Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти собиқ, миллионер ва гумонбар ба фасод. Отамбоев кист? ВИДЕО


Алмосбек Отамбоев

Алмосбек Отамбоев чӣ гуна ба қудрат расид ва дар замони раҳбарии ӯ дар Қирғизистон чӣ моҷароҳо гузашт? Отамбоеви 62-сола аз соли 2011 то 2017 раиси ҷумҳури Қирғизистон буд. Ӯро рӯзи 8-уми август дастгир ва ба фасод муттаҳам карданд.

Президенти собиқ, раҳбари яке аз ҳизбҳои бонуфуз ва мултимиллионер. Алмосбек Отамбоев худро чунин тавсиф мекард.

Вай ҳашт сол пеш раиси ҷумҳури Қирғизистон шуд ва дар ин мақом Роза Отунбоеваро иваз намуд. Отунбоева баъд аз хунрезиҳои соли 2010-ум ба қудрат расида буд.

Он замон, баъд аз табаддулот, президенти дувуми Қирғизистон Қурмонбек Боқиев маҷбур шуд, ки аз кишвар фирор кунад. Инқилоби дувум дар Қирғиғистон 7-уми апрели соли 2010 оғоз шуд. Тазоҳургарон ба тарафи "Кохи Сафед"-и Бишкек ҳаракат карданд. Дар натиҷа, ғасби бинои ҳукумат мисли имрӯз аз бинои "Медиа-Форум" оғоз шуд. Ин бино ба Алмосбек Отамбоев тааллуқ дорад.

Отамбоев се дафъа талош кардааст, ки президенти Қирғизистон шавад. Вақте ин имкон ба ӯ даст дод, дар атрофаш одамони худро ҷамъ овард.

Ҳар тағйироти кадрӣ дар замони раҳбарии ӯ моҷаро бармеангехт. Ёрони наздики президент яке паси дигар дар зинаҳои мансаб бо суръат боло рафтанд.

Барои мисол, ронандаи шахсии ӯ Икромҷон Илмиянов муовини раҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Қирғизистон шуд. Ва муҳофизонаш Улан Исроилов ва Дамир Мусакеев -- сардорони раёсат дар Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ.

Президент, миллионер ва гумонбар ба фасод. Отамбоев кист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Алмосбек Отамбоев яке аз президентҳои эҳсосӣ дар Қирғизистон буд. Суханрониҳои ӯ борҳо ба моҷароҳи байналмилалӣ сабаб шудааст.

Ӯ ду сол пеш раиси ҷумҳури собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро танқид кард, ки ба корҳои дохилии Қирғизистон дахолат мекунад. "​Ӯ дороиҳои Қазоқистонро ғорат мекунад. Ин сарват дар дасти мардуми Қазоқистон нест!", -- гуфта буд Отамбоев.

Баъди ин изҳорот, Қазоқистон якбора тартиби гузаштан аз гузаргоҳҳои марзиро сахттар кард. Дар натиҷа садҳо мошини борбар ва ҳазорҳо нафар аз сокинон натавонистанд аз Қирғизистон ба Қазоқистон гузаранд ва тоҷирон зиёни зиёд диданд.

Ҳамон сол муҳлати президентии Отамбоев ба поён расид. Ба ҷойи ӯ "ворис"-аш Сооронбой Ҷеенбеков омад.

Баъд аз чанд моҳ байни президенти пешин ва президенти ҳозира нофаҳмӣ сар зад. Афроди наздик ба Отамбоев на танҳо аз мақом рафтанд, балки бисёре аз онҳо “қаҳрамон”-и парвандаҳои пурсарусадои ҷиноӣ ҳастанд. Ба мисли коррупсия ҳангоми азнавсозии Маркази барқу гармидиҳии Бишкек. Гап дар бораи тороҷи 380 миллион доллар маблағи грантии Чин меравад.

Номи Отамбоев дар чанд ҳодисаи пурсарусадо зикр шудааст. Дар замони раёсати ӯ Азиз Батукаев, яке аз сарони олами ҷиноиро ғайриқонунӣ озод кардаанд.

Чанде пеш порлумони Қирғизистон масунияти Отамбоевро бекор кард. Ва муфаттишон ӯро ба бозпурсӣ даъват намуданд.

"Метавонед маро парронед, аммо..." Видеои боздошти Отамбоев​

Отамбоевро ба коррупсия муттаҳам карданд. ВИДЕО, АКС

Талоши боздошти президенти пешин бо муқовимати хунин рӯбарӯ шуд. ВИДЕО

Амалиёти боздошти Отамбоев. Рӯзи дувум. ВИДЕО, АКС

Рӯбучини хонаи Отамбоев пас аз даргириҳои хунин
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG