Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эдуардс Стипрайс: Амният  муҳим аст, ҳуқуқи инсон низ


Эдуардс Стипрайс - намояндаи фижаи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ
Эдуардс Стипрайс - намояндаи фижаи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо аз баҳори имсол ҳамкориаш бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қолаби “5+1”-ро ба гунаи ҷиддитар оғоз кард. Раҳбарии Иттиҳоди Аврупо ин ҳамкориро “оғози фасли нав ва шурӯи шарикии стратегӣ” номид. Дар моҳи марти имсол, Эдуардс Стипрайс намояндаи фижаи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ таъин шуд. Зимни боздид аз Душанбе дипломати аврупоӣ ба саволҳои Радиои Озодӣ посух дод.


Радиои Озодӣ: Ҷаноби Стипрайс, баҳори имсол Иттиҳодияи Аврупо дар нишасти Самарқанд ҳамкориашро бо Осиёи Марказӣ ҷиддитар оғоз кард, ки ҷониби шумо онро “шуруи фасли ҷадид ва оғози шарикии стратегӣ” номид. Дар изҳороте, ки мақомҳои гуногуни Иттиҳоди Аврупо доданд, таваҷҷуҳ бештар ба масоили иқтисодӣ буд. Оё масъалаи нақзи ҳуқуқи инсон, озодии баён, ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фасли нави равобити шумо дигар авлавият надоранд?

Эдуардс Стипрайс: Ба факри ман, яке аз мушкилиҳо дар он аст, ки мардум фикр мекунанд, иқтисодиёт ва рушди ҷомеа дар баробари масоиле чун ҳокимияти қонун, фаъолияти ниҳодҳои демократӣ, озодиҳои инфиродӣ, аз ҷумла ҳуқуқи инсон, масоили комилан мухталифанд. Ин тамоман нодуруст аст. Зеро вақти сухан дар бораи рушди ҷомеа меравад, дар бисёр маворид далелҳои марбут ба масъалаи амният истифода мешаванд ва воқеан он нигарониҳои амниятӣ дар бисёр мавридҳо дурустанд. Мо медонем, ки Осиёи Марказӣ дар як муҳити ҷуғрофии хеле мушкил, дар як ҳамсоягии хеле душвор қарор дорад. Ҳамчунин (дар минтақа), кишварҳое ҳастанд, ки аксарияти аҳолии онҳо низ пайрави ин ё он шохаи ислом мебошанд. Ҳамин тавр, онҳо зери фишори шадид, фишори беруна, инчунин эҳтимоли бунёдгароии ҷомеаҳо қарор доранд. Воқеан таҳдидҳои террористӣ мавҷуданд. Ва албатта, вақте сухан дар бораи рушди кишвар, рушди ҳар як ҷомеа меравад, ин масъалаҳо бо субот бояд мувозинати солим дошта бошанд, зеро бидуни ин кишвар рушд ёфта наметавонад. Баръакс, то вақте ки як кишвар устуворона рушд намекунад, наметавонад ба ин фишорҳои беруна муқовимат. Ҳамчунин, мо наметавонем инро сарфи назар кунем, ки эҳтимол барои ифротгароӣ дар дохил заминаҳои мусоиде вуҷуд дошта бошанд.

Аммо одатан, ифротгароӣ ҷойе ривоҷ меёбад, ки мақомот ба саволҳои мардум посух намедиҳад. Ҳамин тавр, одамоне пайдо мешаванд, ки бо посухҳои алтернативӣ зуҳур мекунад. Ва ба пурсишҳо посух медиҳанд, посухҳои хеле сода, ҳатто ҷавобҳои содакардашуда медиҳанд. Мегӯянд, шояд “зиндагиатон душвор аст”, мумкин “ҷомеатон, мақомотатон шуморо қадр намекунанд”, “ба шариат рӯй биоред ва он ҳама мушкилиҳои шуморо ҳал мекунад”. Ин, албатта, тамоман нодуруст аст. Аммо барои устувории ҷомеа муқовимат ба чунин тавзеҳоти сода муҳим аст. Хусусан дар шароите, ки бо пойгоҳҳои иҷтимоии имрӯзӣ, аз қабили TikTok ва ғайра ворид шудан ба фазои иттилоотӣ хеле осон аст. Яъне дар ҳама соҳаҳо муносибати мутавозин бояд ба роҳ монда шавад: мувозинат байни иқтисодиёт, амният ва рушди ҷамеа, аз ҷумла рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Намояндаи Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, масъалаи журналистони зиндонӣ дар Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:08 0:00

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Стипрайс, ман хуб медонам, ки шумо пешинаи ғании кор дар кишварҳои Осиёи Марказиро доред ва бо равандҳо дар ҷуғрофиёи минтақа ошноед. Оё қабл аз оғози кори нав ба вазъи ҳуқуқи инсон дар минтақа, аз ҷумла дар Тоҷикистон дигарбора ошно шудед? Мушкили аслӣ дар масъалаи ҳуқуқи инсон дар минтақа, аз ҷумла, Тоҷикистон чист ва онро чӣ гуна баҳо медиҳед?

Эдуардс Стипрайс: Дар Брюссел, дар ниҳодҳои аврупоӣ ҳамкасбоне ҳастанд, ки бо масъалаҳои ҳуқуқи инсон ба таври ҳирфаӣ мушаххастар сару кор доранд, лекин ин ҳам бахше аз ваколатҳои ман аст ва тавре каме пештар низ ишора кардам, масъалаи ҳуқуқи инсон чизе нест, ки мо дар Иттиҳоди Аврупо ихтироъ карда бошем ва ба дигарон бо зӯр таҳмил мекунем. Пеш аз ҳама, ин ба манфиати ҳар як кишвари Осиёи Марказист, аз он нигоҳ, ки бидуни эҳтиром ба ҳуқуқи инсон, риояи ҳокимияти қонун, низоми мустақили додгоҳӣ, шумо воқеан фаъолияти пурсамари давлати худ, ҷомеаи худро таъмин карда наметавонед. Бале, шумо метавонед онро муддате идора кунед, аммо ин роҳи ҳалли дарозмуддат ва қобили иҷро нест. Аз сӯйи дигар, инҳо усулҳое ҳастанд, ки кишварҳои минтақа худро ба он муттааҳид медонанд. Мо ҳеч талаботи нав ё барзиёд надорем. Масоили ҳуқуқибашарӣ дар оинномаи СММ, Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон зикр шудаанд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар вазъияти мунҳасир ба фарде қарор доранд, зеро аз лиҳози ҷуғрофӣ дар Осиё ҷойгир бошанд ҳам, вале дар фазои амният ва ҳамкории аврупоӣ қарор доранд. Узви САҲА мебошанд. Ҳуҷатҳои бунёдӣ дар робита ба ҳуқуқи инсон, мисли Эъломияи Ҳелсинкиро имзо кардаанд. Гузашта аз ин, ин кишварҳо барои риояи муқаррароти ин аснод масъулият доранд. Шояд ин корро бо иродаи нек кардаанд, зеро ба ин дарк расиданд, ки ин амал ба манфиати худи онҳост.

Ман мехоҳам бигӯям, ки албатта бисёр хуб мешуд, агар дар роҳи татбиқи ҳаррӯзаи ин пояҳо ва роҳандозии онҳо пешравиҳои бештар ба даст оварда мешуданд. Дар баробари ин, эҳтимолан, ба кишварҳои минтақа дар ин замина шояд фурсати зиёдтар лозим аст. Аммо ман метавонам бигӯям, ки дар минтақа намунаҳои хуб мавҷуданд. Баъзе пешравиҳо ба даст оварда шудаанд. Албатта, дар ҳама кишварҳо баробар нестанд. Дар ҳар як кишвар иқдомҳои хуб хеле зуд сурат намегиранд ва ё маҳз дар бахшҳову самтҳое, ки СММ ва САҲА муқаррар кардаанд, намебошанд. Аммо ман гуфтаниам, ки вазъ шояд он қадар бад набошад, тавре ки мо баъзан мегӯем.

Радиои Озодӣ: Тибқи иттилое, ки дарёфт шуд ва шумо метавонед дурустиву нодурустияшро тасдиқ кунед, дар нишасти Самарқанд мақомҳои баландпояи ИА бо раҳбарии Тоҷикистон мавзӯи рӯзноманигорони зиндонӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла қазияи Рухшона Ҳакимоваро баррасӣ карда буданд. Оё барои раҳоии онҳо аз зиндон чизи мушаххасе ба даст омад?

Эдуардс Стипрайс: Бале, ба шумо гуфта метавонам, ки парвандаи ин рӯзноманигор мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Ин масъалаи мушаххас ба салоҳияти ман дохил намешавад. Ман дар доираи вазифаи худ на бо таҳаввулоти кишварҳои ҷудогонаи Осиёи Марказӣ, балки бештар бо таҳаввулоти минтақаӣ сару кор дорам. Аммо метавонам ба шумо бигӯям, ки ба таври хос, дар мавриди масоиле, ки марбут ба ҳавзаи озодии матбуот ҳастанд, иқдомот анҷом шудааст. Аз ҷумла дар ин ҷо дар Душанбе, аз сӯйи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва сафирони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, ки дар ин ҷо ҳузур доранд.

Радиои Озодӣ: Иттиҳоди Аврупо ҳамеша аз ҳузури густардаи Чин дар Осиёи Марказӣ "нигарониҳо" дошт. Ҳоло ба минтақае таваҷҷуҳ кардааст, ки ба ҳадди зиёд зери нуфузи иқтисодии Чин қарор дорад. Аз сӯйи дигар, бо дарназардошти ҳузури суннатӣ ва ҳавзаи нуфузи геополитикии худ қарор додани минтақа аз сӯйи Русия, шумо барои нигоҳ доштани тавозун бо ин рақибон чӣ кор хоҳед кард?

Эдуардс Стипрайс: Пеш аз ҳама, ҳамкориҳои мо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ин минтақа бар алайҳи касе равона нашудааст. Мо дар ҳолати “Бозии бузург”-и нимаи дуюми асри XIX нестем, ки он замон империяи Бритониё бо империяи Русия дар рӯёрӯйӣ қарор гирифта, барои тақсим кардан Осиёи Марказӣ миёни ҳамдигар талош мекарданд. Ҳарчанд ба таъсиси ин марзҳо дар Панҷ ё Амударё муваффақ шуданд, ки дар натиҷа Бритониё назорат бар Афғонистон ва империяи Русия бар минтақаҳои шимолии онро ҳифз кардаанд. Аз назари ман, ҳар як формати ҳамкорӣ бартарӣ ва камбудиҳои худро дорад. Ин ба худи минтақа, ба кишварҳои минтақа ва ба интихоби озодонаи онҳо бастагӣ дорад, ки дар кадом бахш бо кӣ ҳамкорӣ кунанд. Мо рақобат намекунем, аммо масоиле ҳастанд, ки ба фикри ман, Аврупо метавонад дар муқоиса бо бозигарони дигар дар минтақа каме ё ба маротиб беҳтар иҷро кунад. Ин танҳо ба сармоягузорӣ ё интиқоли маблағ марбут нест. Мо дар бораи интиқоли фанновариҳо, фанновариҳои навтарину аз нигоҳи экологӣ тоза суҳбат мекунем, дар бораи интиқоли дониш ҳарф мезанем. Ин бахшҳоест, ки аз ҷониби ҳамаи панҷ роҳбари кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври хос дар миён гузошта шудааст. Чуноне гуфтам, онҳо ба стандартҳои аврупоӣ, таҳсилоти сатҳи аврупоӣ, аз ҷумла омӯзиши меъёрӣ барои омода кардани насли наве, ки бо ин фанновариҳои навтарин кор карда метавонанду тафовути рушдро байни кишварҳои Осиё, Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Русия ё Чин аз байн бурда метавонанд, бештар ниёз доранд. Аз ин рӯ, кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд дар рушди иҷтимоӣ ва технологии худ аз ҳамсояҳо ва рақибонашон пеш гузаранд, ки дар ин самт мо омодаем, ки онҳоро ҳимоят кунем.


Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG