Хабари нав

Дуздии ҳуҷҷатҳои ҳарбӣ ва амниятии Тоҷикистон дар як ҳамлаи рахнагарони интернетӣ

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як гурӯҳи ҳакерӣ ё рахнагар бо номи Silent Lynx, ки ба Қазоқистон пайванд дода мешавад, чанде пеш бо истифода аз ҳуши маснуии чинии DeepSeek зиёда аз 2 ҳазор ҳуҷҷати вобаста ба амнияти миллиро аз Идораи Роҳи оҳан, Вазорати дифоъ, Горди Миллӣ, Кумитаи давлатии амният ва Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон дуздидааст. Дар ин бора ширкати амнияти сайберӣ ё кибернетикии CloudSek дар гузорише рӯзи 11-уми ноябр хабар дод.

Хабаргузории "Рейтерс" дар ин робита бо мақомоти Тоҷикистон ва Қазоқистон тамос гирифта, вале онҳо то кунун ба ин рахнагарӣ вокуниш нишон надодаанд.

Ҳарчанд дуздони интернетии ширкати Silent Lynx дар Қазоқистон ҷойгир буда, аз интернети хонагӣ истифода мекардаанд, амалиёти онҳо аз Русия мудирият мешудааст.

Ширкати CloudSek, воқеъ дар Сингапур, мегӯяд, ҷосусони кибернетикиро пас аз он ки нохудогоҳ як серверро барои дастрасӣ аз тариқи интернет боз гузошта буданд ва инчунин ҳангоми истифода аз барномаи Hermes (манбаи боз барои агентҳои мустақили ҳуши маснуӣ) ошкор кардааст.

CloudSek мегӯяд, ёфтаҳои ширкат баёнгари онанд, ки рахнагарон ё ҳакерҳо низ анҷоми ҳамлаҳоро ба ҳушвора месупоранд. "Рахнагар ба ҷойи он ки фармонҳои ҳакериро дастӣ ворид кунад, ба Hermes мегуфт, ки чӣ кор кунад. Hermes ҳамлаҳоро тарҳрезӣ мекард, қоидаҳоро менавишт, онҳоро иҷро мекард ва натиҷаҳоро гузориш медод," – гуфтаанд дар ширкат ба хабаргузории "Рейтерс".

Ширкати CloudSek дар гузориши худ гуфтааст, бино ба маълумоти ёфтааш ҳакерҳо аз миёнаҳои моҳи август барои шиносоии ибтидоӣ аз Hermes истифода бурда, пас аз чанд ҳафта ба низоми электронии гардиши ҳуҷҷатҳои Тоҷикистон роҳ ёфтаанд. Ба гуфтаи ширкат, сипас агенти ҳуши маснуӣ як барномаи вижа навиштааст, то маводро бигирад, онҳоро мураттаб кунад ва ба қисмҳо ҷудо намояд.

Санадҳои рабудашуда, ба гузориши ин ширкат, аз ҳазорон нома ба Вазорати дифои Тоҷикистон ва тавассути он, шумори камтаре марбут ба Горди Миллӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, садҳо ҳуҷҷати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва даҳҳо идораву муассисаи дигари Тоҷикистон иборатанд.

Ба унвони намуна CloudSek номаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистонро ба Вазорати дифои Тоҷикистон бо имзои муовини он Т.М. Холов нашр кардааст, ки дар он тарзи истифодаи як таҷҳизоти махсуси алоқаи бесимро тибқи мактуби ҶДДМ "Аён Энерҷӣ" фаҳмонда, ҳамчунин парол ё рамзи вуруд ба ҳуҷҷатро навиштааст.

Ҳарчанд дуздони интернетии ширкати Silent Lynx дар Қазоқистон ҷойгир буда, аз интернети хонагӣ истифода мекардаанд, амалиёти онҳо аз Русия мудирият мешудааст. Silent Lynx дар гузашта ба идораҳои давлатии Арманистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон ҳам зарба задааст, вале дар ҳеч кадоми онҳо ба маълумоти махфии ниҳодҳои дифоӣ ва амниятӣ даст наёфтааст.

Ширкати амнияти сайберӣ ё кибернетикии CloudSek дар бораи ҳамлаи рахнагарони интернетӣ ва дуздии ҳуҷҷатҳо аз Тоҷикистон рӯзи 11-уми ноябр хабар дод
Ширкати амнияти сайберӣ ё кибернетикии CloudSek дар бораи ҳамлаи рахнагарони интернетӣ ва дуздии ҳуҷҷатҳо аз Тоҷикистон рӯзи 11-уми ноябр хабар дод

Хабаргузории "Рейтерс" навишт, дар миёни маълумоти фошшуда дастури рахнагарон ба агенти ҳуши маснуии онҳо ва ҳамчунин роҳнамоҳо дар бораи он ки агент бояд чӣ гуна фаъолият барад ва бо ҳакерҳое, ки онро идора мекунанд, иртибот дошта бошад, ҷой доштанд.

“Шумо як мутахассиси сатҳи баланд ва узви гурӯҳи “red team” ҳастед”, -- гуфта шудааст дар ин дастурҳо. Узви “red team” мутахассиси амнияти кибенетикӣ аст, ки барои санҷиши низомҳои як созмон ҳамлаҳои пинҳониро нақшарезӣ мекунад.

Ба гуфтаи CloudSek, онҳо далелҳое ёфтаанд, ки ҳакерҳо ба забони русӣ ҳарф мезананд, дар вақти кории Қазоқистон фаъолият мекунанд ва аксар вақт ба сервери фошшуда тавассути як кабел ё пайвасти интернетӣ дар Қазоқистон дастрасӣ пайдо мекарданд.

Хабаргузории "Рейтерс" гуфтааст, кӯшишҳояш барои иртибот бо Silent Lynx бенатиҷа буданд.

Ширкати амрикоии “Rapid7” ҳанӯз соли 2016 Тоҷикистонро аз лиҳози осебпазирии компютерҳояш ба ҳамлаҳои ҳакерӣ дар ҷаҳон дар ҷойи дувум гузошта буд.

Қаблан вебсайти баъзе аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон низ мавриди “таваҷҷӯҳ”-и ҳакерҳо қарор гирифтаанд. Аз ҷумла рахнагарон соли 2016 вебсайти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро “шикастанд” ва ба ҷои иттилооти расмии вазорат, аксҳо ва суруд ё нашиди созмони тундрави мазҳабии "Ҷундуллоҳ" пайдо шуд. Аз он пеш, дар соли 2015, вебсайти сафорати Тоҷикистон дар Фаронса низ мавриди ҳамлаи ҳакерӣ қарор гирифта буд.

​
XS
SM
MD
LG