Ислоҳи саросарии қонунҳо дар Қазоқистон шуруъ шудааст. Ин кор баъд аз раъйпурсӣ ва тағйирот ба Конститутсия ё Қонуни асосии ин кишвар сурат мегирад. Дар қатори санадҳои дигар, қонун дар бораи расонаҳо ё васоити ахбори умуми Қазоқистонро низ дигар мекунанд. Дар ҳоле ки мансабдорон саргарми бознависӣ ҳастанд, ҳомиёни ҳуқуқ аз ҷой ёфтани мафҳумҳое чун “ахлоқ” ва “арзишҳои суннатӣ” дар қонун нигаронанд.
Ҳимоят аз шаъну шараф?
Бахти вазири фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон рӯзи 18-уми март омад кард. Аида Балаева, ки дар сафари корӣ дар вилояти Туркистон буд, дар ҷаласаи ҳукумат ба таври маҷозӣ ё онлайн ҳузур ёфт, вагарна маҷбур мешуд ба суолҳои зиёди рӯзноманигорон посух бидиҳад.
Балаева изҳор дошт, ки қонунҳо барои мутобиқ шудан ба Конститутсия бояд бознависӣ гарданд. Аз ҷумла, қонун дар бораи расонаҳо ё васоити ахбори умум. Ба гуфтаи вай, ин дигаргунӣ танҳо ба фоидаи ҷомеа хоҳад буд.
Вай афзуд: "Такмили қонун дар бораи воситаҳои ахбори умум идома дорад. Дар назар аст, ки усулҳои озодии баён, ҳуқуқи шаҳрвандон барои дарёфту нашри иттилоот ва роҳ надодан ба сензура дар як чорчӯби ҳуқуқӣ пурратар инъикос ёбанд. Ҳамзамон роҳҳои ҳимоят аз шаъну шараф ва обрӯйи кории шаҳрвандон тақвият дода мешаванд."
Суханони Балаева дар бораи ҳифзи шаъну шараф ва обрӯ бештар аз ҳама суолҳоро дар миёни ҷомеаи хабарнигорон ба вуҷуд овард. Дар Қазоқистон ҳифзи шаъну шараф ва обрӯи корӣ на бо як қонуни алоҳида, балки бо маҷмӯи меъёрҳое танзим мешавад, ки дар кодексҳои гуногун навишта шудаанд.
"Норавшан" ва "Ғайриҳуқуқӣ"
Ба назари мудири як маркази ҳуқуқӣ, Диана Акрамова, бо тағйир ёфтани қонунгузорӣ кори расонаҳо ва блогерон душвортар мегардад. Акрамоваро бештар аз ҳама мафҳумҳои ба гуфтааш “норавшан” ва “ғайриҳуқуқӣ” дар бастаи ислоҳҳо нигарон кардааст.
Диана Акрамова гуфт: "Масалан, ман аз ибораи “ҳифзи ахлоқ” бисёр меҳаросам. Ин комилан мафҳуми ҳуқуқӣ нест. Ва ба назари ман, он метавонад барои давлат абзоре гардад, ки муносибат ва ҷазодиҳии интихобии рӯзноманигорон ва шахсони дигарро фароҳам биорад."
Дар маҷмуъ, дар Қонуни асосии нави Қазоқистон ба ахлоқ, тақвияти оила ва арзишҳои суннатӣ таваҷҷуҳи зиёде шудааст. Галим Агелеуов, раиси Бунёди "Liberty", мегӯяд, мақомоти Қазоқистон таҷрибаи Русияро фаъолона рӯйбардор мекунанд ва ин боис ба нигаронист. Ба назари ӯ, ин дигаргунӣ дар сурати пазируфта шуданаш фишоре ба ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳад гашт.
"Ба назари ман, ҳамаи ҳомиёни ҳуқуқ ва ҳамаи хабарнигорони фаъол зери хатар ҳастанд. Блогерҳо низ. Агар воқеан онҳоро аз навиштан ва аз таҳқиқоти рӯзноманигорӣ боздоранд. Агар низоми мутлақи давлатӣ дар кишвар ҳоким шавад, ки монеи озодии рӯзноманигорон гардад, он гоҳ ҳамаи ин афрод, ҳамаи намояндагони озоди ҷомеаи шаҳрвандӣ дигар вуҷуд нахоҳанд дошт," – шарҳ дод Галим Агелеуов.
Сарвазири Қазоқистон Олжас Бектенов мегӯяд, ҳукумат ва порлумон бояд панҷ қонуни нави конститутсиониро қабул ва ҳашт қонуни конститутсионии мавриди амалро ислоҳ ва зиёда аз 60 қонун, аз ҷумла кодексҳоро дигар кунанд.
Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, инки дар Конститутсияи нав меъёрҳои ахлоқӣ бештар ҷойгузини истилоҳҳои ҳуқуқӣ мешаванд, барои мисол, ҳифзи шаъну шараф метавонад ба осонӣ барои кам кардани танқидҳо истифода шавад.
Иҷрои Конститутсияи нав дар Қазоқистон аз якуми июл сар мешавад.
Гузориши видеоӣ дар инҷост: