Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Иди Фитрро таҷлил мекунад. АКС


Намози иди Фитр дар масҷидҳои Тоҷикистон соати 6-и субҳи 5-уми июн хонда шуд.

Намози иди Фитр дар масҷидҳои Тоҷикистон соати 6-и субҳи 5-уми июн хонда шуд. Ин маросим ба фарқ аз солҳои гузашта бо ҳузури ками сокинон баргузор гардид ва аз мақомоти давлатӣ низ касе барои табрики намозгузорон наомад.

Дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе чун солҳои қаблӣ намози ид зери чораҳои амниятӣ баргузор шуд.Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар мавъизаи пеш аз намоз аз аҳли масҷид хост, ки “шукронаи тинҷию амонӣ”-ро ба ҷой оранд.

Дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба фарқ аз солҳои қаблӣ теъдоди намозгузорон камтар мушоҳида мешуд. Инчунин имсол барои табрики намозгузорон аз мақомот касе наомад. Солҳои қабл намояндагони давлатӣ барои табрики намозгузорон ба масҷиди марказии Душанбе меомаданд. Худи Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ шаҳрдори Душанбе низ борҳо дар назди намозгузорон дар иди Фитр баромад кардааст.

Баъд аз анҷоми намози ид мусалмонони Тоҷикистон тибқи анъана ба зиёрати қабрҳои наздиконашон рафта, сипас ба табрики хешовандон ва дӯстони худ машғул шуданд. Ҳарчанд соли гузашта мақомоти тоҷик барои танзими идгардаки кӯдакон иқдоме рӯи даст гирифта буд, имсол дар кӯчаҳои шаҳр идгардаки кӯдакон аз субҳи барвақт мушоҳида мешуд.

Имсол низ аз субҳ кӯчаҳои Душанбе пур аз кӯдакон буд, ки бо халтачаҳо ба табрики наздикон мерафтанд ва савғотии идона мехостанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG