Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолияти “Табибони бидуни марз”дар Русия қатъ шуд


Созмони байнулмилалии “Табибони бидуни марз” эълом кард, ки кори худро дар Русия бас кардааст. Дар изҳороти созмон гуфта шуда, ки “ин як тасмими маҷбурӣ буд”.

Вазорати адлияи Русия дар моҳи августи имсол “Табибони бидуни марз”-ро огоҳ кард, ки номи он аз феҳристи созмонҳои ғайридавлатии хориҷӣ дар он кишвар берун карда шудааст ва фаъолияти намояндагияш бояд қатъ карда шавад.

Ба гуфтаи масъулони вазорат, фаъолияти бахши созмон ба талаботи ойиннома ҷавобгӯ набуд.

“Табибони бидуни марз” дар Русия 32 сол боз кор мекард. Он якҷоя бо Вазорати тандурустии Русия барномаҳоеро дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, вилоятҳои Архангелск, Иванов ва Кемеров амалӣ менамуд.

Созмон баъд аз оғози ҷанги Русия дар Украина ба гурезаҳои украинӣ ва русиягие, ки дар пайи задухӯрдҳо маҷбур ба тарки хонаҳояшон шуда буданд, кумаки башардӯстона, аз ҷумла тиббӣ мерасонд.

XS
SM
MD
LG