Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи интиқоли нирӯи барқ дар минтақаҳои Тоҷикистон. Таъмир ё "лимит"?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Сокинони баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон шикоят доранд, ки чанд рӯз боз бо маҳдудият нирӯи барқ мегиранд. Онҳо аз он метарсанд, ки дар остонаи фасли зимистон "лимит"-и интиқоли нирӯи барқ шуруъ шудааст. Мақомот ҳамагуна маҳдудиятро рад карда, гуфтанд, "сабаби қатъи рӯшноӣ ба хонаҳои мардум таъмир дар хатҳои барқ аст".

Тоҷибой Рӯзибоев, сокини деҳаи Суғдиёни Истаравшан, рӯзи 28-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ду ҳафта ба ин сӯ дар деҳаи онҳо нерӯи барқро бе огоҳӣ қатъ мекунанд. Вай мегӯяд, "ҳангоме ки бояд хӯроки шом бихӯрем ё телевизор тамошо кунем, барқ хомӯш мешавад. Масъулон ба мо гуфтанд, ҳангоме ки сокинон бештар аз барқ истифода мекунанд, ба трансформатор зӯр меояд ва аз ин хотир нирӯи барқ қатъ карда мешавад."

Ҳамсуҳбати мо гуфт, онҳо аз маркази шаҳри Истаравшан 30 километр дуртар зиндагӣ мекунанд.

Дар идораи барқи шаҳри Истаравшан ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки барқро ба хотири таъмири трансформатори калонтарин хомӯш мекунанд ва ҷойи нигаронӣ надорад ва чунин вазъият то 1-уми ноябр идома хоҳад кард. ​Шералӣ Солеҳов, як корманди идораи барқ, гуфт: "Умуман гапи лимит нест. Мо ду трансформатор дорем ва ҳоло дар яке аз онҳо таъмир ҷараён дорад. Аз ин хотир, ба трансформатори дуюм зӯр меояд ва аз 10 то 15 дақиқа барқро хомӯш мекунем."

Танҳо сокинони Истаравшан аз эҳтимоли ҷорӣ шудани маҳдудияти нерӯи барқ нигарон нестанд. Ба ин монанд мо аз сокинони минтақаи Рашту шаҳри Конибодом ва ноҳияҳои дигар низ шикоят гирифтем. ​

Алимурод, сокини ноҳияи Мастчоҳ, мегӯяд, ҳар рӯз ба камияш то панҷ соат бе барқ мемонанд. "Баъзан, соати 9-и субҳ барқро барои се-чаҳор соат хомӯш мекунанд. Гоҳе дигар пас аз намози шом барқ қатъ мешавад. Ҳар вақте ки хостанд", -- нақл кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, хабарҳо аз мавридҳои хомӯш шудани нерӯи барқ дар ноҳияҳои дигар, аз ҷумла атрофи шаҳри Душанбе, низ мерасад. Дастикам шаш нафар аз ноҳияҳои Рӯдакиву Ҳисор ва Шаҳринав ва вилояти Хатлон аз соатҳои зиёд қатъ шудани нирӯи барқ изҳорӣ нигаронӣ карданд. Ба гуфтаи онҳо, баъзан интиқоли нирӯи барқ рӯзона аз соати нӯҳи саҳар то панҷи шом ва шабона аз даҳи шаб то чаҳори субҳ идома мекунад.

Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, лимит ё маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ба аҳолии Тоҷикистон вуҷуд надорад. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкат 28-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт:

"Нафароне, ки аз маҳдудияти нирӯи барқ шикоят доранд, метавонанд ба "Барқи тоҷик" тамос гиранд ва арзи худро расонанд. Ё ба рақами 2295368 тамос гиранд. Шояд дар ягон минтақа дар пайи таъмир хомӯш кардани барқ бошад, вале лимит ҷой надорад."

То ду соли пеш мушкили таъмини барқ аз масъалаҳои доғи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Соли 2017 мақомоти Тоҷикистон лимити барқро бекор карданд. Баъди ба кор даромадани ду чархаи нерӯгоҳи "Роғун" умеди сокинон ба дарёфти барқи бештар ва муназзам зиёд шуда буд, вале ҳоло бо пеш омадани ин мушкил шубҳаҳоро ба вуҷуд овардааст.

Баъзе таҳлилгарон мегӯянд, маҳдудияти барқ зоҳиран ба кам шудани об дар обанбори Норак, яке аз манбаъҳои асосии истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон рабт дорад. Чизе, ки ҳар дафъа мақомоти Тоҷикистон ё онро пинҳон медоранд ва ё дертар эълон мекунанд.

Як ҳамсуҳбати мо, ки мавзӯи обу энергетикаро таҳлил мекунад, бе зикри номаш гуфт: "Ин ба ҳама маълум аст, вақте об кам шуд, барқ кам истеҳсол мешавад. Ба хотири ин ки Тоҷикистон бозори фурӯши барқро аз даст надиҳад, маҷбур аст, интиқоли барқро ба хонаҳои мардум маҳдуд карда, содироти онро бетағийр гузорад".

Бар асоси ҳисобҳо дар кишвар солона наздик ба 20 миллиард киловатт соат барқ тавлид мешавад ва талаботи солонаи мардум дар дохил ҳудуди 17 миллиард киловатт аст. Соли 2018 Тоҷикистон ба Узбекистону Афғонистон ва Қирғизистон 2,5 миллиард киловатт соат нерӯи барқ фурӯхтааст.

Сокинон мегӯянд, мақомот аввал мардуми худро бо барқ таъмин кунанд ва сипас дар фикри содирот бошанд. Дар ҳоле ки ба иддаои онҳо, мардум пули истифодаи барқро дар вақташ месупорад ва ҳаққаш набояд поймол карда шавад. Мақомот қаблан сокинонро ба насупурдани миллионҳо сомонӣ пули барқ муттаҳам карда буданд.

XS
SM
MD
LG