Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кордзанӣ дар Кӯлоб. Ҷанҷоли ду ҳамсоя барои як порча замин


Илҳом Ҳафизов, сокини деҳаи Зиракии Кӯлоб
Илҳом Ҳафизов, сокини деҳаи Зиракии Кӯлоб

Ҷанҷоли ду ҳамсоя дар Кӯлоб бо кордзанӣ анҷом ёфтааст. Яке аз ин ҳамсояҳо дар бемористон бистрист ва дигаре баъд аз боздошт ва бозпурсӣ раҳо шудааст. Мақомот мегӯянд, таҳқиқ идома дорад.

Ҷанҷоли ду ҳамсоя дар деҳаи Зиракии шаҳри Кӯлоб барои истифодаи як порча замини пушти хонаҳояшон ба кордзанӣ анҷом ёфтааст. Баъд аз ҷанҷол як ҳамсоя дар беморхона бистарӣ шуда, дигарӣ пас аз боздошту бозпурсӣ дар шӯъбаи умури дохилӣ озод шудааст.

Дар пайи ин ҷанҷол Илҳом Ҳафизов, сокини деҳаи Зиракии Кӯлоб аз сӯи ҳамсояааш Абдурасул Абдураҳмонов, ҷароҳат дидааст. Ин сокини Кӯлоб, ки ҳоло дар беморхонаи марказии Кӯлоб бистарист, мегӯяд, зарбҳои аз корд дар қафаси сина ва наздики дилаш расида, дар пайи ин ҷанҷол ба миён омадаанд.

Дар ҳамин ҳол, Намозалӣ Салимов, табиби бемористони вилоятии Кӯлоб, ба Озодӣ гуфт, “беморро дар ҳолати миёнаи вазнин ба бемористон оварданд, ки ӯ аз паҳлӯи чапи шикамаш ду корд хӯрда буд. Хушбахтона, тезии корд ба дил нарасидааст. Ҳоло ҷароҳатро дӯхтем, бемор таҳти назорати табибони бемористон қарор дорад.”

Абдурасул Абудураҳмонов, сокини ҷамоати Зиракӣ бо корд Илҳом Ҳафизовро дар ҳоле захмӣ кардааст, ки дар пайи муноқишаи замин кормандони ҷамоат ӯро дар надоштани ҳаққи истифодаи замин ва дахолат накардан ба корҳои ҳамсояааш борҳо ҳушдор дода будаанд.

Хуморбӣ Раҳматова, ҳамсари Илҳом Ҳафизов, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Абдурасул як моҳ боз кӯдакон ва хонаводаи ӯро зӯран иҷоза намедодааст, то дар назди боғчаашон роҳат гаштугузор намоянд. Ба гуфтаи хонуми Раҳматова, ҳар вақте ҳамсоя дар боғча ё кӯча ба онҳо дучор мешуд, бо таҳдид онҳоро ба тарки гаштугузор дар ин қитъаи баҳсӣ водор мекард.

Ӯ афзуд, “дар хона нишаста будем, ки ҳамсоя кордчаро гирифта омад ва дар паси тирезаи худам шаҳварамро як бор зад ва ӯ ба замин афтод. Боз дар ҳолати афтидан як корди дигар зад. Ҳарчанд ҷамоат омада корҳоро ҳал карда буд, вале боз шавҳари маро ба ин ҳол гирифтор кард. Ҳоло либосҳои хунолудаш низ дар дастам аст.”

Манзили Илҳом Ҳафизов
Манзили Илҳом Ҳафизов

Кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб бо огоҳӣ аз ҳодиса фавран ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, Абдурасул Абдураҳмоновро ҳамчун гумонбар боздошт карда, аммо баъд аз чанд рӯз раҳо кардаанд. Масъулони Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ин ҷанҷол норӯшаниҳои зиёд дорад ва танҳо пас аз таҳқиқи ҳамаҷониба дар робита ба он сӯҳбат хоҳанд кард.

Аксари ҳамсояҳо аз шарҳи ҳодиса бо далели нараҷонидани тарафҳо худдорӣ намуданд. Масъулони ҷамоти Зиракии Кӯлоб дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфтанд, ҳеҷ интизори чунин ҷанҷолро надоштанд, зеро масоили ҷанҷоли замин миёни ду ҳамсоя бо дахолати онҳо ҳал шуда буд.

Аммо коршиносон мегӯянд, баҳси замин дар Тоҷикистон эҳтимол солҳо идома кунад. Низомиддин Комилов, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, аксари заминҳо барои бунёди манзили зист замони бесарусомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон тақсим шудаанд, аз ин рӯ, тақрибан дар ҳар қитъаи ҷудошуда баҳс вуҷуд дорад.

“Аксар манзили зисти сокинон аз замони Шӯравӣ боқӣ мондааст ва онҳо ҳуҷҷатҳояшонро нав накардаанд. Аз ин рӯ, вақте мехоҳанд, ҳуҷҷаташонро нав кунанд, ба мушкилиҳо ва чунин баҳс бо ҳамсояҳо дучор мешаванд. Аз сӯи дигар, дар давраи ҷанги шаҳварвандӣ сокинон худсарона хона бунёд кардаанд ва аксари маҳалҳо ба ҳамин сабаб “Нахалнико” ном доранд. Баъдан ҳукумат иҷозаи қонунӣ кардани ҳуҷҷатҳоро дод, аммо барои чанд ваҷаб ҳанӯз ҳамсояҳо ба созиш наомадаанд. Чунин баҳс дар саросари Тоҷикистон вуҷуд дорад,”-гуфт Комилов.

Расман оморе вуҷуд надорад, ки дар як сол чанд ҳамсоя барои қитъаҳои баҳсӣ занозанӣ кардаанд, аммо даҳҳо мавриди чунин ҳолат то кунун расонаӣ шудааст. Соли гузашта низ дар ноҳияи Фархор дар айни чунин баҳс як ҳамсоя ҷиддан захмӣ ва ҳамсояи дигар зиндонӣ шуда буд. Дар додгоҳҳои Тоҷикистон ҳам даҳҳо парвандаи баҳсии ҳамсояҳо сари тақсими қитъаи замин идома дорад.

XS
SM
MD
LG