Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"На гарм ва на ҷиддӣ" – Тасвири фазои пеш аз интихобот дар Тоҷикистон


Яке аз овезаҳои интихоботӣ дар назди фурӯшгоҳи "Садбарг", Душанбе, 18-уми феврали 2020

То замони баргузории интихоботи порлумонии Тоҷикистон ҳамагӣ 11 рӯзи дигар мондааст. Мақомот ва намояндагони ҳизбҳо мегӯянд, ки таблиғи номзадҳо ва барномаҳояшон идома дорад, аммо бархе аз сокинону коршиносони сиёсӣ фазои пеш аз интихоботро дар муқоиса ба маъаркаҳои гузашта чандон гарму ҷиддӣ намедонанд.

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи 17-уми феврал эълон кард, ки ҳизбҳои сиёсии кишвар аз 20-уми феврал таблиғи барномаҳои пешазинтихоботии худро ба воситаи шабакаҳои телевизионӣ оғоз хоҳанд кард. Тибқи қонун ба ҳар ҳизб барои таблиғи барномаҳо тавассути шабакаҳои телевизионӣ то 40 дақиқа ва ба ҳар номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон то 20 дақиқа вақти бепули эфир пешбинӣ гардидааст.

Носирҷон Салимӣ, узви Кумисюни марказии интихобот, рӯзи 18-уми феврал гуфт, “ҳоло номзадҳо ба вакили Маҷлиси Намояндагон аз фурсати 20 дақиқаи ройгон дар телевизионҳо истифода мебаранд ва ҳизбҳо ба сабти баромадҳои телевизионияшон машғуланд”.

Ҳарчанд Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, “корҳои тарғиботиву ташвиқотии интихобот дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст”, таҳлилгарону коршиносони умури сиёсӣ аз сатҳи маъракаҳои пешазинтихоботӣ ва фазои камрангу “сард”-и он интиқод мекунанд.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, гуфт, агар ба саҳифаи расонаҳои ҷаҳониву минтақаӣ, ки ба интихобот бахшида шудаанд, нанигарад, гумон мекунад дар Тоҷикистон “ҳеч ҳодисае рух надода истодааст”.

Ба қавли Қодиров, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки макони асосии "баҳсҳои" сиёсиву иҷтимоӣ аст, касе ба интихобот аҳамияти ҷиддӣ намедиҳад”. “Гӯиё барои мардум ин мавзӯъ аслан аҳамият надошта бошад. Дар Душанбе, ки пойтахти кишвар аст ва ҳама шӯру валвалаи интихобот бояд дар инҷо бошад, ба ғайр аз чанд овезаи расмӣ дар бораи интихобот чизе аз ин маъракаи муҳими сиёсӣ хабар намедиҳад”, -- афзуд ӯ.

Бо вуҷуди интиқодҳо аз камранг будани маъракаи пешазинтихоботӣ намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсии кишвар аз суҳбату мулоқоташон бо интихобкунандаҳо ва тарғибу ташвиқи барномаҳояшон хабар медиҳанд.

Раҳматилло Зоиров
Раҳматилло Зоиров

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, гуфт, то ҳол бо интихобкунандагон 80 суҳбату мулоқот ва 12 ҳазор варақаи таблиғотии ҳизбро миёни сокинон паҳн кардаанд.

Раиси ҲСДТ афзуд, бо вуҷуди баъзе мушкилу монеаҳо, дар доираи имконоташон тарғиби номзадҳояшонро пеш мебаранд: “Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ шаҳодатномаи номзадҳои моро дер дод, ки ба ҷараёни таблиғи номзадҳо ва барномаҳо таъсири манфӣ гузошт”.

Бархе аз коршиносон ба ин назаранд, ки дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ танҳо ду ҳизби бо ҳам мухолиф – ҲСДТ ва ҲХДТ – метавонанд то ҷое рақобат дошта бошанд. Ба қавли мусоҳибони мо, панҷ ҳизби дигар “шарики ҳукумат буда, ба корзорҳои ҷиддии интихоботӣ ҳавасманд нестанд”. Раҳбарони ин ҳизбҳо чунин назарро рад намуда, бархе аз онҳо борҳо худро ҳамчун ҳизби мухолиф номбар кардаанд.

Абдураҳмон Хонов
Абдураҳмон Хонов

Абдураҳмон Хонов, як масъули Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикикистон мегӯяд, дар муқоиса ба интихоботҳои гузашта барои муаррифии барномаву номзадҳо аз усулҳои замонавӣ кор гирифтаанд. Ӯ рӯзи 17-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, “тарғиби густардаи барномаҳои пешазинтихоботӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз усулҳоҳои наву таъсиргузорест, ки ба роҳ мондем”.

Ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова, ки дар интихоботи соли 2013 довталаби курсии президентӣ буд, мегӯяд, натиҷаи интихоботи порлумонии кишвар пешбинишаванда ва ғолибу мағлубаш аз ҳоло маълум аст.

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова

“Инро худи аҳзоби сиёсӣ медонанд. Ҳизби ҳоким аксари курсиҳоро ба даст меорад ва агар хоҳиш дошта бошад чанд курсие ба дигар ҳизбҳо “туҳфа” мекунад. Мақомот ба фазои гарми интихоботиву баҳсҳои ҷиддӣ ҳавасманд нестанд, зеро ҳама барои як ҳизб кор мекунанд. Мардум медонанд, ки овози онҳо чизеро тағийр намедиҳад”, -- гуфт ӯ.

Вале Носирҷон Салимӣ, узви Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ мегӯяд, ба назари онҳо «маъракаҳои пешазинтихоботӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст». Ӯ гуфт, то ҳол 600 вохӯрии намояндагони аҳзоб бо сокинон дар ҳавзаву нуқтаҳо доир шудааст.

Интихоботи порлумонии Тоҷикистон рӯзи 1-уми марти имсол баргузор мешавад. Барои 63 курсии вакилии Маҷлиси намояндагон 241 номзад мубориза мебаранд. Маъракаи таблиғотии пеш аз интихоботии номзадҳо 9-уми феврал оғоз шуда, то 28-уми феврал идома хоҳад кард. Рӯзи 29-уми феврал дар кишвар, ба истилоҳ, “рӯзи хомӯшӣ” аст.

Овезаи дигари интихоботӣ дар Душанбе
Овезаи дигари интихоботӣ дар Душанбе

Қарор аст, дар моҳи ноябри имсол интихоботи президентии Тоҷикистон ҳам баргузор шавад.

То ин дам созмону кишварҳои ғарбӣ ягон интихоботи Тоҷикистонро демократӣ ва шаффофу одилона эътироф накардаанд. Вале мақомоти Тоҷикистону муттаҳидонашон дар кишварҳои пасошӯравӣ ва Чин ба онҳо баҳои баланд додаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (14)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG