Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Facebook дар Тоҷикистон хабаррасони асосӣ шудааст, вале бештар барои мардҳо


Шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмакрасонҳо ба беҳтарин манбаи хабарии сокинони Осиёи Марказӣ табдил меёбанд, аммо эътимод ба онҳо дар баробари сомонаҳои расмӣ камтар аст. Ин дарёфтро дар қатори чанд натиҷагирии дигар Пажуҳишгоҳи бритониёии бозтоби ҷанг ва сулҳ ё IWPR эълом доштааст.

Facebook дар Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамчун беҳтарин манбаи огоҳии мардум аз рӯйдодҳои ҷаҳон ва ин кишварҳо дониста шудааст, вале ин ҷойгоҳро дар Қазоқистон ва Қирғизистон Instagram ишғол мекунад.

Ҳангоми муаррифии пажуҳиш рӯзи 11-уми сентябр ин чиз ҳам зикр гашт, ки рӯзноманигорон ва расонаҳои ахбори ом ҳанӯз натавонистаанд, тавоноиҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмакрасонҳо барои нашри хабару матолиби худ истифода кунанд. Аз сӯе ҳам хабарҳои дурӯғ, таблиғот ва "забони хушунатомез" дар ин расонаҳо ба корбарон ин боварро надодааст, ки онҳоро ба манбаи ягонаи дарёфти хабарҳо табдил диҳанд.

Роҳҳои фактсанҷӣ ва ҷудо кардани рост аз дурӯғ танҳо акнун кам ё беш миёни корбарон ривоҷ пайдо мекунад.

Дар ҳоле ки ҳамаи ин хулосаҳо ба вазъи шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмакрасонҳо дар Тоҷикистон низ хос аст, бозёфти фарқкунанда ин аст, ки занон дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ камтарин дастрасиро ба онҳо доранд.

Ба гуфтаи Лола Олимова, роҳбари бахши пажӯҳишии намояндагии IWPR дар Тоҷикистон, чаҳор сабаб чунин ҳолатро ба миён овардааст:

  • имконоти маҳдуди молӣ
  • ноогоҳӣ аз фанновариҳои интернетӣ
  • вижагиҳои фарҳангию суннатӣ
  • "зӯроварӣ" аз сӯйи мардон

Бонувони тоҷик аксаран истиқлоли молӣ надоранд ва аз харҷҳои барзиёди будҷаи хонадон худдорӣ мекунанд. Шиносоии онҳо бо шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмакрасонҳо назар ба мардон ба маротиб камтар аст.

Ҷомеаи мардсолор ба занону духтароне, ки аз телефонҳои ҳушманд шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмакрасонҳо истифодаи фарох доранд, бо шубҳа менигарад. Вале дар муҳоҷирати корӣ қарор доштани аъзои хонаводаҳо занонро водор мекунад, аз ин фанновариҳои нави иттилоотӣ барои тамос истифода намоянд.

Оилаи Ҷаҳонгул Тошева, сокини шаҳри Душанбе дар манзили худ дастгоҳи Wi-Fi дорад ва аҳли хонадон аз хадамоти интернетӣ фаровон истифода мекунанд. Тошева рӯзи 12-уми сентябр гуфт, зиндагии имрӯзаро бе интернет тасаввур кардан ғайриимкон аст.

"Фарзандонам дар муҳоҷирати корӣ ҳастанд ва ҳамарӯза бо мессенҷерҳо бо онҳо суҳбат мекунем. Духтарону келинҳоям низ ҳамин тавр ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо дастрасӣ доранд. Шавҳарам ва писаронам мухолифи истифода аз интернет нестанд," -- афзуд Тошева.

Бештаре аз пурсидашудагони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе низ изҳор доштанд, ки аз интернет барои сӯҳбатҳои телефонӣ ва хондани ахбор истифода мекунанд. Аммо, шумораи ками бонувон изҳор доштанд, ки волидонашон барои истифодаи зиёди интернет иҷоза намедиҳанд.

"Манбаи бадахлоқӣ" дониста шудани интернет аз тарафи бархе аз руҳониён низ пеш аз ҳама ба дастрасии занону духтарон ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмакрасонҳо таъсири манфӣ мегузорад.

Ин дар ҳолест, ки чунин шабакаҳо ҳарчӣ бештар ба манбаи асосии хабару дониш табдил мешаванд. Умед Бобохонов, муассис ва сардабири гурӯҳи расонаҳои “Азия Плюс” ба Радиои Озодӣ гуфт, як сол пеш онҳо тасмим гирифтаанд таваҷҷӯҳи худро барои пахши хабарҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо афзоиш диҳанд. Бобохонов гуфт, талош доранд барои бонувон дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолиби ҷолиб пешниҳод кунанд.

"Зеро ояндаи расонаҳо ба ин ду навъи расонаҳои интернетӣ вобаста мебошад. Мо феълан ахбори худро тавассути мессенҷерҳо паҳн мекунем. Расонаҳои Тоҷикистон хеле кам ахбореро пешниҳод мекунанд, ки барои хонумону бонувони хонанда ҷолиб бошад", -- таъкид кард Бобохонов.

Пажуҳишгоҳи бритониёии бозтоби ҷанг ва сулҳ ба вазоратҳои маорифи кишварҳои Осииёи Марказӣ тавсия дод, ки дар факултаҳои журнализм малакаҳои кори рӯзноманигорони оянда ва роҳҳои ҳифзи меъёрҳои асили касбӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмакрасонҳо омӯзонда шавад.

XS
SM
MD
LG