Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон баргашт, сару садо фурӯ нишаст?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Ермек Кошербоев, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Ермек Кошербоев, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон

Бо вуҷуди нашри аксу видеоҳои пайиҳам аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои давлатӣ, ҳадсу гумон дар бораи камнамо шудани ӯ рафъ нашудааст.

Эмомалӣ Раҳмон пас аз нишасти 28-уми январ бо раҳбарони ниҳодҳои интизомӣ ва қудратӣ то 14-уми феврал на дар расонаҳои давлатӣ ва на дар расми кушодани корхонае, ё мулоқот бо мардум дида нашуд. Камнамо шудани ӯ, ки ҳар рӯз дар расонаҳои давлатӣ намоён буд, ҳадсу гумон барангехт, ки гуё бемор шудааст ва муолиҷа мегирад.

Баъзе аз манобеъ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон бемор нест ва фақат барои истироҳат ба ҷазираи Ҳайнани Чин рафтааст. Баъд аз ин дафтари матбуоти президент дар бораи мулоқоти барномарезишудаи Эмомалӣ Раҳмон хабар дод.

Рӯзи 14-уми феврал видеои мулоқоти ӯ бо Тсзоу Ҷиай, раҳбари Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Зербунёдҳоро нашр карданд, ки дар ҷараёни он “маблағгузории дарозмуддат” аз ҷумла барои нерӯгоҳи “Роғун” баррасӣ шудааст.

Рӯзе баъд, 15-уми феврал, паёми табрикии ӯ ба номи раҳбари Чин нашр шуд, ки ғайримуқаррарӣ ба ҳисоб меравад, чун паёмҳои Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбарони кишварҳо аслан хаттӣ нашр мешаванд.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур рӯзи 16-уми феврал гузориш дод, ки ӯ чанд қонун, аз ҷумла дар бораи “Хариди давлатӣ”-ро имзо кардааст ва онҳо пас аз чоп дар нашрияҳои расмӣ ба иҷро медароянд.

Дар ҳамин рӯз Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербоев суҳбат кардааст. Кошербоев бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад. "Дар ҷараёни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои гуногун муҳокима шуданд," – гуфта шудааст дар хабарномаи расмӣ.

Эмомалӣ Раҳмон як сол баъд аз эълони истиқлоли Тоҷикистон ва дар ибтидои ҷанги шаҳрвандии вайронгари панҷсола ба қудрат расид. Аз он замон то кунун раҳбари кишвар аст. Тарафдоронаш ӯро кафили суботу оромӣ ва сипаре аз ноамниҳои Афғонистони ҳамсоя мешуморанд.

Созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ ӯро барои беэътиноӣ ба ҳуқуқи инсон, саркӯби дигарандешону расонаҳои мустақил ва таъйини аъзои хонавода ва ҳампаймонҳои наздикаш дар мақомҳои баландтарини Тоҷикистон танқид мекунанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Аксу паёми Эмомалӣ Раҳмон дар пасманзари овозаҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00


  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG