Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обид Ҳомидов -- корсозу коргузори синамо, театр ва телевизион. ВИДЕО


Обид Ҳомидов, яке аз сарварони номдори телевизион, театр ва синамо дар Тоҷикистон дар синни 93-солагӣ фавтид. Ӯ миёнаҳои асри гузашта раҳбарии "Тоҷикфилм"-ро бар душ дошт. Пеш аз он нахустин мудири телевизиони навтаъсиси тоҷик буд.

Ба гуфтаи ҳунармандон, замони раҳбарии ӯ аз рӯи достонҳои "Шоҳнома" филм офарида шуд. Ҳунармандон ва мақомот аз ӯ ба унвони таърихи зиндаи Тоҷикистони навин ном мебаранд ва дар маросими видоъ аз хизматҳои арзишманди ӯ дар таъсис ва рушди телевизиону синамои тоҷик изҳори назар карданд.

Ҷамшед Раҳматов, собиқадори киностудияи "Тоҷикфилм" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки маҳз дар замони роҳбарии Обид Ҳомидов филмҳое наворбардорӣ шуданд, ки номи тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд.

"Обид Ҳомидов аз бузургмардони ҳунари тоҷик буд. Ӯ дар касби худ беҳамто буд. Маҳз дар давраи роҳбарии Обид Ҳомидов Борис Кимёгаров филмҳои худ аз рӯйи достонҳои "Шоҳнома"-ро офарид. Ин филмҳо дар ҷаҳон ҳамто надоштанд",--гуфт ӯ.

Обид Ҳомидов, ба гуфтаи Раҳматов, телевизиони Тоҷикистонро аз хишти аввал бунёд гузошт, сипас роҳбарии онро бар ӯҳда дошт.

Шералӣ Мустафоқулов, собиқадори телевизиони Тоҷикистон мегӯяд, ки Обид Ҳомидовро ҳамчун асосгузори телевизиони кишвар медонад.

"Устод Ҳомидов ҳатто баъд аз бознишаста шудан дар солҳои истиқлол барои рушди телевизион ва синамо хидмати бузург кардаанд. Ман шахсан чанд филми мустанад омода кардам ва қабл аз таҳияи он аз устод машварат мегирифтам. То ҷое иттилоъ дорам, то лаҳзаҳои ахир дар тамос бо кормандони шабакаҳои телевизионӣ ба онҳо аз роҳҳои беҳтар кардани барномаҳои телевизионӣ сӯҳбат мекарданд",--гуфт ӯ.

Обид Ҳомидов -- корсозу коргузори синамо, театр, телевизион
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

Ба иттилои Сафари Ҳақдод, раиси Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон, ҳафтае қабл Обид Ҳомидов ба киностудияи "Тоҷикфилм" ташриф оварда буданд ва дар сабти филми мустанад дар бораи 90-солаги синамои тоҷик ширкат кардаанд.

Бо вуҷуди пиронсолӣ, ба гуфтаи ӯ, сиҳатии Ҳомидов то рӯзҳои охир хуб буд.

Ҳамзамон ба он кас барои хидматҳои шоиста нишони фахрии 90-солагии синамои тоҷик тақдим карда шуд.

Заур Дахте, аккоси машҳури тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки як вижагии хоси Обид Ҳомидов ин будааст, ки талош дошт, кадрҳои ҷавонро пуштибонӣ кунанд. Ӯ гуфт, ки маҳз бо дастгирии Обид Ҳомидов нахустин филми худро наворбардорӣ кард.

"Обид Ҳомидов пайваста ҷавононро барои таҳсил ба донишкадаҳои Русия мефиристоданд, зеро талоши эшон ин буд, ки филмҳои тоҷикӣ асосан бо заҳмати мутахассисони тоҷик таҳия шавад. Масалан, дар таҳияи филми "Масҷиди кӯҳна" мо танҳо ду нафар ҳунарманд аз Туркманистонро даъват кардем. Ҳоло чӣ? Дар мо аслан кадрҳои синамо намондааст”.

Ҷасади Обид Ҳомидов нимарӯзии 25-уми октябр дар оромгоҳи Сари Осиё дафн карда шуд. Ӯ фаъолияти кории худро дар бахши радиошунавонии аз ноҳияи Варзоб оғоз кард. Дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон аз ҷониби Артиши Шӯравӣ ширкат кардааст. Дар яке аз муҳорибаҳо бо мина бархӯрда, ҷароҳатҳо бардошт ва танҳо соли 1950 ба ватан баргашт.

Баъд аз анҷоми вазифаи мудирият дар "Тоҷикфилм" Обид Ҳомидов муддате дар вазифаи мудири театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, мудири ансаблҳои рақсии "Лола" ва "Зебо" кор карда, сипас киностудияи шахсии "Синамо"-ро таъсис дод. Се писари Обид Ҳомидов хатмкардаи Донишкадаи синамои (ВГИК) Москва ҳастанд ва ҳарсе то ҳол машғули офаридани филмҳо мебошанд.

Обид Ҳомидов 9-уми майи соли 1926 дар Бухоро ба дунё омадааст ва дар наврасӣ ҳамроҳи аҳли хонавода ба Тоҷикистон кӯчидааст. Аз соли 1959 ҳаёти ӯ бо телевизион, дертар синамо ва театр пайвастааст.

Обид Ҳомидов нахустин ҳайати эҷодии телевизиони навтаъсиси Тоҷикистонро бунёд ва аввалин намоишҳои онро пахш кардааст.

Дар солҳои 1960 сарварии киностудияи "Тоҷикфилм" ба зиммаи Обид Ҳомидов гузошта шуд. Дар ин давра аввал филми “Парчами Кова” ва сипас силсилаи филмҳо бар пояи "Шоҳнома" ва ҳам филми "Ситорае дар тирашаб" дар бораи Аҳмади Дониш ба наворбардошта шуданд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG