар Таҳрики Толибони Покистон гуфтааст, роҳбарашон зинда аст, аммо ду узви "муҳим" - и ин гуруҳ кушта шудаанд. Вале ин манбаъ номи ду нафари кушташударо фош накардааст.

Ҳукумати Покистон гуфт, мақомоти Толибон ба аъзои Таҳрики Толибони Покистон (TTP) паноҳ додаанд. Толибон ин иттиҳомро рад карда гуфтаанд аз TTP дар дохили Афғонистон ҳимоят намекунанд.

XS
SM
MD
LG