Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро DHL дубора дар Тоҷикистон фаъол нашуд? ВИДЕО


Мақомоти "Почтаи Тоҷик", идораи тобеи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар рӯзи ҷаҳонии почта гуфтанд, ки чаро ширкатҳои байналмилалии DHL, UPS ва TNT натавонистанд дигарбора дар кишвар худро сабтином кунанд. Рӯзи ҷаҳонии почта ҳар сол 9-уми октябр таҷлил мешавад.

Ин се почтаи байналмилалӣ се сол пеш ба далели гӯиё ҷавобгӯ набудан ба талабот аз ҳаққи кор дар ҳудуди Тоҷикистон маҳрум шуданд. Намояндагони ширкатҳо чунин рафтори Тоҷикистонро нодуруст шумурданд ва вокуниши сокинону баъзе кишварҳои ғарбӣ асосан манфӣ буд.

Ҷиёнхон Ёралиев, раиси ширкати "Почтаи тоҷик", рӯзи 9-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ба сабти номи дубораи почтаҳои байналмилалӣ дар кишвар розӣ буданд, "агар ширкатҳо шартро мепазируфтанд". Яке аз шартҳои ҷониби Тоҷикистон ин будааст, ки почтаҳои байналмилалӣ танҳо бо хидматрасонӣ дар Душанбе ва Хуҷанд маҳдуд нашаванд ва номаҳову бастаҳои мардумро ба ноҳияҳои дурдасте ба мисли Кӯҳистони Мастчоҳ ва Мурғоб низ расонанд.

Пештар намояндагони ширкатҳои байналмилалии муросилотӣ ишора карда буданд, Хадамоти алоқа барои сабти дубора шартҳое гузоштааст, ки иҷрояш номумкин аст. Аммо ҷузъиёташро ошкор накарда буданд. Феълан назари онҳо ба ин масъала дастрас нест.

Аммо Ҷиёнхон Ёралиев гуфт, "расондани номаву бастаҳо ба ноҳияҳои дурдаст гарон меафтад, ки шояд ба фоидаи молиашон нест. Онҳо мегӯянд, танҳо дар Душанбе ва Хуҷанд кор карданӣ ҳастанд. Мо ба ин розӣ шуда наметавонем. Шаҳрвандони мо ҳуқуқи баробар доранд ва бояд хадамоти ҳар ширкат дар ҳама минтақаҳои кишвар дастрас бошад."

"Почтаи тоҷик" баъд аз баста шудани почтаҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон дар бозори номакашонӣ берақиб монд ва ё ба истилоҳи дигар монополист шуд. Якбора баста шудани почтаҳои байналмилалӣ сокинонро, ки аз онҳо бештар барои фиристодани санад ба хориҷи кишвар истифода мекарданд, ба мушкил дучор кард.

Ду нигоҳ ба фаъолияти почта

Мунтақидон мегӯянд, ҳоло ин ширкат бастаҳои онҳоро бо чанд рӯз таъхир ба хориҷ мерасонад. Сокинони дигар мегӯянд, фарқи “Почтаи тоҷик” аз почтаҳои байнамилалиро эҳсос накардаанд.

Моҳнисо Сафарова, як донишҷӯи тоҷик дар Олмон гуфт, ду сол пеш бо айби “Почтаи тоҷик” аз таҳсил қафо монд. Вай нақл кард, ки ҳангоми супурдани ҳуҷҷат дар як донишгоҳи Олмон санади муҳиме аз Тоҷикистон барояш лозим шуд, вале 13 рӯз дер ба дасташ расид.

Нурулло Ҳамидов, ҷавони дигар, гуфт, “як дафъа аз хидмати “Почтаи тоҷик” истифода кардам ва номаҳоямро дар вақташ расонд. Рости гап, ду сол боз ба воситаи ҳамин почта ба Русияву Молдова ҳуҷҷат мефиристам ва қаноатманд ҳастам.”

Аммо Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, бо бастани почтаҳои байналмилалӣ сокинон аз ҳаққи интихоб маҳрум шудаанд. Вай гуфт, агар “Почтаи тоҷик” кори хуб мекард, ниёз ба бастани почтаҳои байналмилалӣ намемонд ва ин ниҳод ҳамчун як рақиби беҳтар муштариёнро ба худ ҷалб мекард.

Таҷриба: Сангпушт аз “Почтаи Тоҷик” тез ҳаракат мекунад

Аммо танҳо фиристодани асноду бастаҳо аз Тоҷикистон ба хориҷа ягона мушкили “Почтаи тоҷик” нест. Баъзе аз корафтодаҳо мегӯянд, ин идора, ки имсол ба таъсисаш 95 сол пур шуд, дар фиристодани номаҳо аз як минтақа ба минтақаи дигари кишвар низ мушкил дорад.

Саодат Розиқзода, хабарнигори нашрияи “Тоҷикистон” ҳам мегӯяд, як таҳқиқи ӯ нишон дод, ки кори ширкат дар дохили кишвар чандон хуб нест. Вай афзуд, соли гузашта ба чаҳор нафар дар чаҳор гӯшаи Тоҷикистон мактуб фиристод ва шоҳиди чунин ҳол шуд:

“Почтаи тоҷик” мактуби маро ба вилояти Суғд дар ду моҳ расонд ва ба вилояти Бадахшон – дар чаҳор моҳ. Бо гузашти як сол ҳанӯз мактуби ман ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон нарасидааст. Номаамро ба деҳаи Лучоби ноҳияи Варзоб, ки аз Душанбе то он ҷо ҳамагӣ 18 километр роҳ аст, дар 72 рӯз расонданд. Ин вазъиятро бо ҳаракати сангпушт муқоиса кардам. Сангпушт 18 километрро дар панҷ рӯз тай мекунад.”

Ҷиёнхон Ёралиев, раиси ширкати “Почтаи тоҷик” гуфт, аз таҳқиқи хабарнигор огоҳ аст ва ин мушкил, ба қавли ӯ, ҳал шудааст.

Видео: Рӯзгори хаткашоне аз ноҳияи Рӯдакӣ:

Майрам Шомаҳмадова - хаткашоне аз ноҳияи Рӯдакӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00

Чизе, ки ҳоло мақомоти “Почтаи Тоҷик” бо дили пур гуфта метавонанд, афзоиши даромади онҳо дар се соли ахир ва баъд аз баста шудани почтаҳои байналмилалӣ будааст. Барои намуна, соли гузашта “Почтаи Тоҷик” 8,3 миллион сомонӣ даромад дидааст, ки дар муқоиса ба соли 2017-ум 2,8 миллион сомонӣ бештар аст.

Коршиносон мегӯянд, агар ширкат босуръат ва муназзам кор мекард, шояд аз ин дида фоидаи бештар мегирифт. “Ҳамчунин ба навиштаи сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ниёз намемонд, ки тақрибан ҳар рӯз одам мекобанд то номаву бори худро аз Тоҷикистону ба Аврупову Амрико, Русия ва Қазоқистон фиристанд ё аз онҷо бигиранд”, -- хулоса кард як ҳамсуҳбати мо.

XS
SM
MD
LG