Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмонзода: "Ҳар як асардуздии олимон муҳокима мешавад". Чӣ гуна?


Суҳбати Искандари Фирӯз бо Абдуҷаббор Раҳмонзода. Акс аз моҳи апрели соли 2018

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон дар масоили робита бо ҷомеа, рӯзи 19-уми март дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "ҳар як мавриди асардуздии олимони тоҷик муҳокима ва баррасӣ шуда, ояндаи онҳо муайян карда мешавад". Аммо ба суоли он ки манзур аз "ояндаи онҳо чист, яъне дар сурати тасдиқ шудан, рисолаҳо бекор ва олимони тоҷик ҷавобгӯ хоҳанд шуд ё чизи дигар?" посух надод ва гӯширо гузошт.

Дар ду соли ахир торнамои "Диссерент", қароргоҳаш дар Русия даҳҳо мавриди, ба гуфтаи масъулони ин пойгоҳ, асардузӣ ё плагиати олимони тоҷикро, ки бархе аз онҳо дар мансабҳои баланд дар ҳукумат ва ниҳодҳои вобаста ба он ҳастанд, ошкор кардааст.

"Диссернет" рӯзи 18-уми март, замоне ки президенти Тоҷикистон дар мулоқоти солонааш бо зиёиён аз ифшогариҳои ин пойгоҳ ёдоварӣ мекард, як мавриди дигари плагиати олимони тоҷикро нашр намуд. Ин дафъа Абдураҳмон Қурбонов, корманди Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, барои рӯйбардор кардани беш аз ними рисолааш аз асарҳои олимони рус муттаҳам шудааст.

Сабаби тамоси бо мо Абдуҷаббор Раҳмонзода низ ин буд, ки "Диссернет" ба ифшогариҳояш дар бораи асардуздии олимони тоҷик идома медиҳад ва оё мақомоти Тоҷикистон ба ҷуз аз танқид аз асардуздӣ кори дигаре дар ин замина анҷом медиҳанд ё не.

Абдураҳмон Қурбонов, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ва аз қаҳрамонҳои "Диссернет", мегӯяд, ин кор "интиқоми душманонаш" аст ва ӯ "ҳаргиз асардуздӣ накардааст". Қурбонов соли 2018 узви Шӯрои экспертии Кумисюни олии аттестатсионии назди президенти Тоҷикистон дар бахши фалсафа, ҷомеашиносӣ ва сиёсатшиносӣ таъин шуда буд.

Абдураҳмон Қурбонов
Абдураҳмон Қурбонов

Вай рӯзи 19-уми март гуфт: "Онҳоеро, ки чунин кор кардаанд, дақиқ мешиносам. Онҳо барои ҳимояи рисолаи илмӣ то панҷ асар оварданд, аммо ҳамаи онро бозпас гардонидем. Ба хотири қасосгирӣ ин корро ташкил карданд".

Қурбонов дар ҷавоб ба ин суол, ки "Диссернет" дар Маскав қарор дорад ва на фақат асардуздии олимони тоҷикро ошкор мекунад, гуфт: "Пойгоҳи “Диссернет” хусусӣ аст ва ба ивази маблағ метавонад ба сиёҳ кардани донишмандони тоҷик иқдом кунад".

Аммо Андрей Ростовтсев, яке аз бунёдгузорони "Диссернет" ду сол пеш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, "даҳ сол қабл мепиндоштанд, ки рисолаҳои илмиро ба китобхонаҳо мебаранд ва дар онҷо чанг хӯрда хоб мекунанд. Ҳамаи ин рисолаҳое, ки дар бораашон мегӯем... як фасодкории рӯйиростанд."

Тоҷикистон "Диссернет"-ро фитнагар номид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Ҳамчунин пойгоҳи "Диссернет" рӯзи 18-уми март дар мавриди қазияи Абдураҳмон Қурбонов наившт, ки "ӯ ҳангоми таҳияи рисолаи "Ислоҳоти низоми маориф дар шароити трансформатсияи ҷомеаи Тоҷикистон" (таҳлили иҷтимоӣ ва фалсафӣ) беш аз ними онро аз асарҳои Геннадий Шелковников, Адия Сундукова, Олга Жукова, Ирина Яковлева, Елена Мороз ва дигарон гирифтааст." Барои исботи ин гуфтааш, пойгоҳ даҳҳо сафҳаро аз рисолаи Қурбонов ва ин муаллифон паҳлуи ҳам гузоштааст ва хонанда метавонад, ин порчаҳоро бо ҳам муқоиса кунад.

Пойгоҳи "Диссернет" дар хулосааш менависад, дар рисолаи Абдураҳмон Қурбонов калимаи "Россия" ба "Тоҷикистон" иваз шуда, вале маълумоти асосӣ бетағйир мондааст ва "ин нишонаи тақаллуби илмӣ аст". Ин дар ҳолест, ки қонунҳои Тоҷикистон низ рабудани моликияти зеҳнии афроди дигарро маҳкум мекунанд.

Академик Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар моҳи гузашта дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, аз Русия барномаи “Антиплагиат”-ро харидаанд. Вай ба ин назар аст, ки “Диссернет” бо истифода аз ҳамин барнома рисолаҳои илмиро баррасӣ мекунад, ки "дар бисёр ҳолатҳо натиҷаи ин пажӯҳиш дуруст нест". "Ман иқрор мешавам, ки дар ин арса дар илми тоҷик мушкилот вуҷуд дорад, вале на ба андозае, ки “Диссернет” менависад", - афзуд ӯ.

Дар умум таҳлилгарон мегӯянд, унвони илмӣ доштан дар Тоҷикистон ба "муд" табдил ёфта, бархе бо ҳар роҳ талош карданд, то соҳиби мартабаи илмӣ шаванд. Даги Дагиев, доктори улуми сиёсӣ аз Донишгоҳи Лондон, соли 2018 ва дар авҷи баҳсҳо гуфта буд, асардуздӣ яке аз соддатарин воситаест, ки ба осонӣ ба ин ҳадаф ноил мегарданд.

Ба қавли Дагиев, "ингуна ашхос на ба хотири муҳаббат ба илм ва ё ишқ ба омӯхтану офаридан олим мешаванд. Ҳадафшон аз ибтидо мушаххас ва воқеист, яъне ба ин тартиб дар ҷомеа мавқеъ пайдо кунанду соҳиби иззату эҳтиром бошанд. Бинобар ин, асардуздӣ яке аз саҳлтарин воситаест, ки ингуна ашхос бе заҳмату машаққати дарс омӯхтан ва андешаву тафаккур ба мурод мерасанд."

Пойгоҳи интернетии "Диссернет", қароргоҳаш дар Маскав, ки то ҳол асардуздиии "олимон"-ро дар қаламрави Русия ва баъзе кишварҳои дигари Шӯравии собиқ фош карда буд, соли 2018 ба Тоҷикистон тамаркуз кард ва пушти ҳам дуздии даҳҳо "олим"-ро ифшо намуд. Дар байни онҳо номи мансабдорони баландпояи тоҷик Давлаталӣ Саид - муовини нахуствазир ва ёвари президент оид ба масъалаҳои кадрӣ Асадулло Раҳмон низ ҳаст. Рисолаҳои илмии раис ва муовинони феълии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва бархе аз деканҳои донишгоҳҳои дигари Тоҷикистон, раиси Шӯрои директорони "Талко" низ дар ин феҳраст қарор гирифтаанд.

Бисёре аз муаллифон дар баробари иттиҳоми асардуздӣ сукутро пеша карданд, вале теъдоде гуфтанд, ки дар ҳаққи онҳо бӯҳтон задаанд.

То ду соли пеш пажӯҳишгарони тоҷик барои дарёфти унвони илмӣ маҷбур буданд қисми рисолаҳои худро бо тарҷумаи русӣ дар ВАК-и Русия ҳимоя кунанд. ВАК ва ё Кумисюни олии аттестатсионии Русия рисолаҳои илмии олимони тоҷикро арзёбӣ ва ба онҳо унвони илмӣ медод. Аммо Тоҷикистон ҳоло ВАК-и худро таъсис додааст. Олимон имкон доранд, рисолаҳояшонро барои арзёбӣ ба ин комиссия пешниҳод кунанд.

Шарҳҳоро бинед (50)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG