Соҳибони ин хонаҳо аксаран дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд ва бо фиристодани аксу наворҳо гуфтанд, ки ҳодисаҳо асосан аввали моҳи март рух додааст. Вале то ҳол мақомоти милисаи маҳаллӣ омилонро боздошт накардаанд.
Як сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт бо такя ба як навор нақл мекунад, ки як ё якчанд шахси номаълум ба ҳавлие ворид шуда, ҳама ашёи хонаҳоро тагурӯ мекунанд ва дар ҳаҷми тақрибан 30 ҳазор сомонӣ тилловорӣ ва дигар дороиҳоро бо худ мебарад. Ҳодиса аввали моҳи марти имсол ба вуқӯъ омадааст.
Соҳибмулки он чанд сол ба ин сӯ дар Русия кору фаъолият мекунад ва дар сӯҳбати телефонӣ ҳодисаро тасдиқ кард.
Ба ин монанд дар се маҳаллаи деҳаи Понғоз дастикам дар панҷ ҳавлӣ чунин ҳодиса руй додааст ва ба гуфтаи сокинону масъулони мақомоти интизомӣ, ашхоси номаълум ҳатто чанд рӯз дар он хонаҳо зиндагӣ карда, маҳсулоти хӯроквории захирашударо ҳам хӯрдаанд.
Соҳибони ин манзилҳо низ дар Русия қарор доранд ва ин ҳолатҳо онҳоро нигарон кардааст. Баъди ҳодисаҳо чанде аз сокинон дурбинҳои назоратии иловагиро низ насб кардаанд. Вале ба далели бехатарӣ, аксари соҳибмулкон ва ҳамсояҳои онҳо аз сӯҳбати видеоӣ худдорӣ мекунанд.
Айнан дар он шабу рӯз ҳамчунин аз дохили як мағоза воқеъ дар деҳаи Бободархони ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт низ ҳудуди 300 ҳазор сомонӣ (пули нақд), гум шудааст.
Соҳиби мағоза ба шарти ифшо нашудани номаш дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки шаби 7-ум ба 8-уми март фарде номаълум дари мағозаашро шикаста, пулҳоро бо худ бурдааст. Ин маблағро мардуми деҳа барои азнавсозии мактаби рақами 7 тӯли чандин моҳ ҷамъоварӣ карда буданд. Сохтмон феълан идома дорад ва саҳмгузорон нигаронанд, ки ғорат шудани ин маблағ, барои идомаи кор мушкил эҷод мекунад.
Масъулони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ашт дар ин бора маълумоти расмӣ нашр накардаанд. Як масъули ин ниҳод дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷустуҷӯ идома дорад ва ҷиноят ошкор гардида, зиён барқарор хоҳад шуд.
Ноҳияи Ашт дар 400-километрии шаҳри Душанбе ва шимолитарин минтақаи Тоҷикистон қарор дорад. Ин ноҳия ҳамчунин бо Узбекистон ҳамсарҳад аст ва як гузаргоҳ бо ноҳияи Попи ин ҳамсоякишвар дорад.
Гуфтугӯ