Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 сол зиндон. Эълони ҳукми як марди тоҷик дар Бритониё

Акси Абдулманнон Алиев аз саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Акси Абдулманнон Алиев аз саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Як паноҳҷӯйи тоҷикро дар Лондон бо иттиҳоми қасди таҷовуз ба як духтари сездаҳсола ба 12 сол зиндон маҳкум кардаанд. Худаш гуфтааст, нисбат ба ӯ туҳмат заданд.

Абдулманнон Алиев 50-сола аст ва моҳи июни соли 2025 бо гумони озори ҷинсии духтари ноболиғ дар дохили қатор (поезд) боздошт шуда буд. Ҳукми ӯ рӯзи 23-юми июн содир шуд.

Нашрияи "Телеграф" рӯзи 24-уми июн ҷузъиёти мурофиаро нашр кард. Ба навиштаи манбаъ, додгоҳ гуфтааст, Абдулманнон Алиев дар қатор (поезд) ба узвҳои маҳрамонаи духтари ноболиғ, ки танҳо сафар мекард, даст зада, кӯшидааст, ӯро таҷовуз кунад.

Алиев дар мурофиаи додгоҳӣ ин иттиҳомро рад карда, гуфтааст, ӯ бемории пӯст дорад ва танҳо дар рӯ ба рӯи духтар бадани худро хорид. Талоши мо барои ёфтани наздиконаш дар Тоҷикистон ва фаҳмидани мавқеи онҳо то ин дам бенатиҷа буд.

Додрас Мэттю Бойл гуфтааст, далел доранд, ки Абдулманнон Алиев кӯдаки танҳо ва осебпазирро ҳангоми ҳаракати қатор (поезд) аз беруни Лондон ба дохили шаҳр озори ҷинсӣ дода, ба шармгоҳи ӯ даст задааст.

Ба гуфтаи додрас, як мусофире шоҳиди ин ҳолат шуда, ба ӯ гуфтааст, даст аз ин кор бардорад, вале Алиев бо вуҷуди ҳушдор ба амали худ идома дода, хостааст, аз рӯйи либос ба ин наврас дастдарозӣ кунад.

Додгоҳ гуфтааст, Алиев аз зумраи он касонест, ки метавонад боз ба чунин кор даст зананд ва аз ин рӯ ӯ то охири умр дар феҳрасти “ҷинояткорони ҷинсӣ” хоҳад монд.

Ба гузориши расонаҳои Бритониё, Абдулманнон Алиев дар додгоҳ ба номи Худо қасам хӯрдааст, ки ин корро накард ва дар ҳаққаш туҳмат заданд. Ӯ гуфтааст, ҳамсару шаш духтар дорад.

Мақомоти Бритониё гуфтаанд, Алиев аз ин кишвар ронда хоҳад шуд, аммо шарҳ надодаанд, ки кай.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG