Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машварати Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар остонаи интихоботҳо


Нишасти хабарӣ

Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон машварат додааст, ки дар пешорӯи интихоботи порлумонӣ ва президентии соли 2020 дар кишвар "фазои сиёсиро бозтар кунад". Ин нукта дар хабарномаи Иттиҳоди Аврупо рӯзи 10-уми декабр зикр шудааст, аммо ҷузъиёте дар даст нест.

Рӯзи сешанбе дар шаҳри Брюссел ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд. Бино ба иттилоияе, ки баъди нишаст нашр шуд, "дар ҷаласа масоили ҳуқуқи башар низ баррасӣ шуд, масалан, талошҳои Тоҷикистон барои ислоҳи низоми маҳбасҳо ва кам кардани заъфпазирии ҳам зиндониҳо ва ҳам зиндонбонҳо."

Тоҷикистон дар як соли гузашта шоҳиди дастикам ду ошӯби пурқурбонӣ дар зиндонҳо будааст. Баъди ин мақомот гуфтанд, аз пайи ислоҳот дар низоми зиндонҳо мешаванд, вале вазъи воқеӣ ҳамоно аз чашми ҷомеаи маданӣ ва матбуот пинҳон аст.

Бо ин ҳол, ҳайатҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳор доштанд, ки гуфтушуниди онҳо рӯзи 10-уми декабр дар Брюссел бо натиҷаҳои хуб ва дар фазои дӯстона ҷараён гирифта, тарафҳо дар ҳамаи масъалаҳои мавриди баҳс ба тафоҳум расиданд​. Ҳайати Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва ҳайати Иттиҳоди Аврупоро Гордан Грлич Радман, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Хорватия сарварӣ карданд.

Сарони ҳарду ҳайат гуфтанд, аз натиҷаҳои нишасти 8-уми Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо розиянд. Ин нахустин ҳамоиши дуҷониба пас аз эълон шудани стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказист, ки тобистони имсол пазируфта шуд ва ҳадафи он – «татбиқи сиёсати ИА ба имкониятҳои нав дар ОМ» гуфта мешавад.

Раҳбари ҳайати ИА Гордан Грлич Радман дар нишасти хабарии муштарак гуфт, нишаст дар фазои ошкоро ва созанда ҷараён гирифт ва тарафи Тоҷикистон ҳамаи нукоти пешниҳодии Иттиҳоди Аврупоро пазируфт. Радман ҷузъиёт наовард, танҳо риштаҳои гуфтугӯро номбар кард, ки ба онҳо ҳамаи масъалаҳои марбут ба равобити дуҷониба, ҳокимияти қонун, рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, амният, ҳуқуқи инсон, мубориза бо фасод, рушди ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғайра шомил шудаанд.

“Мо дар бораи роҳҳои беҳбуди вазъи соҳибкорӣ ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва рушди ҳамкориҳои минтақаӣ дар Осиёи Марказӣ суҳбат кардем", -- гуфт Радман.

Тибқи маъмул ҷузъиёти ин гуфтугӯҳо, ки ҳатман масъалаҳои доғеро дар бар мегиранд, паси дарҳои баста монданд. Вале таъкиди Радман ба он ки Тоҷикистон ҳамаи нукоти пешниҳодиро пазируфт, баёнгари он буда метавонад, ки ИА дар баробари кумакҳояш шартҳои муайянеро низ гузоштааст ва тарафи дигар онҳоро пазируфтааст.

Сироҷиддин Муҳриддин, раҳбари ҳайати Тоҷикистон аз кумакҳои ИА дар рушди кишвар изҳори сипос намуд ва ба аҳамияти онҳо ва ҳамчунин идомаи муколама бо Иттиҳоди Аврупо ҳимоят кард. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон дар ин нишаст ба чаҳорчӯби ҳуқуқии ҳамкорӣ бо ИА, рушди тиҷорат дар Осиёи Марказӣ дар шароити нав ва беҳтар таваҷҷуҳ кардааст.

"Мо дар бораи масъалаҳои амнияти минтақа, ба вижа бо назардошти вазъи Афғонистон ва таҳкими амният дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон табодули назар кардем", -- гуфт вазири умури хориҷии Тоҷикистон.

Рӯзи 17-уми июни имсол дар Люксембург вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо стратегияи нави ин ниҳодро барои Осиёи Марказӣ тасдиқ карданд. Стратегияи пешини ИА соли 2007 қабул шуда буд.

Бар асоси ин санад роҳандозии ҳамкориҳои наздики Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои минтақа дар масоиле ба монанди ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқи башар, кумак дар рушди иқтисодӣ ва ҷалби сармояҳо, мустақилияти додгоҳӣ ва тақвияти иқтисоди бозаргониро дар назар аст. Матни стратегияи нав мегӯяд, ин санад бо ҳадафи кумак дар тақвияти имкониятҳои кишварҳои ОМ дар баробари мушкилоти дохиливу берунӣ ва таъмини шукуфоии минтақа аз ҳисоби модернизатсия ва сармоягузориву дастгирии ҷавонон мебошад.

Иттиҳоди Аврупо дар солҳои 2014-2020 ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 227 миллион евро кумак кардааст, ки ин маблағҳо ба бахшҳои маориф, беҳдошт ва рушди деҳот равона шудааст.

Бар асоси стратегияи пешини ИА барои Осиёи Марказӣ дар давоми 7 соли гузашта ба тамоми кишварҳои минтақа дар ҳаҷми 1 миллиард евро кумаку барномаҳо ироа шудааст ва интизор меравад, бар асоси стратегияи нав ин ёриҳо афзоиш ёбанд.

“Равобити дуҷонибаи тиҷоратии миёни Тоҷикистон ва ИА, дар муқоиса бо кишварҳои дигари ОМ маҳдуд аст”, -- омадааст дар матни стратегия. Соли 2018 ҳаҷми содироти мол аз Тоҷикистон 47 миллион евро ва аз ИА ба Тоҷикистон 174 миллион евроро ташкил додааст. Дар қиёс бо соли 2007, ки ҳаҷми содироти мол аз Тоҷикистон ба Аврупо 268 миллион евроро ташкил дода буд. Ба навиштаи муаллифони гузориш, ин нишондод бо далели “пайваста коҳиш ёфтани нархи алюминий – маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба Аврупо – шадидан коҳиш ёфтааст. ИА ба Тоҷикистон бештар таҷҳизоти фаннӣ ва маводи тиббӣ ворид мекунад.

Дар стратегияи ИА барои ОМ гуфта мешавад, ки масоили ҳуқуқи башар дар сиёсати хориҷии ИА, аз ҷумла дар робита бо ҳамкориҳои дуҷониба бо Тоҷикистон хеле муҳим мебошад.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG