Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиш: "1800 духтари ноболиғ дар Тоҷикистон тифл ба дунё овардаанд" ВИДЕО, САДО


Як пажӯҳиш муайян кардааст, ки дар панҷ соли ахир беш аз 1800 нафар ё 7 дарсади духтарони наврас тифл ба дунё оварданд. Тадқиқотро соли 2017 анҷом додаанд ва натиҷаҳои аввалияи онро чанде пеш нашр карданд.

Асабонияти зиёд ва камхунии шадид аз дардҳоеанд, ки пас аз таввалуд дар 16-солагӣ домангири Сабоҳат шуданд. Ӯ ҳоло 22 сол дорад. Мегӯяд, он замон дарк намекард, ки таваллуди кӯдак дар ноболиғӣ занро ба сад дард мепечонад.

Ин духтарон худашон кӯдак ҳастанд ва наметавонанд модари хубе барои фарзандон бошанд

"Кӯдак калон буду ба ҷисми ман - номувофиқ"

Сабоҳат он вақт ошиқ шуд ва дар 16-солагӣ писар таваллуд кард. Модари ҷавон иқрор мекунад, ки дар баробари аз даст додани саломатӣ, дар тарбияи фарзанд ҳам азоби зиёд кашид.

“Тамоман таҷриба надоштам. Модару хушдоманам кумак мекарданд. Агар гӯям, ки писарамро онҳо калон карданд, хато намешавад. Ҳангоми таваллуд азоби зиёд кашидам, чун кӯдак калон буд ва ба ҷисми ман номувофиқ”, - мегӯяд, Сабоҳат. Дандонҳои Сабоҳат ҳам баъди таваллуд рехт. Ҳоло дандонҳои сунъӣ дорад ва мегӯяд, асабоният мероси ҳамон давра аст.

Паёмадҳои таваллуди бармаҳал, ба гуфтаи ҷомеашиносон, бадтар аз паёмадҳои он барои сиҳатии духтарон низ ҳаст. Маҳрум шудани духтарон аз имкони таҳсилу кор фақат як паёмади он аст.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Паёмадҳои нохуби таваллуди бармаҳал барои духтарон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Дар Тоҷикистон издивоҷ то 18-солагӣ мамнӯъ аст ва таваллуд дар 15-16-солагӣ дар гузашта бисёр кам буд. Аммо дар панҷ соли охир теъдоди духтароне мисли Сабоҳат зиёд шудаанд. Як пажӯҳиш муайян кардааст, ки дар панҷ соли ахир беш аз 1800 нафар ё 7 дарсади духтарони наврас тифл ба дунё оварданд. Тадқиқотро соли 2017 анҷом додаанд ва натиҷаҳои аввали онро чанде пеш нашр карданд.

Омори панҷ соли охир

Пажӯҳиш миёни наврасони аз 15 то 19-сола гузаронда шуда, муайян кардааст, ки 7 дарсади духтарони ин син марҳилаи ҳомилагиро паси сар карданд. Се дарсади пурсидашудагон дар ин синну сол модар шудаанд ва 4 дарсади онҳо ҳангоми пурсиш ҳомила будаанд.

Шамсиддин Қурбонов.
Шамсиддин Қурбонов.

Мақомоти Оҷонси омори Тоҷикистон гуфтанд, ин дувумин таҳқиқот аст, ки нишондиҳандаҳои нави калидии тиббӣ-демографиро дар панҷ соли охир дар бар мегирад ва чунин як пажӯҳиш дар соли 2012 анҷом шудааст. Бар пояи ин пажӯҳиш, кӯдаконе, ки аз модари наврас ба дунё омадаанд, осебпазир буда, бештар ба бемориҳои гуногун гирифторанд ва фавти чунин кӯдакон низ зиёд аст.

Ба андешаи мутахассисон, занҳое, ки бармаҳал издивоҷ мекунанд, ҳам аз ҷиҳати равонӣ ва ҳам ҷисмонӣ барои офаридани насл пурра омода нестанд ва сиҳатии худро дар хатар мегузоранд. Шамсиддин Қурбонов, пизишки тоҷик ва раҳбари маркази тиббии "Насл", рӯзи 13-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, синну соли фаъоли репродуктивӣ аз 19 то 34-солагӣ буда, ҳомилагӣ ва таваллуд аз 15 то 19-солагӣ эҳтимоли хатар ба ҷони модарони ҷавонро то панҷ баробар бештар мекунад.

Издивоҷи бармаҳал, фирор аз "пирдухтарӣ"

"Вақте зан дар наврасӣ ҳомила мешавад, худ ба нерӯ сахт ниёз дорад. Ӯ чӣ гуна метавонад ду функсияро иҷро кунад? Аз ин хотир ҳомилагии бармаҳал хатари зиёде барои тифл дорад. Вақте зан ба камолот нарасида, таваллуд мекунад, потенсиали зан аз байн меравад ва зан тез пир мешавад", - афзуд ӯ.

Тақрибан ду ҳазор ноболиғ дар Тоҷикистон модар шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:14 0:00
Линки мустақим

Иртиботи ҷинсии қабл аз никоҳ ва дар айёми наврасӣ яке аз омилҳои таваллуди бармаҳали духтарон аст, ки аҳёнан дида мешавад. Аммо омилҳои аслӣ, ба гуфтаи ҷомеашиносони тоҷик, зуд ба шавҳар додани духтарон ва тарси ҷомеа аз масоиле чун “пирдухтарӣ” (баъди 19-солагӣ) мебошанд.

"Беҳтар аст, саросема нашаванд"

Бону Ҷабборова, духтари тоҷик, мегӯяд, мухолифи издивоҷ ва модаршавии духтарони то 20-сола аст. Ба қавли Бону, "ин духтарон, худашон кӯдак ҳастанд ва наметавонанд модари хубе барои фарзандонашон бошанд ва онҳоро хуб тарбия кунанд". Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, паёмади дигари таваллуди бармаҳал, мушкилоти равониву иҷтимоиест, ки дар оила ба вуҷуд меояд ва дар ниҳоят бо фурӯ пошидани оилаҳо анҷом меёбад.

Сабоҳат, қаҳрамони гузориши мо, ҳарчанд дар наврасӣ модар шудааст ва аз зиндагиаш розист, мегӯяд, беҳтар аст, агар духтарон дар издивоҷ саросема нашаванду зуд фарзанд ба дунё наоранд. Зеро, ба гуфтаи ӯ, ҳар фарзанд ба модари солим эҳтиёҷ дорад, ки дар бузург шуданаш саҳм гузораду хотираҳои хубе барои ӯ бигузорад.

XS
SM
MD
LG