Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати маҳбусон. Ҷузъиёт ва вокунишҳо


Яке аз маҳбусони фавтида - Валиҷон Одинаев сокини деҳаи Бағалак буд. Ҷасади ӯро соати 1-и шаб ба наздиконаш доданд ва субҳи 8 июл дар оромгоҳи деҳа ба хок супурданд
Яке аз маҳбусони фавтида - Валиҷон Одинаев сокини деҳаи Бағалак буд. Ҷасади ӯро соати 1-и шаб ба наздиконаш доданд ва субҳи 8 июл дар оромгоҳи деҳа ба хок супурданд

Бархе хонаводаҳое, ки ҷасади азизони заҳролудшудаи худро хоксупорӣ карданд, гуфтанд, ки ин маросими дафн таҳти чораҳои амниятӣ сурат гирифт ва мақомот ба журналистон ҳаққи ҳузур дар ин маросим ва суҳбат бо мардумро надоданд.

Одами кам дар маросими ҷаноза, шитоб ба гӯрондани маҳбусони фавтида, ҳузури маъмурони интизомӣ ва намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва дастури суҳбат накардан бо рӯзноманигорон. Манзарае, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ дар ноҳияи Ҳисор диданд ва чизҳое, ки наздикони як зиндонии фавтида аз ноҳияи Данғара телефонӣ гуфтанд. Ҳолате, ки зудамалии мақомотро дар нашри хабари заҳролудшавии маҳбусон ҳамчун талоши шаффофияти кор зери соя мекашонад.

Тақрибан ба ҳамин шева субҳи 8 июл ҷасади аксар зиндониҳои фавтида дафн карда шуд. Яке аз онҳо бо нишонаҳои колбадшикофӣ ё таҳқиқи тиббии сабабҳои марг ба наздикон дода шуд. Мақомот гуфтанд, ки Додситонии кулли Тоҷикистон қазияро тафтиш мекунад.

Дар ҳамин ҳол корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ акси ҷасадеро бо нишонаҳои латукуб нашр карда, иддао доранд, ки ӯ яке аз маҳбусони фавтида аст. Аммо дар ин маврид ду номи гуногун зикр карда мешавад. Санҷиш ва тасдиқи ҳақиқати ин акс ба воситаи манбаъҳои мустақил алҳол даст надодааст.

Чӣ ҳодиса рӯй дод?

Ҳалокати 14 зиндонӣ, ки ба гуфтаи мақомот сабабаш заҳролудшавӣ будааст, вокунишҳои мухталифе ба бор овардааст. Ҷузъиёти норушани ҳодиса ба гумонҳо кашондааст, вале мақомот мегӯянд, ба тафтиши он оғоз намудаанд.

Бино бар изҳороти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, ҳодиса шаби 7 июл баъди истеъмоли нон (хлеб) рух додааст, ки ба гуфтаи мақомот, яке аз зиндониҳо ба маҳбусони дигар тақсим кардааст. Воқеа замоне рух дод, ки корвони мошинҳои махсуси интиқолдиҳандаи зиндонҳо 128 маҳбусро аз зиндонҳои Хуҷанд ва Истаравшан гирифта ба зиндонҳои Душанбе, Норак ва Ёвон интиқол медод.

Нишонаҳои заҳролудшавии зиндониҳо ҳангоми убур аз қитъаи мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб сабт шудааст. Додситонии кулл таҳқиқи ин қазияро шурӯъ карда, ҷасади зиндониҳои кушташуда ба наздиконашон барои хоксупорӣ супурда шуд. Мақомоти низоми зиндонҳо феълан барои шарҳи бештари қазия дастрас нестанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки шарҳи мақомот нобварии зиёди корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба миён овардааст.

Нонпазиҳои назди зиндонҳо

Як корманди маҳбаси рақами яки Душанбе ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар дохили зиндонҳо таҷрибаи пухтари хлеб вуҷуд дорад ва ин кор бо назардошти меъёрҳои бехатарӣ анҷом мешавад. Ӯ гуфт, маъмулан аз берун ва ё аз тарафи наздикони маҳбусҳо хлеб оварда намешавад ва маъмулан ба онҳо нони пухти миллӣ меоранд. Нони дар дохили зиндон пухташуда, ба гуфтаи ин манбаъ, аз навъи якум ва ё дуввуми орд пухта мешавад. Ӯ гуфт, ки чӣ гуна ин нон заҳролуд шудааст, маълум нест ва ин саволи аслиест, ки ҳоло бояд мақомот ба он посух бидиҳанд.

Ҳодисаи мазкур ду моҳ баъди ошӯби пурқурбонии зиндони Ваҳдат ва ҳашт моҳ баъди ошӯб дар зиндони шаҳри Хуҷанд рух медиҳад, ки дар ин ду ҳодиса беш аз 50 нафар ҷон доданд ва мақомот масъулияти ин ҳодисаҳоро ба дӯши маҳкумшудаҳо барои ифротгароӣ вогузор карданд. Ҳанӯз ба ин ду ҳодисаи баҳои ниҳоии ҳуқуқии додгоҳӣ дода нашудааст ва ҳамчунин гурӯҳ ё созмонҳои мустақил имкони таҳқиқи бетараф ва мустақили ин ҳодисаҳоро надоранд.

Экспертизаи тиббию судии ҷасади Ҳайдаров

Наздикони Некрӯз Ҳайдаров, яке аз маҳбусони 19-солаи ҳалокшуда дар ҳодисаи дирӯза мегӯянд, ӯ шаш моҳи пеш ба панҷ соли зиндон маҳкум шуда буд. Ин сокини деҳаи Корези ноҳияи Данғара ҳамагӣ 20 сол дошт.

Яке аз наздикони зиндонии ҳалокшуда рӯзи 8-уми июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Некрӯз якуним соли пеш ба сафи артиш рафт, вале барои як ҷанҷол ӯро ба панҷ соли зиндон маҳкум карданд.

Дар ҳоле, ки падари Ҳайдаров дар паи фоҷеаи рухдода имкони сӯҳбат карданро надошт, Айниддин Маҷидов, раиси маҳаллаи Корези ноҳияи Данғара дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади Некрӯзро ба онҳо намояндагони ҳукумати ноҳия доданд. Маҷидов мегӯяд, дар бадани Некрӯз Ҳайдаров ягон осори захм дида намешуд. Танҳо, ба гуфтаи раиси маҳалла, дар бадани ӯ осори колбадшикофӣ ваё экспертизаи тиббию судӣ дида мешуд.

Дар ҳоле, ки бисёр сокинони Тоҷикистон ҳатто дар ҳолати марги мармузи наздикон бо андешаҳои динӣ намехоҳанд ҷасади наздиконашон колбадшикофӣ шавад, ҳуқуқшиносон мегӯянд, ин муқаррарот барои дақиқ муайян кардани сабабҳои марги инсон хеле муҳим аст.

Валиҷон Одинаев бояд соли оянда ба озодӣ мебаромад

Валиҷон Одинаев, сокини деҳаи Бағалаки шаҳри Ҳисор яке дигар аз қурбониҳои заҳролудшавии гурӯҳии зиндониҳо буд. Ӯро субҳи 8 июл дар оромгоҳи зодгоҳаш – деҳаи Бағалаки шаҳри Ҳисор ба хок супурданд. Наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки зимни шиносоӣ бо ҷасади Валиҷон Одинаев ҳеҷ осори зарбу шатм дар бадани ӯ мушоҳида нашуд, вале бо ин вуҷуд, мақомот ба онҳо иҷоза надоданд, ки бо расонаҳо сӯҳбат кунанд.

Сокинони деҳаи Бағалак ба маросими дафни Валиҷон Одинаев мераванд
Сокинони деҳаи Бағалак ба маросими дафни Валиҷон Одинаев мераванд

Валиҷон Одинаеви 42-сола соли 2014 бо ҷурми тамос бо гурӯҳҳои тундрав ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ мебоист соли оянда озод шуда, ба хонаи худ бармегашт. Ҷасади ӯро соати яки шаби 8 июл кормандони раёсати зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон ба наздиконаш супориданд. Дар шарҳи расмии сабаби марги Одинаев мақомот гуфтанд, ки ӯ ҳангоми интиқолёбӣ аз маҳбаси Хуҷанд ба Душанбе барои идомаи ҷазо дар роҳ аз заҳролудшавӣ фавтидааст.

Яке аз наздикони Одинаев бо изҳори таассуф ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомот тақозо карданд, ки дар ин бора бо хабарнигорон сӯҳбат накунанд. Ба гуфтаи ин мард, Валиҷон Одинаевро мақомоти интизомӣ соли 2014 аз манзилаш боздошт карда буданд. То боздошт бародараш дар бозори шаҳри Ҳисор саррофӣ мекард.

Наздикону ҳамсоягон ба хонаи моматзадаи Одинаевҳо омада буданд. Акбар Шарипов, яке аз ҳамсояҳо, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ин шахс чаҳор духтари ноболиғ боқӣ мондаанд. Ба гуфтаи Акбар Шарипов, Одинаевро ҳамчун як “инсони ботамкину хубе” дар ёд дорад, ки дар бозор кор мекард ва ба бовари ӯ, дар деҳа касе “дар борааш наметавонад ҳарфи баде гӯяд».

Онгуна, ки бисёриҳо дар деҳаи Бағалак аз марги ногаҳонии Одинаев ва дигарҳо дар тааҷҷубанд, бисёриҳо дар Тоҷикистон дар бораи ҷузъиёти ин ҳодиса саволи зиёд доранд. Аз ҷумла, ин ки чӣ гуна нони заҳролудшуда метавонист ба дасти зиндониҳо афтад? То куҷо ин ҳодиса тасодуфӣ буд ё тарҳрезишуда? Вапайомади он ба манфиати кӣ буда метавонад?

Мақомоти низоми зиндонҳо ва сохторҳои дигари интизомии кишвар барои дарёфти посух ба ин саволҳо рӯзи 8 июл дастрас набуданд.

Назарҳо: Интиқол дар гармии шадид ва беназорат мондани нон

Маҳмурод Одинаев, ки падари як зиндонӣ аст ва ин саволро матраҳ мекунад, ки чӣ тавр зиндонбонҳо аз заҳрогин будани нони истеъмолии зиндониҳо бехабар монданд? Илова ба ин, ӯ гуфт: «Дар асл тибқи муқаррарот интиқоли маҳбусон дар ҳавои гарми беш аз 40 дараҷа роиҷ нест. Гузашта аз ин, зиндонбонҳо ва хадамоти амниятӣ чӣ гуна иҷоза додаанд, ки маҳбусон бо худ нони заҳролудшударо бигиранд?».

Аз сӯи дигар, Ойниҳол Бобоназарова, роҳбари созмони ғайридавлатии «Перспектива +” мегӯяд, ки будҷаи нигоҳубини зиндониҳо дар Тоҷикистон сиррӣ аст, ҳарчанд ба иттилои вай, барои нигоҳубини ҳар як зиндонӣ дар кишвар аз будҷаи кишвар барои як рӯз 10 сомонӣ ихтисос мешавад. Хонум Бобоназарова афзуд:

Ойниҳол Бобоназарова дар гузашта аз шароити зиндонҳои Тоҷикистон дидан кардааст
Ойниҳол Бобоназарова дар гузашта аз шароити зиндонҳои Тоҷикистон дидан кардааст

«10 сомонӣ ҳам барои хӯрок аст ва ҳам барои нигоҳубини онҳо. Магар бо ин маблағ зиндониҳо метавонанд ғизои зарурӣ бихӯранд? Ба ин далел, дар атрофи ҳар зиндон бозорчаҳое ташкил шудааст, ки наздикони маҳбусон аз он ҷо хӯрокворӣ харидорӣ карда, ба наздиконашон дар зиндон бидиҳанд. Ин аст яке аз сабабҳои исёнҳои ахир дар зиндонҳои шаҳри Хуҷанд ва Ваҳдат».

“Табиб: Аз хӯрдани нон одам намемурад, агар...”

Дар ҳоле, ки сабаби марги якбораи зиндониҳо истеъмоли нонии заҳролудшуда гуфта шудааст, бархе табибон инро зери шубҳа мебаранд.

Яке аз табибони таҷрибадори соҳаи заҳролудшавӣ дар тиб дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, инсон аз хӯрдани нон метавонад заҳролуд шавад, аммо ин масмум шудан дар аксар ҳолат кушанда нест.

Ин табиб, ки дар яке аз беморхонаҳои Душанбе кор мекунад ва намехоҳад исмаш бурда шавад, гуфт, дар робита ба ҳалокати маҳбусон ду ҳолат метавонад пеш ояд: ё гандуми тозанашуда орд карда шудааст ё ба хамири нони маҳбусон маводи заҳрдоре илова шудааст.

“Дар даруни гандум чандин растаниҳои заҳролуд, ба монанди гелиотроп мерӯяд. Ҳамонро тоза накарда орд кунанд, одамро заҳролуд мекунад. Аммо бо як тика аз ин нон одам ба ҳалокат намерасад. Танҳо агар аз он нон давоми чанд рӯз истеъмол кунад, заҳр метавонад ба организм зиёд ворид шуда, шикам дам шавад ва пасон бемор бимирад,” - шарҳ дод духтур.

Ба гуфтаи ин табиби тоҷик, ҳолати марг метавонад инчунин дар натиҷаи заҳролуд шудани хамири нон аз роҳи ворид кардани маводи иловагии химиявӣ бирасад. “Нон одамро заҳролуд намекунад, агар ягон чизи зиёдатӣ надошта бошад. Яъне агар ягон маводи химиявӣ надошта бошад, одам намемурад,” - гуфт табиби тоҷик.

Ҳодисаҳои ҳалокати одамон пас аз истеъмоли нон дар Тоҷикистон қаблан низ рух дода буд. Аз ҷумла соли гузашта наздики 40 нафар аз сокинони ноҳияи Ишкошим пас аз хӯрдани нон заҳролуд шуда буданд, аммо ҳамаи онҳо баъди муроҷиати саривақтӣ ба духтур ҷон ба саломат бурданд. Мақомот он вақт гуфта буданд, ин сокинон дар пайи хӯрдани ноне заҳролуд шуданд, ки дар таркиби гандумаш рустании "гелиотроп" дошт.

Иззатулло Шарифзода: Таҳқиқ ҳамаро рӯшан хоҳад кард

Иззатулло Шарифзода, раиси собиқи низоми зиндонҳои Тоҷикистон, ки тирамоҳи соли 2018 баъди ошӯб дар зиндони Хуҷанд аз мақомаш канор рафт, дар посух ба саволи хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодисаи “заҳролудшавӣ аз ғизо” на танҳо дар таърихи низоми маҳбасҳои Тоҷикистон, балки “умуман дар ҷумҳурӣ” бесобиқа аст. Шарифзода гуфт, ки аз ин хабар тоза огаҳ шудааст ва бовар дорад, ки танҳо таҳқиқоту санҷишҳои мунсифонаи мақомоти тафтишотӣ бояд сабаби воқеии сар задани ин ҳодисаро шарҳ бидиҳад.

Иззатулло Шарифзода то тирамоҳи порсол раиси сараёсати зиндонҳои Тоҷикистон буд ва баъди ошӯб дар маҳбаси Хуҷанд аз кор канор рафт
Иззатулло Шарифзода то тирамоҳи порсол раиси сараёсати зиндонҳои Тоҷикистон буд ва баъди ошӯб дар маҳбаси Хуҷанд аз кор канор рафт

Ба савол дар бораи муқаррароти интиқоли гурӯҳи калони зиндониҳо аз вилояти Суғд ба маркази ҷумҳурӣ Шарифзода, ки 15 сол дар мақоми раиси зиндонҳо кор кардааст, гуфт, чунин таҷриба нав нест, “бар асоси низомнома ва муқаррарот” сурат мегирад ва дар роҳ мошинҳои махсуси интиқолдиҳандаи зиндониҳоро маъмулан дигар сохторҳои масъул, аз ҷумла, мошинҳои ёрии таъҷилӣ ҳам ҳамроҳӣ мекунанд.

Рӯзи 8 июл ба вебсайти "Азия-Плюс" як мутахассиси соҳа гуфт, ки интиқоли зиндониҳо бо мошинҳои махсус аз Суғд ба марказ "иштибоҳ буд" ва онҳо бояд дар қаторҳои махсус интиқол меёфтанд.

Ӯ гуфт, интиқоли якбораи шумори зиёди зиндониҳо аз вилояти Суғд то Душанбеву манотиқи атрофи марказ, ба гуфтаи Иззатулло Шарифзода, метавонад бо он сабаб сурат гирифта бошад, ки дар зиндонҳои шимоли Тоҷикистон шумори маҳбусон зиёд шуда бошад.

Вале як масъули Маҳбаси рақами аввал гуфт, ки интиқол ё худ этап кардани маҳбусҳо замоне сурат мегирад,ки агар дар зиндон гуруҳ ташкил шавад ва барои чунин иттиҳодро пароканда намудан, қисме аз зиндониён ба маҳбасҳои дигар фиристода мешавад. Сониян, маҳбусҳое, ки тартибу низомро пайваста вайрон мекунанд, ба маҳбаси низомаш сангинтар гузаронда мешаванд. Сеюм, маҳбусон барои наздикӣ ба маҳалли зисти хонаводаҳояшон ба маҳбасҳое фиристода мешаванд, ки волидонашон тавонанд, зуд-зуд аз онҳо хабар бигиранд ва барояшон ғизо биёранд.

Азамат Шамбилов: Муқаррароти интиқоли маҳбусон дар мошинҳо аз замони шӯравӣ нав нашудааст

Азамат Шамбилов, як фаъоли ҳуқуқ ва намояндаи созмони "Penal Reform", ки ба иҷрои барномаҳои ислоҳот дар маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ машғул аст, гуфт, ғизо ва интиқоли маҳбусон дар нақлиёти вижа аз масоилест, ки ба амнияти зиндониҳо рабт мегирад.

Ба гуфтаи ӯ, масъулияти амнияти ғизо, дар сурати аз ҷониби хешовандон таъмин шудани он, баробар ба дӯши ҳам мақомоти зиндонҳо ва ҳам худи зиндониҳо мебошад. Ӯ гуфт, бисёр вақт хешовандоне, ки барои наздиконашон ба маҳбас ғизо, аз ҷумла нон интиқол медиҳанд, онро на худи ҳамон рӯз, балки ҳадди аққал як рӯз пеш додаанд, аз ҳамин хотир он наметавонад аз назари меъёрҳои санитарӣ тоза ва пурра безарар бошад. “Вале ин масъулияти мақомоти зиндонҳо аст, ки пеш аз истеъмоли он аз ҷониби зиндониҳо амният ё безарар будани нонро бисанҷанд”. Ӯ гуфт, дар ҳавои гарму доғе, ки Тоҷикистон дорад, ҳатто дар як рӯзи дар гармӣ истодани ғизо метавонад хатарнок шавад.

Ӯ гуфт, моҳи марти соли 2018 дар як зиндони вилояти Костанайи Қазоқистон ҳам якбора даҳ зиндонӣ бар асари истеъмоли ғизо заҳролуд шуда ҷон доданд. “Ҳоло дар Тоҷикистон ва дигар минтақаҳо зарурати ҳаётии бозбинии шароити санитариву тозагии қабул ва ҳифзи ғизо вуҷуд дорад. Бахусус, ҳангоми интиқоли маҳбусон аз як макон ба макони дигар меъёр ё стандартҳои махсуси интихоби навъи ғизо ва тарзи ҳифзу таъмини бехатарии он вуҷуд дорад”. Ӯ гуфт, навъи ғизоҳое, ки зимистон ҳифзу истеъмол мешаванд, шояд ба мавсими тобистон мувофиқат накунанд ва баръакс ва ин чизҳо бояд риоя шаванд.

Азамат Шамбилов дар идома гуфт, ки мавзӯи интиқоли зиндониҳо дар мошинҳои вижа ё “автозак” дар Тоҷикистон ва бархе кишварҳои дигар бояд комилан бозбинӣ шавад, чунки, ба гуфтаи ӯ, “мутобиқ ба меъёрҳои роҳуфтода дар замони шӯравӣ” сурат мегирад. Ба гуфтаи вай, ин мошинҳо вобаста ба “чигунагии маҳкумшуда ва шумори зиндониҳо” фарқ мекунанд ва тавони интиқоли аз 4-5 зиндонии махсусан хатарнок то гурӯҳии 20-40-нафарӣ фарқ мекунанд. “Ман шахсан ин мошинҳоро дар Тоҷикистон надидаам, вале медонам, ки дар ин кишвар методи интиқоли маҳкумшудаҳо аз рӯи намунаҳои даврони шӯравӣ ба кор меравад”. Ӯ гуфт, дар миёни камбудиҳои низоми пешинаи тарзи интиқоли зиндониҳо, ки дар Осиёи Марказӣ амал мекунад – якҷоя бо мардон интиқол додани занони маҳкумшуда ваё дар дохили қаторҳо интиқол додани зиндониҳо бидуни риояи меъёрҳои санитариву беҳдоштӣ мебошанд.

Ба иттилои Шамбилов, дар таърихи зиндонҳои кишварҳои дигар ҳодисаҳои ғайримуқаррарӣ ваё фоҷеаборе рух додаанд, ки бо иштироки худи зиндониҳо сар задаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар бархе кишварҳо раҳбарони ҷаҳони ҷиноӣ ё авторитетҳо аз роҳи ташкили ҳодисаҳои фавқулодда талош мекунанд нуфузи худро дар зиндонҳо тақвият диҳанд. Чунин ҳодисаҳо “ба нафъи зиндониҳо аст”, ки аз роҳи беобрӯ кардани маъмурияти зиндонҳо ва намояндагони давлат ҳадафҳои худро пиёда мекунанд.

Ба ҳар сурат, ба гуфтаи Шамбилов, то замоне, ки ҳодисаи марги гурӯҳии зиндониҳо дуруст, пурра ва ҳамаҷониба таҳқиқ нашавад, арзёбӣ кардани ҳодиса ва баҳо додан ба кори мақомот имкон надорад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG