Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дили пиряхҳои Тоҷикистонро шикофтаанд, то иқлими гузаштаро омӯзанд


Дар ҳоле ки обшавии босуръати пиряхҳо ба як мушкили доғ табдил шудааст, гурӯҳе аз олимони хориҷ ва дохили Тоҷикистон ба таҳқиқи намунаҳои умқи ин пиряхҳои нодир даст задаанд.

Рӯзи 14-уми октябр дар Душанбе лаҳзаи супурдани ду намунаи мағзи пиряхҳои нодири кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ба донишмандони байналмилалӣ барои таҳқиқ ва ҳифз кардан, сурат гирифт. Пораҳо аз қаъри беш аз 100-метрии пиряхҳо ва дар баландии 5 ҳазору 800 метр пас аз анҷоми як экспедитсия ба даст омадааст. Томас Сакс аз донишгоҳи Фрибурги Швейтсария, ки бевосита дар ин экспедитсия ширкат намудааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, омӯзиши намунаи пиряхҳо ба бисёр пурсишҳои илмӣ посух хоҳад дод.

«Ин аввалин намунаи қаъри пирях барои илми мо аст, яъне мо яке аз вазифаҳои мушкилтаринро анҷом додем. Ҳамакнун солҳои тӯлонӣ зарур мешавад, ки ин намунаро омӯзем. Мо аз ин пора меомӯзем, ки замони пайдошавии ин пирях дар Помир иқлим чӣ гуна буд, чӣ гуна он дар гузашта тағйир ёфт ва ба ин монанд саволҳо. Як намуна дар Ҷопон, дар як озмоишгоҳе омӯхта мешавад. Намунаи дигари пирях, ки ба Антарктида фиристода хоҳад шуд, барои ҳифзу нигаҳдорӣ бурда мешавад. Чаро ин чиз лозим аст? Барои он ки пиряхҳо бештару бештар об шуда истодаанд, обшавии пиряхҳои болотар иттифоқ афтода истодааст. Агар ин обшавӣ бо чунин суръат идома кунад, хотираҳои иқлимии пиряхҳоро нобуд мекунанд», афзуд Томас Сакс, намояндаи тарҳи “Помир” ва устоди донишгоҳи Фрибург.

Экспедитсияи байналмилалии илмӣ барои кандани пораи пирях як моҳ аз миёнаҳои моҳи сентябр то октябр идома кард. Яхшиносони ғарбӣ бовар доранд, ки як порча намунаи пиряхи кӯҳансол маълумотҳои нодиру арзишманде дар бораи иқлим дорад, ки дар умқи он дар давоми ҳазорҳо сол ҳифз шудааст.

«Мо мушоҳида кардем, ки баъзе аз ин пиряхҳо ҳаҷмашонро аз даст намедиҳанд ва ҳатто ҳаҷмашон калон мешавад. Ва мо мехостем таҳқиқ кунем, ки чӣ механизме дар паси ин нуфуз аст. Аз нуқтаи назари илмӣ мо хеле кунҷков будем, то муаяйн кунем, ки кадом механизми устуворӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим дар давоми 20-30 ҳатто 50 сол мушоҳида карда мешавад», гуфт Эван Майлз, намояндаи тарҳи “Помир”.

Асрори муъҷизаи пиряхи Кон-Чуқурбошии Бадахшон омӯхта мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Дар гузашта, аз ҷумла дар даврони Шӯравӣ ва баъди касби истиқлолияти Тоҷикистон ҳам талошҳое барои гирифтани пораи пиряхҳо аз қаъри он бо мақсади омӯзиш ва нигаҳдорӣ анҷом шудааст.

Анвар Ҳомидов, коршиноси Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон, 13-уми октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар омӯзиши натиҷаи намунаи пиряхҳо дар хориҷи кишвар олимони тоҷик ҳам ширкат хоҳанд кард. Вай афзуд: “Ин раванд ҷиҳати муайян намудани таърихи пиряхҳо дар озмоишгоҳҳои махсуси Ҷопон ва инчунин барои нигоҳдории таърихи худи пиряхҳо дар Антрактида ҷой карда мешавад ва натиҷаи омузишҳое, ки дар Ҷопон гузаронида мешаванд, бо иштироки мутахассисони ҳам Тоҷикистон ва ҳам байналмилалӣ дар назар аст”.

Томас Стокер, раиси Бунёди хотираи як, аз Донишгоҳи Берни Швейтсария бар ин назар аст, ки натиҷаи таҳиқи пораҳои гузашта ва оянданигариро мушаххас хоҳад кард:

“Пармакунӣ дар ин қисматҳо барои мо имкон додааст, ки таърихи ҳазорсола пешро мо аз ях омӯзем ва муҳиту экосистемаҳоро биомӯзем. Аз назари обшавии пиряхҳо ин маҳал ниҳоят осебпазир мебошад. Барои ҳамин бисёр муҳим аст, ки таърихи иқлимро дар гузашта биомӯзем ва дар асоси таҳлили дилаи яхҳо. Яъне аз мағзи яхҳое, ки гирифта шудаанд, мо метавонем, гузаштаи таърихро биомӯзем бо мақсади ояндабинӣ. Нигоҳ доштани чунин маълумоти таърихӣ аз Помир барои наслҳои ояндаи олимон муҳим аст. Мо зери хатари он будем, ки дар натиҷаи обшавии пиряхҳо чунин маълумотро аз даст бидиҳем».

Раҳбарони ниҳодҳои илмии Тоҷикистон бо зикри хатарҳои тағйрёбии иқлим таҳқиқи таърихи чунин пиряхҳоро барои оянда муҳим меҳисобанд.

“Натиҷаи таҳлилҳо ва мушоҳидаҳои муҳаққиқон нишон медиҳад, ки дар ҳудуди кишвари мо давоми даҳсолаи ахир ҳаҷми пиряхҳои бузург то 30 фоиз кам гашта, шумораи зиёди пиряхҳои хурд комилан аз байн рафтаанд. Тибқи омори мавҷуда аз 14 ҳазор пиряхи дар соли 2001 ба қайд гирифта шуда, дар соли 2024 беш аз 1300 адади он комилан аз байн рафтаанд, ки тибқи назарияҳои илмӣ ва ин раванд бо баландшавии ҳарорати миёнаи сатҳи замин рабт дода мешавад”- шарҳ дод Қобилҷон Хушвахтзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии оби тоза дар Осиёи Марказӣ аст, вале бо вуҷуди ин аксари сокинон дар дохил бо оби тоза таъмин нестанд. Пайомадҳои тағйири иқлим барои Тоҷикистон низ яке аз масъалаҳои дарднок ба шумор меравад, зеро солҳои охир пиряхҳои ин кишвари куҳистонӣ босуръат об мешаванд. Акнун олимони ватанӣ ва хориҷӣ дар талоши инанд, ки бо омӯзиши намунаҳои қаъри пиряхҳои Тоҷикистон, аз ҷумла аз чунин раванд ҳам пешгирӣ шавад.

XS
SM
MD
LG