Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарор содир шуд. Ба фаъолияти масҷидҳо дар Тоҷикистон иҷозат доданд


Масҷиди калони Душанбе
Масҷиди калони Душанбе

Ситоди муқобила бо коронавирус дар Тоҷикистон эълон кард, ки аз 1-уми феврали имсол ба намозгузории дастҷамъӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа, дар масҷидҳои кишвар иҷозат додааст, аммо бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ. Қарор дар ин бора рӯзи 20-уми январ содир шуд.

Бино бар он, аз намозгузорон хоста шудааст, "ҳангоми ибодат ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода кунанд", вагарна "фаъолияти масҷидҳое, ки дар онҷо талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ риоя намекунанд, манъ карда мешавад."

Ситоди муқобила бо коронавируси нав ба Кумитаи дин, Вазорати тандурустӣ ва Маркази исломии Тоҷикистон дастур додааст, ки риояи қоидаҳои беҳдоштиро дар масҷидҳо ҷиддан назорат кунанд.

Чанд соат пеш аз ин қарор Афшини Муқим, сухангӯйи Кумитаи дин дар Фейсбук навишт, бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъ ва дархости зиёди ҳамватанон ин ниҳод ба Ситод пешниҳод кардааст, то дари масҷидҳоро бикушоянд.

Масҷидҳо дар Тоҷикистон бори аввал моҳи марти соли 2020 барои ду ҳафта ва баъдан аз 18-уми апрели соли гузашта то инҷониб бастаанд. Дар пайи масҷидҳо, мактабу донишгоҳ ва бозорҳо ҳам баста шуданд, вале баъдан марҳила ба марҳила маҳдудиятҳои ҷоришуда барои мактабу бозорҳо бардошта шуданд.

Боз нашудани дари масҷидҳо аз саволҳое буд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд матраҳ мешуд. Аз ҷумла, дар як назарсанҷии ғайрирасмии Радиои Озодӣ дар Ютуб, ки "Имрӯз аз ҳама саволи асосӣ барои Шумо кадом аст?" 23 ҳазор нафар иштирок карда, 67 дарсад кай кушода шудани масҷидҳоро зикр кардаанд.

Намозгузорӣ дар масҷидҳо баъд аз он иҷозат дода мешавад, ки Вазорати тандурустӣ аз аввали имсол пайиҳам дар бораи сабт нашудани гирифторони бемории ҳамагир дар Тоҷикистон хабар медиҳад. Ҳарчанд шубҳаҳо ба омори расмӣ боқист.

Дар Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазор масҷидро расман сабтином кардаанд.

XS
SM
MD
LG