Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашраф Ғанӣ: Давлати ваҳдати миллиро дигар қабул надорем


Ашраф Ғанӣ
Ашраф Ғанӣ

Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон гуфт, дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ "давлати ваҳдати милли"-ро дигар намепазирад. Дар чаҳор соли ахир Ашраф Ғанӣ ва Абдулло Абдулло бо тақсими қудрат Афғонистонро якҷоя идора мекарданд. Акнун Ашраф Ғанӣ мегӯяд, дигар чунин шакли давлатдориро қабул надорад.

Раисҷумҳури феълии Афғонистон дар мусоҳиба ба бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, "Афғонистон як раисҷумҳур хоҳад дошт на ду раисҷумҳур."

Дар интихоботи ҷанҷолии соли 2014 Ашраф Ғанӣ ва Абдулло Абдулло бо миёнҷигии Ҷон Керрӣ, вазири вақти хориҷии Амрико мувофиқа карданд, ки қудратро миёни ҳам тақсим кунанд. Ихтилофи шадид дар мавриди натиҷаи интихобот соли 2014 Афғонистонро дар маърази як ҷанги дохилӣ гузошта буд. Аммо давоми чаҳор сол давлати ваҳдати миллии Афғонистон ҳамеша дучори ихтилоф миёни Ғанӣ ва Абдулло будааст.

Оқои Ғанӣ дар бахше аз суҳбати худ ба Радиои Озодӣ гуфт, "давлати ваҳдати миллӣ дигар қобили қабул нест." Ашраф Ғанӣ ҳамчунин гуфт, ин бор миёнҷигии Амрико зарур нахоҳад буд, чун мутмаин аст, ки дар интихобот пирӯз мешавад.

Ин дар ҳолест, ки Абдулло Абдулло рақиби аслиаш Ашраф Ғаниро ба сӯистифода аз қудрат ва истифода аз имконоти давлатӣ барои манофеи шахсӣ муттаҳам кард. Ашраф Ғанӣ дар посух ба ин иддао гуфт, як додгоҳи вижа бояд иддаоҳои Абдулло Абдуллоро баррасӣ кунад ва агар онҳо собит нашаванд, рақибаш бояд зиндонӣ шавад.

Ашраф Ғанӣ дар мусоҳибаи рӯзи чаҳоршанбе ҳамчунин гуфт, неруҳои амнияти миллии Афғонистон комилан бетараф ва муҳофизи қонун ҳастанд. Ӯ афзуд, "истифода аз неруҳои мусаллаҳ комилан мантиқӣ аст. Мардуми Афғонистон аз интихоботи озод ва одилонаи худ дифоъ хоҳанд кард. Хатарҳое, ки дар он замон вуҷуд дошт акнун вуҷуд надорад."

Интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон рӯзи шанбеи 28-уми сентябр баргузор мешавад. Агар дар даври аввал ҳеҷ як номзад раъйи лозимро ба даст наорад, рӯзи 23-юми ноябр даври дувуми интихобот баргузор мешавад. Дар даври дувум ду номзади аслӣ миёни ҳам рақобат мекунанд.

Интихоботи Афғонистон дар шароите баргузор мешавад, ки музокироти сулҳи Амрико бо Толибон қатъ ва ҳамлаву таркишҳо дар ин кишвар бештар шудааст. Бо вуҷуди нооромиҳо, номзадҳо ба мақоми президентии Афғонистон тамоми талошро карданд, то дили мардумро ба даст оранд.

Бархе коршиносон мегӯянд, ҳарос аз ҳамлаҳои хушунатомез ва эҳтимоли тақаллуб раъйдиҳандагонро дилсард кард ва бархе муътақиданд, ки мизони ширкати мардум нисбат ба интихоботҳои қаблӣ камтар хоҳад буд.

Дар интихоботи президентии Афғонистон 17 номзад бо шумули раисҷумҳури феълӣ ва раиси ҳукумати иҷроия иштирок мекунанд. Гуруҳи Толибон, ки бахши калоне аз Афғонистонро зери назорат доранд гуфтанд, монеи баргузории интихоботи президентӣ хоҳанд шуд.

Гуруҳи Толибон қаблан бо пахши эъломия, аз афғонҳо хостанд, дар ҳамоишҳои интихоботӣ ва раъйдиҳӣ ширкат накунанд, то дар ҳамлаҳои онҳо осеб набинанд.

XS
SM
MD
LG