Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ аз Тоҷикистон ба Русия сафар карда метавонад? ВИДЕО


Фурудгоҳи шаҳри Душанбе

Мувофиқи дастури ҳукумати Русия аз 16-уми март вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба хоки Русия манъ аст, ба истиснои панҷ ҳолат:

Кӣ аз Тоҷикистон ба Русия сафар карда метавонад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:48 0:00
  • Шахсоне, ки ВНЖ ё санади иқомати доимӣ дар Русияро доранд. Вале шахсоне, ки бо ин санад баъди 16-уми марти 2020 ба Тоҷикистон омадаанд, бо парвози чартерӣ ба Русия рафта наметавонанд. Онҳое, ки ВНЖ доранд ва аз ин пештар омада буданд, метавонанд, сафар кунанд;
  • Шахсоне, ки ширкаткунандаи барномаи кӯчбандӣ ё “Переселение” ҳастанд ва ҳамчунин аъзои оилаи онҳо ба парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия роҳ дода мешаванд;
  • Агар ҳамсар, фарзанд ва ё падару модари шахс шаҳрванди Русия бошад. Мусофир бояд дар ин бора ҳуҷҷати тасдиқкунандаро пешниҳод кунад;
  • Агар шахс бо ҳадафи табобат ба Русия биравад ва барои исбот аз ягон беморхонаи Русия даъватнома барои табобат ё аз Вазорати тандурустии Русия санад пешниҳод кунад;
  • Агар хеши наздик, аз ҷумла ҳамсар, волидон ва ё фарзанди шахс дар Русия бемор аст ва ӯ ба парасторӣ ниёз дорад. Ин қабил афрод ҳам бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ метавонанд вориди Русия шаванд.

Шарҳҳоро бинед (9)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG