Владимир Путин, президенти Русия, шоми 8-уми октябр барои ширкат дар ҳамоиши Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) вориди Тоҷикистон мешавад.
HRW рӯзи 8-уми октябр бо нашри изҳороте гуфт, ин талаб бар асоси ҳукми Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ аст, ки аз кишварҳои узв боздошти Путинро дархост кардааст.
Ин додгоҳ 17-уми марти соли 2023 Путинро дар содир кардани “ҷиноятӣ ҷангӣ” ва рабудани кӯдакони украинӣ муттаҳам дониста, қарори ҳабси ӯро содир карда буд.
Тоҷикистон соли 2002 созишномаи ҳамкорӣ бо Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ, ки бо номи “Созишномаи Рим” маъруф аст, имзо кардааст.
Ин созмон гуфтааст, ки “тибқи ин созишнома, Тоҷикистон вазифадор аст, ки бо додгоҳ ҳамкорӣ кунад, аз ҷумла ҳар гуна гумонбареро, ки вориди қаламрави он мешавад, боздошт ва ба ICC (Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ) супорад.”
Лиз Эвенсон, як масъули Созмони дидбони ҳуқуқи башар гуфтааст, ки "Путин бояд ба иттиҳомоте, ки алайҳи ӯ эълон шудааст, дар Гаага посух диҳад, на инки кишварҳои узви ин додгоҳ ӯро меҳмондорӣ кунанд”.
Ба гуфтаи ӯ, пазироии Путин дар Тоҷикистон иҷро накардани уҳдадориҳои Додгоҳи байналмилалӣ ва беэҳтиромӣ ба қурбониёни таҷовузи Русия дар Украина аст.
Пеш аз ин, дар моҳи сентябри соли 2024 Путин ба Муғулистон, ки мисли Тоҷикистон узви Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ аст, сафар карда буд. Ба гуфтаи ин додгоҳ, Муғулистон низ ӯҳдадории худро иҷро накард.
Дархости HRW аз Тоҷикистон дар ҳолест, ки иддае аз созмонҳои мухолиф дар моҳи апрели имсол аз Эмомалӣ Раҳмон ба Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ шикоят бурда буданд. Ҳанӯз маълум нест, ки шикояти онҳо дар кадом сатҳ баррасӣ мешавад.
Онҳо иддао доранд, ки аз соли 2002 то 2024 ҳукумати Тоҷикистон ба таври муназзам "ҷиноят алайҳи башарият", аз ҷумла боздоштҳои худсарона, шиканҷа, зӯроварии ҷинсӣ, таъқиби мухолифони сиёсӣ ва саркуби ақаллиятҳои қавмиро содир кардааст.
Ин созмони ҳомии ҳуқуқ дар баёнияи худ аз Тоҷикистон низ ёд карда, навиштааст, ки “дар солҳои ахир ҳукумати Тоҷикистон саркӯби мухолифонро тақвият дода, фаъолон, рӯзноманигорон ва блогеронро зиндонӣ кардааст.” Ба гуфтаи созмон, роҳ додани Путин ба кишвар сатҳи баланди нодида гирифтани ӯҳдадориҳои байналмилалӣ аст, ки боз ҳам вазъи риояи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро бадтар хоҳад кард.
Ин созмон гуфтааст, кишварҳои ҳамкорӣ Тоҷикистон бояд ба мақомоти ин кишвар фишор оранд, то уҳдадориҳои худро дар самти риояи озодии баён ва ҷомеаи демократӣ анҷом диҳад.
Гуфтугӯ