Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Мирзо Боқизода, ҷӯяндаи сарчашмаи абадият. ВИДЕО


Мирзо Боқизода, шоир ва файласуфи тоҷик

Шоир ва андешманди тоҷик Мирзо Боқизода рӯзи 15-уми сентябр дар 75-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Ӯ аз худ ашъор, андарзу таронаҳо, ҳадисҳои манзум ва эссеҳои фалсафие ба мерос гузошт, ки барои адабиёти тоҷик нодир ва ҳамзамон мураккаб дониста мешаванд.

Даргузашти Мирзо Боқизода ногаҳонӣ буд. Шаби пеш аз марг ӯ дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон бо кормандони бахши фалсафа гуфтугӯе дошт, сипас дар макони дӯстдоштааш, чойхонаи машҳури "Роҳат", бо чанде аз дӯстонаш шом хӯрд ва чун ҳамеша аз адабиёт, таърих ва фаслсафа суҳбат кард. Паём дод, ки ба охирин фасли китоби саввуми "Ҷовидоннома"-аш расидааст ва ба зудӣ онро веросторӣ ва мунташир хоҳад кард. Баъд ба манзилаш баргашт.

Субҳ аз хоб бедор шуда, чун ҳамеша машқи бадан кард, чун шахси варзишкоре буд ва гоҳе ки сари навиштан нишаст, ҷон ба ҷонофарин таслим намуд. Китоби охиринаш нотамом монд.

Риштаи умри шоире гусаста шуд, ки дар афкору осори бисёре аз адибони тоҷик таъсиргузор буда, онҳоро ба сӯйи адабиёти андешмандона ва дорои паёмҳои умумибашарӣ савқ додааст. Касе, ки адабиётро пеш аз ҳама дониш, фалсафа ва ҷустуҷӯи моҳияти зиндагии инсон медонист. Фарде чашм аз дунё баст, ки дар ҳаёташ сахтиҳо ва нокомиҳои зиёд дид, аммо ҳаргиз ба ҳеч касу ҳеч чиз тан надода, то охир бо роҳи худ рафт.

Даргузашти Мирзо Боқизода, ҷӯяндаи сарчашмаи абадият
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:16 0:00

Дӯстонаш, ки шаби гузашта сари як миз суҳбати илмӣ доштанд, субҳ аз хабари марги шоир ҳайратзада шуданд, вале ҳамин гуна маргро вижаи шахсияти ӯ донистанд. Онҳо мегӯянд, Мирзо Боқизодаи солхӯрдаву бемору бистарӣ барояшон ғайрипиндоштанист.

Аз оғози ин роҳи сангин Мирзо Боқизода даст ба навҷӯӣ ва навоварӣ зада, печидагиҳои руҳ ва ақли инсон, таъйиноти азалии он, таҳқиқи асрори нерӯи ботинӣ ва марзҳои шинохти ин нерӯмандӣ, ирода ба некӣ ва бадӣ дар вуҷуди инсон ва масъалаҳои монанди инро ба риштаи назм кашид. Ин майл ва сабки ӯ зери таъсири осори машҳур ва як замон мамнӯи фалсафаи Шарқу Ғарб шакл гирифта, дар замони Шӯравӣ сабаби танқидҳои шадиди нақди сиёсатзада гардид ва бо ин роҳи ӯ ба арсаи расмии адабиёт ё адабиёти расмӣ баста шуд.

Мунаққидон ӯро ба душворбаёнӣ ва фурӯ рафтан ба афкори беш аз ҳад амиқу сангину саргиҷкунанда ва он ҳам бо забону баёни барои бисёриҳо душворфаҳм айбдор карданд. Аз ҷумла, танҳо номи китоби нахустини ӯ -- "Ҳамосаи модар ва кӯдак" дар соли 1984 баҳси доманадореро ба бор овард ва Нависандаи Халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ зидди вожаи “ҳамоса” садо баланд намуда, шиква кард, ки адибони ҷавон забонро пур аз калимаҳои форсӣ ва дарӣ кардаанд.

Ин баҳс имкон надод, нақди адабӣ ба муҳтавои китоби кӯчаке таваҷҷуҳ кунад, ки зода шудану камол ёфтан ва мурдани инсонро ба тасвир гирифта буд ва дар замони мадҳу санои сиёсати Ҳизби коммунист ҳеч сатре дар ситоиши саромадони ин сиёсат надошт.

Дар китоби дувумаш -- "Нуқтаи нур" (1986) шоир ба розҳои рӯҳи инсон руҷуъ кард ва бардоштҳояшро аз фалсафаи Ҷалолиддини Балхӣ, Муҳаммад Иқбол, Фридрих Нича, Алберт Камю ва пешкисватони дигари назму насри фалсафиро якҷо бо дидгоҳҳои худ дар миён гузошт.

Баъд аз он як фосилаи дарозе пеш омад, ки Мирзо Боқизода менавишт, аммо асарҳояшро мунташир карда наметавонист. Вай дар рӯзномаи машҳури “Маориф ва маданият” кор мекард ва ба андозаи зиёд зери ҳимояти муҳаррири маъруф “Қаҳрамони Наврӯз” Бӯринисо Бердиева қарор дошт, ҳарчанд сари бархе аз масъалаҳо бо раҳбари худ вориди баҳсҳои тунд мешуд. Бо тақсим шудани ин нашрия, ки як талоши Ҳизби коммунист барои пароканда кардани ҳайати дигарандеши он буд, Мирзо Боқизода ба бахши дувуми он -- “Маданияти Тоҷикистон”, дертар “Адабиёт ва санъат”, гузашт, аммо ин ҷо ҳам ҷойгоҳи дилхоҳашро пайдо накард ва дигарбора ба бахши Бердиевагии нашрия – “Газетаи муаллимон”, дертар “Омӯзгор” баргашт.

Шахси озодманиш афкору андешаи худро, ки бо аксари кулли адибону рӯзноманигорон фарқ мекард, пинҳон намедошт ва дар баҳсҳои чойхонаи “Роҳат” ё сари хиёбонҳо сухани дилашро мегуфт. Аз ҷумла, боре дар соли 1981 баробари ҳайкали Ленин дар майдони марказии Душанбе истода мегуфт: "Эй бут! Мерасад рӯзе, ки ба гардани ту ресмон хоҳанд андохт ва туро аз ин поя сарнагун хоҳанд кард!" Расо пас аз даҳ сол ин пешбинии ӯ амалӣ гашт.

Дар суҳбатҳо ӯ аз китобҳое нақли қавл мекард, ки хонданашон дар Иттиҳоди Шӯравӣ манъ буд. Ба эҳтимоли зиёд ошкорбаёнии ӯ сабаб гашта буд, ки ба кор, пешрафт ва пазируфта шуданаш ба Иттифоқи нависандагон ва ҳамчунон нашри осораш моенаҳо эҷод шаванд.

Дар ғояти тангдастиҳои рӯзгор Мирзо Боқизода хост, бо кори тарҷумонӣ дар Афғонистон вазъи зиндагияшро беҳтар кунад. Аммо кори ӯ дар кишвари ҳамсоя, ки он замон аз тарафи Шӯравӣ ишғол гашта буд, дер давом накард. Пас аз ду моҳи кор дар натиҷаи сияҳномаҳои адибони дигар ӯ ҳамчун “шахси ғайри қобили эътимод” аз Афғонистон бозхонда шуд ва маҷбур гашт, ба ҳамон шеваи пешинаи зиндагӣ идома диҳад. Аммо худро шикастарӯҳ нишон намедод ва шукр мекард, ки дар ин сафари кӯтоҳ ба Афғонистон аз он ҷо даҳҳо китоби нодир бо худ овардааст.

Чун навиштаҳои худаш ба чоп намерасиданд, даст ба тарҷума зад ва дар соли 1989 беҳтарин суханони Лев Толстойро дар як маҷмуаи "Андарзнома" ба табъ расонд, ки симои комилан дигареро аз ин нависандаи машҳури рус ба намоиш гузошт ва таваҷҷуҳи бештареро ба осори ӯ ҷалб намуд.

Фурӯпошии равиши зиндагӣ, ҷанги хонагии Тоҷикистон ба ӯ таъсири амиқ гузошт. Мегуфт, барояш тасаввурнопазир буд, ки тоҷик даст ба ҷони тоҷик мезанад. Бо ин ҳам ӯ гушанишин нашуд, ҳамоно дар макони дӯстдоштааш бо ҳамандешони худ баҳсҳо мекард. Меоранд, ки боре як гуруҳ силоҳбадастон вориди чойхона мешаванд ва дар табақаи боло ба айшу мастӣ мепардозанд. Мирзо Боқизода аз поён ба онҳо дашноме мефиристад, ки кадоме аз онҳо мешунавад ва давида поён меоянд ва аз гиребони шоир мегиранд. Шарикони Мирзо ба сахтиҳое ӯро аз дасти силоҳбадастон раҳо мекунанд.

То соли 2000 ӯ ба навиштани силсилаи эссеҳои фалсафӣ машғул монд ва онҳоро дар китоби панҷҷилдаи "Фурӯғи хирад" ба нашр расонд. Ва баъд аз ин жанри мазкурро меҳвари баёни андеша ва бинишҳои худ қарор дода, се ҷилди бузургҷаҳмро зери номи умумии "Ҷовидоннома" мунташир кард. Дӯсти ӯ, файласуфи машҳур Комил Бекзода мегӯяд, бо рафтани Мирзо Боқизода як марҳалаи андеша ва ҷустуҷӯҳои фалсафӣ дар кишвар ба поён расид.

Мирзоамон Боқиев (Мирзо Боқӣ, Мирзо Боқизода 19-уми декабри соли 1944 дар деҳаи Эсизи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба дунё омада, пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар нашрияҳои кишвар кор кардааст. Чанд сол сармуҳаррири нашриёти «Бухоро» буд. Ӯ инсонро як вуҷуди худогоҳ, асил, офаранда, дорои иродаи мустақил, «худ»-и озод, ҷавҳари навъи шариф, қудрати хориқулода тавсиф намудааст. Вай ба ин буд, ки ҳеч чиз азизтар аз озодию огоҳӣ ва ҳеч чиз шоистатару волотар аз хирад нест. Ӯ 16-уми сентябр дар зодгоҳаш ба хок супурда мешавад.

Шарҳҳоро бинед (18)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG