Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Газпром" дар Тоҷикистон газ наёфт ё газ накофт?


Алексей Миллер, раиси ширкати "Газпром" ва Ҷӯрабек Нурмаҳмадов, вазири пешини энергетикаи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Алексей Миллер, раиси ширкати "Газпром" ва Ҷӯрабек Нурмаҳмадов, вазири пешини энергетикаи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Як мутахассиси ботаҷрибаи соҳаи нафту гази Тоҷикистон иддао дорад, ки на ширкати “Газпром Интернешнл” ва на “Тетис Петроилюм” дар асл нияти истихроҷи газу нафт дар кишварро надоранд. Набӣ Маликов – раиси собиқи Идораи нафту гази Вазорати энержии Тоҷикистон ва ширкати давлатии “Тоҷикнефт” – рӯзи 8-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳукуматро зарур аст иҷозатномаи онҳоро бозбинӣ кунад”.

Шумо суол гузоред: чаро ширкати “Бохтар”, ки 56 литсензияро дар ихтиёр дорад, ҳатто дар яке аз онҳо як чоҳ ҳам накофт? Вақте ба ин суол посух ёфтед, баъдан маълум мешавад, ки дигар ширкатҳо дар Тоҷикистон чӣ хел кор мекунанд ва “Газпром” чӣ гуна фаъолият дорад

Маликов мегӯяд, бо вуҷуди чанд соли фаъолият, ширкатҳои бузурги хориҷие, ба монанди “Газпром Интернешнл” ва “Тетис Петролиюм” барои истихроҷи воқеии газу нафт аз конҳои кишвар кӯшиш накарданд.

“Ваъдаи таъмин бо газу нафтӣ худӣ куҷо шуд?”

Қабл аз ҳама “Газпром” вориди бозори Тоҷикистон шуд ва барои пеш бурдани корҳои истихроҷ дар чаҳор мавзеи аз ҳама ояндадор – Саргазон, Рангон, Шоҳамбарии ғарбӣ ва Сариқамиш – иҷозатнома гирифт. “Мувофиқи ҳисобҳояшон аз нигоҳи иқтисодӣ ҳама фоидовар буд. Аммо дар кони “Саргазон” 10 дар сади корҳоро анҷом надода, ба Сариқамиш гузаштанд. Дар онҷо дар 4 сол фақат як чоҳ кофтанд. Ҳол он ки дар кишварҳои дигар чунин чоҳро дар муддати як сол мекобанд”, - гуфт Набӣ Маликов.

Вай гуфт, ин ширкат беш аз 100 миллион доллар барои як чоҳ харҷ кардааст, ҳол он ки бо ин маблағ мешуд чанд чоҳ кофт ва истихроҷро шурӯъ кард.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, аз соли 2003 ба ин сӯ чанде аз роҳбарони баландпояи “Газпром” аз ҷумла мудири кулли он Алексей Миллер ва ҳамчунин Дмитрий Медведев, нахуствазири кунунӣ ва дар гузашта раиси ҷумҳури Русия ба Тоҷикистон омада, ваъда дода буданд, ки дар зарфи ду ё дувуним сол кишварро бо нафту гази худӣ таъмин мекунанд. “Аммо ин ваъдаҳо иҷро нашуд ва зоҳиран Русия барои аз ҷиҳати энергетикӣ мустақил шудани Тоҷикистон чандон манфитадор нестанд”, - бовар дорад ӯ.

Ҳадаф истихроҷи нафт ё харидуфурӯши “литсензия”?

Набӣ Маликов мегӯяд, ҳоло “Газпром Интернешнл” дар чаҳор мавзеи қаблан дар ихтиёраш буда ягон натиҷа ба даст наовардааст ва мехоҳад дар шимоли кишвар иҷозатномаҳои нав ба даст биорад. Маликов мегӯяд, монанди “Газпром Интернешнл” нияти “Тетис Петролиюм” низ дар Тоҷикистон ҷиҳати истихроҷи нафту газ ҷиддӣ набуд. Танҳо манфиате, ки “Тетис” дар Тоҷикистон пайгирӣ мекард, ин фурӯши литсензия ё иҷозатномаҳои конҳои нафту газ ба ширкатҳои бузург буд, ки ба ин нияташ расид.

Ширкати “Тетис Петролиюм”, ки барои истихроҷи нафт аз конҳои мавзеи Бохтар даҳҳо иҷозатнома дорад, соли 2013 ду ширкати азими ҷаҳонии Total-и Фаронса ва CNPC-и Чинро даъват карда буд. “Аммо аслан ин ширкат иҷозатномаҳояшро ба ин ду ширкати ҷаҳонӣ қисман фурӯхта, аз ин фоида ба даст овард. Дар асл нияти нафтёбӣ надошт”, - исрор меварзад Набӣ Маликов.

Алексей Миллер
Алексей Миллер

Ин мутахсасиси тоҷик мегӯяд, аз ин рӯ Тоҷикистонро зарур аст минбаъд ҳангоми додани иҷозатнома ба ширкатҳои хориҷӣ ҷиҳати истихроҷи нафту газ нияти аслии ширкатҳоро таҳпурсӣ карда, баъдан ба онҳо рухсат бидиҳад. “Вагарна яке пайи дигар бенатиҷа анҷом ёфтани ковишҳои нафту газ ба имиҷи кишвар таъсир гузошта, сармоягузорони дигарро дилсард мекунад”, - гуфт ӯ.

Суол: Чаро бо 56 иҷозатнома ҳатто як чоҳ накофтанд?

Аммо Игор Шаталов, раиси идораи “Газпром Интернешнл” дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, чанде қабл гуруҳе аз мутахассисони ширкат тамоми конҳои ояндадори Тоҷикистонро омӯхта, “онҳоеро, ки барои ширкат ҷолибанд, интихоб карданд”.

“Он конҳое, ки барои мо ҷолибанд, интихоб кардем ва ба ҳукумат пешниҳод намудем. Интизорем, ки ҳукумат барои иҷозат додан ба кадом конҳо ба мо ҳозир аст”, - гуфт ӯ.

Шаталов дар посух ба ин суол ки чаро ширкати “Газпром Интернешнл” аз чаҳор иҷозатномаи ба даст овардааш танҳо дар яке аз онҳо чоҳ кофт, бо суол ҷавоб дод. Ӯ гуфт, “Шумо суол гузоред: чаро ширкати “Бохтар”, ки 56 литсензияро дар ихтиёр дорад, ҳатто дар яке аз онҳо як чоҳ ҳам накофт? Вақте ба ин суол посух ёфтед, баъдан маълум мешавад, ки дигар ширкатҳо дар Тоҷикистон чӣ хел кор мекунанд ва “Газпром” чӣ гуна фаъолият дорад”.

“Газпром” медонаду Худо, ки чӣ кофтанд ва чӣ ёфтанд”

Ширкати “Газпром Интернешнл” дар кони Сариқамиш бо харҷи тақрибан 2 миллиард рубл чоҳе бо умқи 6450 метр канд, ки дар Осиёи Марказӣ ҷуқуртарин ҳисоб меёбад. Бар асоси ҳисобҳои ибтидоӣ, захираи кони “Сариқамиш” 18 миллиард метри мукааб газ ва 17 миллион тонна нафтро дошт. Аммо ковишҳои ин ширкат ба натиҷае нарасид ва ҳама корҳо дар ин кон қатъ шуданд.

Набӣ Маликов мегӯяд, ки “Газпром Интернешнл” ҳангоми корҳои пармакунӣ ягон муттахасиси тоҷикро ҷалб накард ва ба ҷуз худи ин ширкат касе намедонад, ки дар асл ковишҳо дар ин кон чӣ натиҷа доданд. Ҳол он ки, ба қавли Маликов, бинобар тадқиқоти муътамади олимони машҳур мисли Кондор ва Коротко дар кони Саргазон дар чуқурии 5800 метр газ вуҷуд дорад. Чуқурие, ки хале камтар аз чоҳи кофтаи “Газпром” дар Сариқамиш аст.

Бино ба ҳисоби геологҳо дар замони Шӯравӣ қаъри замини Тоҷикистон як триллион метри кубӣ газ ва 400 миллион тонна нафт дорад. Аммо аз рӯйи ҳисоби нав, ки ширкати “Тетис” онро эълон карда буд, дар кишвар то 3,2 триллион метри кубӣ газ ва зиёда аз 1 миллиард тонна нафт хуфтааст.

XS
SM
MD
LG