Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ё.Файзов иддаои бартарии Оғохон бар раҳбари сиёсиро "соддалавҳона" номид


Кумитаи дини Тоҷикистон бо ирсоли як мактуб аз мақомоти вилояти Бадахшон хостааст, ки аз таблиғи мазҳаби исмоилӣ дар мактабҳо ҷилавгирӣ карда, навиштаҷоти таблиғи пешвои исмоилиёнро аз баландиҳо бардоранд.

Масъулини Кумитаи дин навиштаҳои "Хуш омадӣ Имоми мо, ҷашни алмосӣ муборак" ва "Мо имоми худро дӯст дорем"-ро ҳамчун "бартарияти мазҳаби шиаи имомии исмоилӣ ва Оғохон нисбат ба Пешвои миллиат" арзёбӣ кардааст. Аммо масъулини вилояти Бадахшон мегӯянд, чунин бардошт дуруст нест.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 200 ҳазор аҳолӣ дорад ва аксарияти онҳо пайрави мазҳаби исмоилӣ мебошад. Ҳамасола пайравони мазҳаби исмоилӣ ҷашни алмосӣ ё солгарди ба тахти имомат нишастани Шоҳзода Карим Оғохони IV - чиҳилу нӯҳумин пешвои рӯҳонии худро таҷлил мекунанд.

"Таблиғи мазҳаб бо баҳонаи дарси забони хориҷӣ"

Мактуби Кумитаи дини Тоҷикистон бо имзои Фарухулло Олимзода, муовини раиси ин кумита 26-уми феврали соли равон ба мақомоти Бадахшон ирсол шудааст. Ин мактуб рӯзи 17-уми март ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва баҳсҳои зиёдеро барпо кард.

Роҳ ёфтани мактуби Кумитаи дин ба мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси гармеро ба миён овард.

Дар мактуби худ масъулини Кумитаи дин бар асоси маълумоти мақомоти қудратӣ мегӯянд, "Анҷумани тариқаи исмоилӣ ва таълимоти динӣ" дар мактабҳои Бадахшон "бо баҳонаи дарсҳои забони хориҷӣ, таълимоти мазҳаби шиаи имомии исмоилиро ба роҳ мондааст".

​Кумитаи дини Тоҷикистон аз мақомоти Бадахшон талаб кардаст, ки ин ҳолатҳоро баррасӣ карда, "барои бартараф намудани онҳо чораҳои қатъӣ андешида шавад".

Дар Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 18-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, воқеан бо ин мазмун ба мақомоти Бадахшон мактуб равон кардаанд.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси қонунгузории Тоҷикистон ва принсипи ҷудо будани таҳсилоти давлатӣ аз иттиҳодияҳои динӣ, таълим дар мактабҳо хусусияти дунявӣ дорад. Ба ин хотир Афшини Муқим гуфт, "бартарият додани дилхоҳ ақидаву ҷаҳонбинӣ ва аломатҳои динӣ мутобиқи меъёрҳои давлати демократӣ нест".

"Раиси вилоят: Чунин бардошт дуруст нест"

Кумитаи дин дар ҳоле аз таблиғи мазҳаби исмоилӣ дар мактабҳои Бадахшон ва овехтани навиштаҷотҳои мазҳабӣ дар ин вилоят нигаронӣ мекунад, ки мақомоти вилоят вазъро дигаргуна шарҳ медиҳанд.

Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшон гуфт, ин навиштаҷот ҳеҷ вақт "маънои онро надорад, ки мардум Пешвои мазҳабро нисбат ба Пешвои миллат камтар нағз мебинад". Рӯзи 18 март Ёдгор Файзов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшон.
Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшон.

"Ин гуфтаи бисёр соддалавҳона аст ва ин ягон ҳақиқат надорад. Мазҳаб чизи дигар асту сиёсат ва пешвои сиёсӣ дигар аст. Инро муқоиса кардан мумкин нест ва аз ин хулоса баровардан мумкин нест. Аз нуқтаи назари ҳам сиёсӣ ва ҳам мазҳабӣ инхел гапҳо хато ҳастанд", - гуфт раиси Бадахшон. Ёдгор Файзов афзуд, бо ин мазмун ба Кумитаи дин ҳам посух навиштанд.

Зимнан, Дафтари матбуоти мақомоти Бадахшон бо нашри як посух эродҳои Кумитаи динро шарҳ додааст. Мақомоти ин вилоят мегӯянд, дар мактабҳои Бадахшон омӯзиши забони англисӣ танҳо дар доираи барномаҳои давлатӣ сурат мегирад. Ба гуфтаи мақомот ин вилоят, аз ҷониби ягон ташкилоти ғайридавлатӣ ё динӣ, аз ҷумла Анҷумани тариқаи исмоилӣ ва таълимоти динӣ тадриси забони англисӣ роҳандозӣ карда нашудааст.

"Анҷумани таълимоти мазҳабӣ аслан ба омӯзиши забони хориҷӣ машғул набуда, балки дарсеро бо номи "Ахлоқ ва маърифат" дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сарпарастӣ мекунад, ки он дар ҳақиқат дар мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ, асосӣ ва умумӣ берун аз барномаи давлатӣ гузаронида мешавад. Маводи таълимии фанни "Ахлоқ ва маърифат" хусусияти иттилоотӣ-маърифатӣ дошта, ҷанбаи ибодатӣ ва расму оинҳои диниро доро намебошад",- гуфтанд мақомоти Бадахшон.

Бо ин ҳама мақомоти вилояти Бадахшон насби чароғакҳои равшанидиҳанда дар бораи Оғохони IV-ро тасдиқ карданд. Аммо дафтари матбуоти раиси вилояти Бадахшон мегӯяд, насби чунин аёниятҳо кори Анҷумани тариқаи исмоилӣ ва таълимоти динӣ ё тамоми мардуми вилоят набуда, амали ашхоси каме, ки бо гурӯҳҳои ҷиноятӣ ҳамкорӣ доранд, мебошад.

"Барои бартараф кардани онҳо пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Дар натиҷа дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят онҳо бартараф карда шуда, фақат дар шаҳри Хоруғ миқдори ками онҳо боқӣ мондааст",-мегӯяд манбаъ.

Роҳ ёфтани мактуби Кумитаи дин ба мақомоти Бадахшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси гармеро ба миён овард.

Шоҳзода Карим Оғохони чаҳор, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, аз ҷумла исмоилиҳои Тоҷикистон шинохта мешавад. Ӯ 82 сол дошта, аз замони ба тахт нишастан ё имоматии ӯ 61 сол гузаштааст.

Шоҳзода Карим Оғохони чаҳор дар миёни исмоилиҳои Тоҷикистон нуфузи беандоза дорад ва мардум барои кумакҳои билоивазаш дар мушкилтарин солҳои ҷанг аз ӯ сипосгузор ҳастанд.

Шоҳзода Оғохон тарҳҳои зиёдеро тавассути бунёди ҳамноми худ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ пиёда мекунад, ки аксаран тарҳҳои башардӯстона ҳастанд.

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG