Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсири болоравии қурби доллар ба нарх дар бозорҳои Душанбе. ВИДЕО


Бозори "Меҳргон". 22-юми августи 2019
Бозори "Меҳргон". 22-юми августи 2019

Болоравии қурби расмии доллар дар Тоҷикистон ба нархи маҳсулот дар бозорҳои Душанбе таъсир гузоштааст. Коршиносон мегӯянд, азбаски воридоти мол ба Тоҷикистон аз содирот бештар аст, ҳамагуна тағйир дар асъори хориҷӣ зуд вокуниши бозорро ба вуҷуд меорад.

Тоҷирон ҳам мегӯянд, маҳсулотро асосан аз берун мегиранд ва додугирифт бо воридкунандагони мол бо доллари амрикоист. Вале сокинон бовар доранд, ки тоҷирон аз ин фурсат ба нафъи худ сӯистифода мекунанд.

Қурби расмии доллар дар баробари сомонӣ рӯзи 20-уми август якбора боло рафт ва сад доллар ба 970 сомонӣ баробар шуд. Қаблан дар бонкҳо сад доллар ба 943-945 сомонӣ иваз мешуд.

Гулҷаҳон Намозова, сокини шаҳри Душанбе, гуфт, картошка ду рӯз пеш 3 сомонӣ буд, ҳоло 3,5 сомонӣ шудааст. "Як дона туғми мурғ 70 дирам буд, ҳозир 90 дирам кардаанд. Нархи гӯшт ҳам гаронтар шудааст", -- афзуд ӯ.

Тағоймурод Хоҷаев, сокини дигари пойтахт, рӯзи 22-юми август ба бозори “Меҳргон” барои хариди чанд навъ маҳсулот омад, вале нархҳои нисбатан гарон нигаронаш кардаанд. Вай гуфт: "Помидору бодиринг ҳам қимат шудааст. Тоҷирон мегӯянд, ки доллар боло рафтааст, нархҳо ҳам боло мераванд."

Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:

Болоравии нарх дар бозорҳо дар пайи афзоиши қурби доллар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

Иброҳим Шарифов, ки ба тиҷорати тухми мурғ машғул аст, гуфт, нархи як қуттии тухм аз 21-22 сомонии чанд рӯз пеш ба 25 сомонӣ расидааст. Ӯ афзуд, тухмро аз дигарон дастрас кардааст ва наметавонад бо нархи рӯзҳои пеш бифурӯшад.

Тоҷири дигар бо номи Умед дар Душанбе ба фурӯши маҳсулоти гӯштиву ширӣ машғул аст. Мегӯяд, аксари маҳсулотро аз хориҷ меоранд ва баробари боло рафтани арзиши асъори хориҷӣ маҷбур аст, нархи ҳасибчаву гӯшти мурғро баланд бардоранд.

"Инҳоро бо доллар мехарем. Албатта, қурби доллар, ки боло рафт, нархи маҳсулот қимат мешавад. Як қуттии ҳасибча 15 сомонӣ буд, ҳоло 16-17 сомонӣ аст. Агар ба нархи пешина фурӯшем, зиён мебинем", -- гуфт ӯ.

Тағйири нархҳо дар чанд рӯзи ахир дар бозорҳои "Саховат" ва "Деҳқон"-и Душанбе низ мушоҳида шудааст.

Коршиносон мегӯянд, болоравии қурби доллар дар баробари сомонӣ тайи ду рӯзи ахир набояд ба нархи маҳсулот таъсири ҷиддӣ гузорад, вале дар дарозмуддат метавонад арзиши ҳамаи маҳсулоти воридотиро гарон кунад.

Шамсиддин Ҷалолов, иқтисоддони тоҷик, рӯзи 22-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, соҳибкороне, ки бо қурби рӯзҳои пеш маҳсулоташонро ворид кардаанд, набояд онро гарон кунанд: "Вале болоравии қурби долларро дар рӯзҳои ахир баҳона карда, нархҳоро мебардоранд. Чунин таҷриба дар солҳои пеш низ ба назар мерасид. Дар дарозмуддат қурби доллар ба нархи маҳсулот таъсири бештар хоҳад гузошт."

Видео аз Ютуб:

Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 20-уми август дар як изҳороти расмӣ сабаби болоравии қурби расмии долларро шарҳ дод. Мақомот гуфтанд, бо ин тасмим қурби расмии долларро бо қурби он дар бозори ба истилоҳ сиёҳ баробар карданд.

Ба гуфтаи масъулони Бонки Миллӣ, маҳз фарқияти зиёд боис шуда буд, ки мардум барои мубодилаи доллар ба бонкҳо камтар муроҷиат мекарданд.

XS
SM
MD
LG