Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Ню-Йорк рафт. Ҷанг дар Ғазза ва Украина баҳс мешавад


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 21-уми сентябр бо ҳадафи суханронӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорки Амрико сафар кардааст.

Дар 80-умин Маҷмаи умумии СММ баҳси аслӣ, "сулҳ, рушд ва ҳуқуқи башар" буда, бо эҳтимоли зиёд мавзуи ҷанги Исроил дар Ғазза, ҷанги Русия дар Украина ва таҳримҳо алайҳи Эрон барои барномаи ҳастаиаш аз мавзуҳои марказӣ хоҳанд буд.

Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 23-юми сентябр аз минбари СММ суханронӣ хоҳад кард. Матни имсолаи суханронии ӯ маълум нест, вале дар солҳои гузашта аз таъсиси давлати Фаластин пуштибонӣ карда буд, вале дар мавриди ҷанги Русия ва Украина чизе нагуфтааст.

Хабаргузории “Ройтерс” навиштааст, ки ба эҳтимоли зиёд раҳбарони кишварҳо ба низоъ миёни Исроил ва гурӯҳи ҲАМОС, ки аз ҷониби Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ дониста мешавад, таваҷҷӯҳ хоҳанд кард. Ҷанг дар Ғазза наздик ба ду сол боз идома дорад. Аксар созмону кишварҳои ҷаҳон Исроилро ба нақзи ҳуқуқи башар ва куштани занону кӯдакон гунаҳкор медонанд. Исроил ҳамеша инро рад кардааст. Мақомоти Фаластин мегӯянд, аз оғози ҷанг дар Ғазза беш аз 64 ҳазор нафар кушта шудаааст.

Дар арафаи Маҷмаи умумии СММ чор кишвари ғарбӣ: Британия, Канада, Австралия ва Португалия давлати Фаластинро ба расмият шинохтанд.

Раҳбари фаластиниҳо Маҳмуд Аббос раводиди сафар ба Амрико дарёфт накард ва иштироккунандагони Маҷмаи умумӣ паёми ӯро рӯзи 23-юми сентябр эҳтимолан "онлайн" ё худ аз навори сабтшудаи видеоӣ тамошо мекунанд.
Аммо тибқи анъана Маҷмаи умумӣ бо паёми кишвари Бразилия шурӯъ шуда, сипас навбат ба президенти ИМА Доналд Трамп дода мешавад. Раҳбари Амрико барои хатми ҷанги сесолаи Русия дар Украина талоши зиёд кардаву интизороти иштироккунандгони Маҷмаи умумӣ ин аст, ки оё Трамп барои моил намудани Русия ба сулҳ зидди ин кишвар таҳримҳои ҷадиде ҷорӣ хоҳад кард ё не?
Ҳамчунон дар нимаи аввали 23-юми сентябр паёмҳои раҳбарони Қазоқистон ва Узбекистон аз минбари СММ ироа мешаванд. Раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон дар нимаи дуюми рӯз суханронӣ мекунанд. Дафтари матбуотии Президенти Тоҷикистон дар бораи сафари президенти Тоҷикистон ба Маҷмаи умумии СММ хабар додааст, вале дар бораи мавзӯъҳои мавриди тавҷаҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон чизе нагуфтааст. Дар гузашта Тоҷикистон аз Фаластин пуштибонӣ карда буд.
Пешбинӣ мешавад, дар канори матолиби рӯз Маҷмаи умумии СММ ба мавзӯъҳои тағйири иқлим, ҳифзи ҳуқуқи занон ва номзадҳои мақоми дабири кулли СММ табодули назар кунанд. Моҳи декабри соли 2026-ум даври дуюми раҳбарии Антонио Гутерреш ба анҷом мерасад ва 15 узви Шӯрои Амнияти СММ бояд ба 193 узви Маҷмаи умумии СММ рӯйхати номзадҳои сазоворро пешниҳод кунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG