Пайвандҳои дастрасӣ

Ишқи мамнӯи Ғазал. Дар Душанбе намоиши филмҳои афғонӣ баргузор шуд. ВИДЕО


Саҳнае аз филми "Ғазал"

“Духтараки хиёбоние ҳамроҳ бо бародараш аз субҳ то шом оҳанпора ҷамъ мекунад.

Падар оҳанпораҳоро фурӯхта зиндагиро мечархонад. Ин духтараки зоҳиран 7-сола, ки бо сару рӯи чиркину мӯи жӯлида дар хиёбонҳо мегардад, ҳар бор бо дидани ҳамсолони мактабхонаш орзуи омӯхтани ҳарфҳоро мекунад.

Рӯзе чанд соат пушти тирезаи синфхонае истода аз тахтаи девор фақат калимаи обро аз худ кард. Аммо барои он ки ҳамон рӯз натавонист оҳанпораи бештар ҷамъ кунад, аз падар ҷазо гирифт. Падар ба ин фикр аст, ки ӯ бояд аз орзуи таҳсил дар мактаб даст кашад”.

Ғазал
Ғазал

Ин порае аз сюжаи филми кӯтоҳи “Об” аз коргардони ҷавони афғон Ҷалол Руҳонӣ аст, ки дар доираи намоишгоҳи “Филмҳои донишҷуёни Кобул” дар шаҳри Душанбе намоиш дода шуд. Хати сужети ин филм зиндагии сангини як навраси хиёбониро ба риштаи тасвир кашидааст, ки зиёд мехоҳад илм омӯзад ва аз кори сиёҳ дар кӯча канор равад.

Аммо падар инро намехоҳад. Филмсозон мегӯянд, муҳтавои ин филм воқеиятҳои рӯзгори духтарони наврасро дар манотиқӣ дурдасти Афғонистон инъикос мекунад. Ин ва панҷ филми дигари донишҷуёни афғонро рӯзи 12 сентябр дар толори донишкадаи санъат ва ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода намоиш доданд, ки садҳо донишҷӯву омӯзгор ва ҳунармадони синамову театр тамошо карданд. Дар намоишгоҳи якрӯзаи “Филмҳои донишҷуёни Кобул” масъулини сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ҳам ҳузур доштанд.

Самиаллоҳ Набипур, раҳбари бахши синамои донишгоҳи Кобул аст, ки ҳунари филмофарии шогирдонашро дар Душанбе муаррифӣ намуд. Ӯ рӯзи 12-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳадаф аз намоиши ин филмҳоро табодули таҷриба ва ҳамкории синамогарони ҷавони ду кишвар арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, дар доираи намоишгоҳи якруза, шаш филми кӯтоҳи донишҷуёни афғонро дар Душанбе намоиш дод. Муҳтавои аслии ин филмҳо ҳам мушкили дастрасии духтарони афғон ба таҳсил, нобаробарии ҷинсӣ дар дар ҷомеаи суннатии Афғонистон ва ҳамчунин таъсири ҷанги чандсола дар тарбия ва руҳияи наврасон гуфта мешавад.

Вай гуфт: “Шумо хуб медонед, ки Афғонистон як кишвари ноором аст ва мушкилиҳо дар миёни ҷавонон зиёд аст. Аз ҷумла бекорӣ, канор мондани онҳо аз таҳсил ва чандин мушкили дигар. Донишҷуёни мо ҳам ин ҳамаро диданду дар филм тасвир карданд”. Дар миёни филмҳое, ки дар намоишгоҳи “Филмҳои донишҷуёни Кобул” дар Душанбе ба намоиш гузошта шуд, филми коргардони ҷавони афғон Сироҷ Баёт, бо номи "Ғазал" низ буд, ки аз сӯи тамошобинон хуб пазируфта шуд.

Ин филм аз рӯзгори як ҷавондухтари афғон қисса мекунад, ки мухолифи арзишҳои ҷомеаи суннатӣ дар Афғонистон ва барои расидан ба орзуҳояш аз издивоҷи иҷборӣ бо марди аз худ солҳо бузург ва сарватманд даст мекашад ва барои зиндагии беҳтар бо дӯстписараш наздик шуда дар охир ҳам муваффақ мешавад.

Ин ҳама филмҳое ҳастанд, ки барои ҷашнвораҳои байнулмилалӣ таҳия шудаанд. Бархе тамошобинони ин филмҳо гуфтанд, ки дар осори филмсозони ҷавони афғон мавзӯи мушкилоти иҷтимоӣ, ноамниҳо, ихтилофҳои сиёсӣ ошкоро баён шудааст. Наврӯзи Сайфиддин, як донишҷӯи донишкадаи санъат ва ҳунарҳои зебои Тоҷикистон, ки филми ҳамтоҳои афғонашро тамошо кард, гуфт, талош хоҳад кард дар ин роҳ бо ҳамсолони афғонаш ҳамкорӣ ва филми муштарак таҳия кунад.

“Шояд дар онҳо мавзуӯи таҳияи филм зиёд бошад. Вале ман ҳам аллакай ду филм - яке кутоҳ ва дигаре филми ҳунарӣ сохтам. Аммо мебинам, ки дӯстони мо дар Афғонистон пешрафти бештаре доранд,” - афзуд ӯ.

"Об" ва дигарҳо. Коргардонҳои ҷавони афғон дар Тоҷикистон филмҳои худро намоиш доданд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:28 0:00

Аммо мунаққидони синамо, ки филмҳои донишҷуёни афғонро тамошо кардаанд, мегӯянд ин филмҳо аз камбудӣ холӣ нест. Як ҳунарманди тоҷик гуфт, дар ҷомеаи Афғонистон ҷавонон мушкили зиёди иҷтимоиву иқтисодӣ доранд ва таҳияи чунин филмҳо барояшон мушкил нест ва намоиши ин филмҳо дар берун аз он таъсири бештар дорад, то дар дохили Афғонистон. Мутахассисони соҳаи синамо мегӯянд, сабти филмҳо дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ осону камхарҷтар аст ва аз ин рӯ, аксар филмсозони ҷавон имрӯз ба ин масоил рӯ меоранд.

Вале гурӯҳе ҳам мегӯянд, бо вуҷуди як кишвари ҷангзада будани Афғонистон, синамои он рушди чашмгире дорад ва бо таҳияи филмҳои мустанад ва ҳунарӣ дар ҷашнвораҳои бузурги байналмилалӣ ширкат мекунад. Масъулини ин намоишгоҳи филмҳо гуфтанд, онҳо бо синамогарони Тоҷикистон дар ин хулоса расиданд, ки ҳудуди сӣ филми донишҷуёни донишгоҳи Кобул дар синамобазми “Дидор”, ки аз 16-уми октябр дар Душанбе оғоз мешавад, ширкат кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG