Додгоҳе дар шаҳри Душанбе Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки ба як қурбонии шиканҷа 10 ҳазор сомонӣ ё қариб 1100 доллар ҷуброн пардозад. Ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 18-уми июн содир шудааст.
Гулчеҳра Холматова, вакили дифои Неъматҷон Ашӯрматов гуфтааст, аз ҳукм розӣ нестанд ва ба додгоҳи болоӣ шикоят хоҳанд бурд.
Холматова дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, "ҷараёни мурофиаи судӣ дар фазои пуртаниш сурат гирифт. Намояндаи ҷавобгар мавқеи хашмгинонаро ихтиёр кард, ки ин барои вакилони даъвогар фишори иловагии равонӣ ба вуҷуд овард. Ба ҷойи баррасии ҳолатҳои парванда ва масъалаи барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшуда, тамаркуз бештар сари кушишҳое буд, ки далелҳои ҷабрдидаи шиканҷа зери шубҳа гузошта шаванд."
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва ҳам Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мавзӯъро шарҳ надодаанд.
Неъматҷон Ашӯрматов моҳи марти соли ҷорӣ бо талаби дарёфти 280 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ ба додгоҳ шикоят бурда буд.
Ӯ моҳи феврали солди 2024 бо гумони қочоқи маводи мухаддир аз сӯи маъмурони пулис дар Хуҷанд боздошт ва ба гуфтааш, аз сӯи онҳо шиканҷа шуд.
Дар пайи ин ҳодиса, 29-уми апрели соли 2024 Додситонии вилояти Суғд алайҳи 4 корманди Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд барои "сӯистифода аз ваколат" парвандаи ҷиноӣ боз кард. Ду корманд ба ҳабс гирифта шуда, ду нафари дигар дар пайгард қарор гирифтанд. Яке аз кормандони пулис ба 21 ва дигарӣ ба 19 сол зиндон маҳкум шуданд. Маълум нест, ки онҳо дар мурофиа то куҷо ба гуноҳи худ иқрор шудаанд.
Пардохти ҷуброн дар амалия
Ин бори аввал нест, ки қурбониёни шиканҷа аз мақомот талаби ҷуброн мекунанд. Аз ҷумла хонаводаи Ҳасан Ёдгоров, сокини шаҳри Турсунзода, ки барои шиканҷаи ӯ се корманди милиса маҳкум ба зиндон шуд, аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 400 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар талаб карда буданд. Аммо додгоҳ ҳаҷми ҷуброн ба Ёдгоровро ҳамагӣ 5 ҳазор сомонӣ таъйин кард.
Кодекси шаҳрвандӣ ё граждании Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, ки шахс дар ҳолати дучор шудан ба шиканҷа дар мақомотҳои қудратӣ, аз ин идораҳо ҷуброн талаб кунад.
Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки ба ҳифзи ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа машғул аст мегӯяд, “ҳолатҳои муваффақи гирифтани ҷубронпулӣ кам ба назар мерасанд. Ҳаҷми пардохтҳо аксар вақт ба вазнинии зарари расонидашуда мувофиқат намекунад, дастрасӣ ба офиятбахшии тиббӣ ва равонӣ бошад, маҳдуд боқӣ мемонад”.
Ҳуқуқшиносони Эътилоф, “душвориҳои сабт ва исботи далелҳои шиканҷа, мурофиаҳои тӯлонии судии бо гузаронидани ташхисҳо алоқаманд, миқдори маҳдуди ҷубронпулӣ, инчунин набудани барномаҳои устувори давлатии офиятбахшии қурбониён”-ро аз мушкилиҳои асосӣ барои гирифтани ҷуброн медонад.
Мушкили шиканҷа дар Тоҷикистон
Истифода аз шиканҷа барои ҳосил кардани эътирофи "гуноҳ" дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар мақомоти интизомӣ дониста мешавад.
Кумитаи маҳви шиканҷаи Созмони Милал аввали моҳи майи имсол аз "гузоришҳои пайваста дар бораи бадрафторӣ ва шиканҷа, бахусус аз тарафи афсарони милиса ва афсарони идораҳои амниятӣ дар боздоштгоҳ ва зимни бозпурсиҳо" изҳори нигаронӣ кард.
Кумитаи Созмони Милал барои маҳви шиканҷа гуфт, ҳарчанд дар қонунҳои Тоҷикистон барои бадрафториву шиканҷа ҷазои сахт таъйин шудааст, иҷрои он камтар ба назар мерасад ва теъдоди онҳое, ки барои шиканҷаи зиндонӣ ё боздоштшудае ҷазо гирифтаанд, бисёр кам аст.
Ба гуфтаи Вазорати адлияи Тоҷикистон, аз соли 2018 то соли 2025 танҳо 13 нафар барои шиканҷа ҷазо гирифтаанд, агарчӣ шикоятҳои расмӣ аз рафтори тарафи маъмурони амниятиву интизомӣ аз 100 адад ҳам зиёдтар будааст.