Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарида Шарифова аз чӣ фавтид? Вазорат посух надод, аммо баҳс хомӯш нашуд. ВИДЕО


Фарида Шарифова
Фарида Шарифова

Пайвандони як зани фавтида дар ноҳияи Файзобод мегӯянд, барои фаҳмидани сабаби аслии марги ӯ омода ҳастанд, ҷасадро аз қабр берун оранд. Аммо пеш аз он мехоҳанд, додситонӣ барои ташхиси хуни ӯ дар озмоишгоҳе дар Русия ҳарчи зуд дархост фиристад.

Фарида Шарифоваи 30-сола, ки қаблан се кӯдак ба дунё овардааст, рӯзи 16-уми июл ҳангоми таваллуди тифли чаҳорум дар зоишгоҳи ноҳияи Файзобод даргузашт.

Табибон мегӯянд, ӯ бемории варикоз (васеъ шудани рагҳои пой) дошт ва эҳтимол ин боис ба марг шудааст. Пайвандон розӣ нестанд ва пизишконро дар марги духтарашон муқассир медонанд.

Абдураҳмон Шарифов, падари Фарида Шарифова, рӯзи 18-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз кашол ёфтани таҳқиқи қазия нигарон аст. Ӯ афзуд: “Дар аввал фикр кардем таваллуд карда натавонист. Вақте ҷасадро ба хона оварданду шустанд, гуфтанд, ки Фарида таваллуд накарда буд ва аз даҳону биниаш хун мерехт. Гуфтанд, аз дасташ сӯзандору гузаронида шудааст ва ҷойи он кабуд аст."

Волидон дар марги Фарида Шарифова ва тифли батнаш духтури навбатдорро муқассир медонанд, чун ба иддаои онҳо "бе ҳеч ташхису бемории ҷиддӣ дору гузарондааст".

Пизишки занона Шарқия Мирзоева, ки дар рӯзи фавти Фарида Шарифова дар зоишгоҳи ноҳияи Файзобод навбатдор будааст, дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт: “Аз рӯйи онҳое, ки нисбат ба ман туҳмат карданд, ба додситонӣ шикоят кардаам. Ҳар вақте ҷасад ташхис ва сабаби марг маълум мешавад, он вақт пурра суҳбат мекунам.”

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Хешовандон таҳқиқи марги зан ва тифли батнашро талаб доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

Мирзоева ҳафтаи пеш дар суҳбати телефонӣ гуфта буд, ки барои наҷоти ҷони ин зан тамоми талошро карданд, вале бенатиҷа буд. Дар ҳамин ҳол, мудири зоишгоҳ ва муовини мудири бемористони марказии ноҳияи Файзобод гуфтанд, "бе иҷозати раҳбар суҳбат намекунанд".

Хонаводаи Фарида Шарифова мегӯянд, барои он ки ба ин баҳс нуқта гузошта шавад, ду роҳ доранд. Ба қавли Зубайда Шарифова, аммаи Фарида, "яке ин аст, ки бо дархости додситонӣ хунашро дар Русия ташхис кунем. Чунин ташхис дар Тоҷикистон набудааст. Агар аз хуни ӯ, ки дар либосҳояш аст, сабаби марг маълум нашавад, баъдан қабрро кушода ҷасадро ташхис мекунем. Муҳим ин аст, ки сабаби фавт муайян шавад ва агар маргаш табиӣ нест, бигзор, гунаҳкорон ҷазо гиранд".

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо гузашти тақрибан як ҳафта аз фиристодани номаи расмӣ, ба Радиои Озодӣ ҳодисаро шарҳ надод. Аммо ду пизишки маркази саломатии ноҳияи Файзобод шикоят доранд, ки дар пайи ин ҳодиса муовини вазири тандурустӣ онҳоро аз вазифа сабукдӯш кардааст.

Наргис Саидова, муовини раҳбари КАТС (кумаки аввали тиббиву санитарӣ) оид ба модару кӯдак гуфт, ҳанӯз фармони аз кор рафтанаш имзо нашудааст, аммо дар ҳоли барканориаш то президент ва дастгоҳи раисҷумҳур додхоҳӣ кард. "То ҷое медонам, Фарида Шарифова дар замони ҳомила будан ҳафт дафъа ба маркази саломатӣ омада, аз муоинаи табибон гузаштааст. Ҳеч беморӣ надошт. Баҳонаи барканории мудири маркази модару кӯдак анҷоми муҳлати раҳбарӣ буда, сабаби барканории ман он будааст, ки панҷ сол ғайриихтисос дар инҷо кор кардаам. Яъне, духтури эндокринолог дар маркази саломатии модару кӯдак. Ман вазифаро нахаридаам, маро худи раҳбарият таъин карда буд, чун касе дар ин вазифа кор кардан намехост".

Бино бар омори Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, дар Тоҷикистон аз миёни ҳар 100 ҳазор модар ҳангоми таваллуд 24 нафар мефавтанд. Ин сабаб ҳам зикр гаштааст, ки барои фавти занон ҳангоми таваллуд ва беморони дигар бар асари хатои пизишкон тақрибан касе ҷазо намегирад ва биноан вазъ ҳам кам тағйир мекунад.

Ҳоло волидони Фарида Шарифова, ки се фарзанди ӯ нимаятим шуданд, аз мақомот мехоҳанд, ҳодиса мӯшикофона таҳқиқ ва аз маргумири модарони дигар ҷилавгирӣ шавад. Пизишкон ба бегуноҳии худ ва ҳамзамон таҳқиқи мунсифонаи ҳодиса таъкид доранд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG