Владимир Путин, аз рӯзи 8-ум то 12-уми октябри соли гузашта барои ҳузур дар нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ дар пойтахти Тоҷикистон қарор дошт.
Дар қарори додгоҳ аз моҳи ноябр, ки Радиои Озодӣ нусхаи онро рӯзи 5-уми январ ба даст овард, аз ҳукумати Тоҷикистон хоста шудааст, ки то рӯзи 3-уми декабр, “тавзеҳоти иловагии худро” дар бораи дастгир накардани Владимир Путин пешниҳод кунад. Дар ин қарор омадааст, ки котиботи додгоҳ барои иҷрои амри боздошти Владимир Путин бо мақомоти Тоҷикистон чанд бор тамос гирифтаанд ва ҳатто мулоқотҳои ҳузурӣ анҷом додаанд. Дар ҷараёни радду бадалҳои дипломатӣ намояндагони додгоҳ саъй кардаанд, ҳукумати Тоҷикистонро ба ҳамкорӣ барои боздошти Владимир Путин мойил кунанд. Дар ин санад аз ҷумла омадааст, ки Додгоҳи Кайфари Байналмилалӣ рӯзи 2-уми майи соли 2023 ба Тоҷикистон дархости расмиро барои боздошти Владимир Путин фиристодааст ва мақомоти Тоҷикистон ҳам рӯзи 30-уми май тасдиқ кардаанд, ки дархостро гирифтаанд.
Баъди гузоришҳо дар бораи сафари эҳтимолии Путин ба Душанбе, намояндагони Додгоҳи Кайфари Байналмилалӣ бо дипломатҳои тоҷик мулоқоти хоса анҷом дода ва гуфтаанд, ки барои иҷрои амри боздошт ҳар гуна кӯмаки лозимиро мерасонанд. Гузашта аз ин, додгоҳ рӯзи 19-уми сентябр ба Тоҷикистон “ёддошти дипломатӣ” фиристода, дархости мулоқот бо дипломатҳои тоҷик кардааст, то саҳеҳии хабари сафари Путин ба Душанбе тасдиқ гардад.
Аммо дар посух ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 25-уми сентябри соли гузашта ба Додгоҳи Кайфари Байналмилалӣ гуфтааст, ки ин дархостро иҷро карда наметавонад. Тоҷикистон ба созишномаи дуҷонибаи ҳамкорӣ бо Русия дар бахши адлия истинод карда, гуфтааст, ки мақомоти баландпояи ду тараф аз масуният бархурдоранд ва ҳукумати Тоҷикистон бе ризояти худи Русия ҳеч яке аз ин мақомҳои баландпояро дастгир карда наметавонад. Ваҷҳи дипломатии дигари Тоҷикистон ин будааст, ки Русия узви Додгоҳи Кайфари Байналмилалӣ нест ва масунияти Путин ҳамчун раҳбари давлат ҳифз мешавад. Барои ҳамин, ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, амалкарди кишвар адами ҳамкорӣ бо додгоҳ шумурда намешавад.
Агарчӣ Додгоҳи Гаага қаблан ба Тоҷикистон гуфтааст, ки "масунияти шахсии мансабдорон... дар мурофиаҳои ин додгоҳ эътибор надорад" ва барои иҷрои амри боздошт ҳеч эҳтиёҷе ба иҷозати Маскав нест. Додгоҳи Кайфарии Байнлмилалӣ моҳи марти соли 2023 амри боздошти Владимир Путинро содир кард, чун ӯро ба ҷиноятҳои ҷангӣ, аз ҷумла ихроҷи ғайриқонунии кӯдакон аз минтақаҳои ишғоли Украина ба Русия муттаҳам мекунанд.
Тоҷикистон, ки Ойинномаи Румро имзо карда ва ба Додгоҳи Кайфарии Байналмилалӣ пайвастааст, ӯҳдадор аст, ки амрҳои ин додгоҳро иҷро кунад.
Додгоҳи мазкур ҷиноятҳои мудҳиш, аз ҷумла ҷиноят алайҳи башарият, ба мисли наслкушӣ ва азобу шиканҷа ва қатлу куштору таҷовузро таҳқиқ ва гунаҳкоронашро ба ҷавобгарӣ мекашад. Тоҷикистон акнун яке аз аъзои дигари ин додгоҳи байналмилалӣ аст, ки барои пазироӣ аз Путин ва сарпечӣ аз боздошти ӯ таҳти фишор қарор мегирад.
Нашри худи қарори додгоҳ, як иқдоми ин додгоҳи байналмилалӣ “раванди расмии ҳамкорӣ накардан” дониста мешавад. Агар додгоҳ ба ин натиҷа бирасад, ки Тоҷикистон дониста аз иҷрои ӯҳдадориҳояш саркашӣ кардаааст, парвандаи кишварро барои баррасӣ ба Анҷумани кишварҳои узви додгоҳ месупорад. Ҳарчанд ин анҷуман ҳақ ва ё қудрати ҷорӣ кардани таҳримҳои иқтисодӣ ё чораҳои дигар ба зидди Тоҷикистонро надорад, аммо метавонад бо изҳороти расмӣ, амалкарди Тоҷикистонро ҳамчун нақзи қонунҳои байналмилалӣ маҳкум намояд.
Айни замон фишори сиёсии дипломатӣ метавонад, ба муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои дигари узви тарафдори ICC таъсири манфӣ расонад. Дар мавридҳои истисноӣ мумкин аст, парванда то ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал кашида шавад, аммо дар масъалаи Владимир Путин, ки раиси ҷумҳури як кишвари узви доимии Шӯрои Амният аст, ин масъалаи печида ва зоҳиран амалиношуданӣ аст.
Чунин ба назар мерасад, ки дархости шарҳи боздошт накардани Владимир Путин фақат аз Тоҷикистон нест, балки аз кишварҳои дигари ҳамсоя ба мисли Қирғизистон, Қазоқистону Туркманистон буда метавонад, ки охири соли гузашта Владимир Путинро мизбонӣ карданд.
Гуфтугӯ