Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гавазну шутурмурғ дар Боғи ҳайвоноти Душанбе аз чӣ мурданд? ВИДЕО


Боғи ҳайвоноти Душанбе. 14-уми октябри 2019
Боғи ҳайвоноти Душанбе. 14-уми октябри 2019

Марги гавазн ва шутурмурғ танқиди зиёдеро ба сари масъулони Боғи ҳайвоноти Душанбе рехт ва мавзӯи шароити нигаҳдории ҷонваронро дар ин боғ дубора доғ кард.

Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз марги ҷонварони безабон ба хашм омада ва гуфтаанд, ки ягона Боғи ҳайвоноти Душанбе баста шавад. Масъулони боғ мегӯянд, сабаби марги ҷонварон табиӣ ва аз беморӣ будааст ва танқидҳо нисбат ба шароити нигаҳдории ҷонварон дуруст нест.

Гавазн рӯзи 8-уми октябри имсол, баъд аз як ҳафтаи буридани шохҳояш, ҷон дод. Масъулин мегӯянд, табибони боғ шохҳои дарози гавазнро, ки пайваста панҷараҳои қафасашро хароб мекард, барои эмин нигаҳ доштани ду гавазни ҳамроҳаш ва бехатарии тамошобинон буриданд. Баъзеҳо мегӯянд, шояд ҳамин кори табибон сабаби марги гавазн шуда бошад.

Масъулони боғ ин иддаоро рад мекунанд. Саидхоҷа Сафаров, муовини раиси Боғи ҷонварон рӯзи 14-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт: "Дар ҳолати зарурӣ, вақте ягон хавф пайдо мешавад ва ё ҷойи нигаҳдорӣ танг аст, шохҳояшро мебуранд ва ба ягон тори асаб ва раги хунгард осеб намерасад. Ҳар замон хавф доштем, ки ҳозир панҷараро шикаста ба берун мебарояд. Саҳар вақти тафтиш маълум гашт, ки оҳуи модина меларзад. Вақте омадем, дар даруни хонача гавазни нарина ҳам меларзад. То калидро овардем, оҳу талаф ёфт."

Дар масъалаи марги шутурмурғ, масъулини боғ мегӯянд, парранда моли онҳо набуд. Ӯро як рӯз қабл барои нигаҳдории муваққатӣ аз "Кӯли Душанбе" ба боғ овардаанд ва "фалаҷу бемор будааст".

Сабаби марги ҷонварон, аз ҷумла гавазни 13-соларо, ки 4 сол пеш аз Қазоқистон овардаанд, мақомот тафтиш мекунанд. Ин ҳодиса таваҷҷӯҳи ниҳодҳои масъулро ба боғи ҷонварон ҷалб кардааст ва боғ ҳам мавриди санҷиш қарор дорад.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Гавазну шутурмурғ дар Боғи ҳайвонот аз чӣ мурданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:34 0:00

Талаф ёфтани ду ҷонвар тайи чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ норизоятии дӯстдорону ҳомиёни ҷонваронро ба бор овардааст. Онҳо шароити нигаҳдории ҷонваронро дар боғ ҳузнангез хонда, аз мақомот мехоҳанд, вазъро ислоҳ кунанд.

Бархе ҳам барои бастани боғи вуҳуш садо баланд мекунанд. Гулнора Амришоева, сардабири нашрияи "Вечерка" ва яке аз онҳое, ки барои ҳимоя аз ҳуқуқи ҷонварон садо баланд мекунад, мегӯяд, ҳодиса бояд ҷиддан тафтиш ва масъулини боғ барои бемасъулиятӣ ҷавоб гӯянд.

"Бори аввал нест, ки ҷонварон дар ин боғ мефавтанд. То ин вақт дар он ҷо аспи кӯчак, бузи кӯҳӣ, бумҳо мурдаанд. Ба онҳо хӯроки дуруст намедиҳанд. Ин боғ дар маркази шаҳр фаъолият дорад ва ин даҳшат аст", -- гуфт ӯ.

Боғи ҳайвоноти Душанберо солҳои шастуми асри гузашта сохтаанд ва то ин замон бозсозии зиёдеро аз сар нагузарондааст. Дар ин боғ ҳоло беш аз 1000 ҷонвар нигаҳдорӣ мешавад. Саидхоҷа Сафаров, муовини раиси Боғи ҷонварон рӯзи 14-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, мувофиқи имкон барои онҳо шароити фароҳам шудааст.

Боғи ҷонварони Душанбе борҳо бо ҳодисаҳои гуногун дар сархатти хабари расонаҳо қарор гирифтааст. Се сол пеш додситонии шаҳри Душанбе баъди ҳалокати ду мор дар сӯхтор алайҳи як масъули "Боғи ҳайвонот" барои хунукназарӣ парванда боз кард.

Ҳамин тавр ҳодисаи марги “Турсунбой” -- ягона баҳмути боғ ҳам, ки ба гуфтаи мақомот аз "сактаи дил" мурд, таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба ин муассиса бештар кард.

Тамошобинон ва сокинон ҳам пайваста бо гузоштани аксу навор аз ҳоли ҷонварон дар дохили панҷараҳо шароити боғро танқид мекунанд. Бархе аз боғ зиндони ҷонварон ном мебаранд ва бархе ҳам нигаҳдории ҷонваронро дар чунин шароит номумкин мегӯянд. Садафмоҳ Нозимова, сокини Душанбе мегӯяд: “Ҷояшон покиза нест. Чизи дигар ин ки ҳар саҳар вақте меоем, бӯи бад дорад. Бӯи ғализаш аз дурӣ меояд.”

Ин шохҳои гавазнест, ки баъд аз буриданашон фавтид
Ин шохҳои гавазнест, ки баъд аз буриданашон фавтид

Аммо Мирзо Тӯраев, яке аз дигар тамошобинони боғ мегӯяд, бо ҳама мушкил боғи ҷонварон, ки чанд даҳсола пеш сохта шудааст, фаъолият дорад ва барои кӯдакон, ки пайваста ба тамошои ҷонварон меоянд, хушҳолӣ мебахшад: “Шояд 70-сола шуда бошад. Вобаста ба шароите ки ҳаст, камтар мутобиқ ҳаст. Албатта, мисли боғи ҳайвоноти шаҳрҳои дигар нест, вале назар ба се-чаҳор соли пеш хубтар аст."

Солҳост ҷонваршиносон барои аз нав сохтани боғи мутобиқ ба меъёрҳои замонавӣ садо баланд мекунанд ва ин мавзуъ ҳам дар ҷаласаҳои ҳукумат баррасӣ шудааст. Барои бунёди боғи нави ҷонварон ҳукумати шаҳр дар канори Душанбе минтақаи Чорбоғро интихоб кардааст. Аммо ин боғ кай ва дар чӣ шакле сохта мешавад, ҳанӯз дақиқ нест.

XS
SM
MD
LG