Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Вотел аз Тоҷикистон ба Толибон паём дод. ВИДЕО


Генерал Ҷозеф Вотел. Рӯзи 11-уми май, шаҳри Душанбе
Генерал Ҷозеф Вотел. Рӯзи 11-уми май, шаҳри Душанбе

Генерал Ҷозеф Вотел – фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон ба Толибони Афғонистон паём дод, ки пешниҳоди музокироти сулҳро бипазиранд. "Паёми ман ба Толибон ин аст, ки ҳеҷ гоҳ бо роҳи низомӣ пирӯз намешаванд", - гуфт ӯ рӯзи 11-уми май дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе.​

Ин чиз на танҳо барои худи Тоҷикистон, балки барои ҳама кишварҳои дигар дар минтақа ҳам хеле муҳим аст.

Генерал Вотел дар ин нишаст ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи инки то куҷо Амрико нигарониҳои Тоҷикистонро дар заминаи таҷаммӯи то 7 ҳазор ҷангҷӯи Толибон дар марзи шимолии Афғонистон тасдиқ мекунад, гуфт, "мо ҳам талош дорем, шумори ҷангҷӯёни ҷамъшуда дар нуқтаҳои зикршудаи марзиро тасдиқ кунем."

  • Раҳбари Фармондеҳии марказии Амрико шаби гузашта вориди Тоҷикистон шуд. Ӯ дар нимаи дувуми рӯзи 11-уми май бо президент Эмомалӣ Раҳмон низ мулоқот кард. Вебсайти президенти Тоҷикистон навишт, тарафҳо масъалаи таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон, муқовимати муштарак бо хатару таҳдидҳои муосире ба мисли терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва киберҷиноятҳоро баррасӣ кардаанд.

Гузориши видеоӣ:

Генерали амрикоӣ дар Душанбе ба Толибон ҳушдор дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

"Мо фишорро болои онҳо идома медиҳем"

Фармондеҳи марказии артиши Амрико Ҷозеф Вотел дар ҷараёни нишасти матбуотиаш дар Душанбе гуфт, Толибон дар Афғонистон ҳамоно нақши бесуботкунандаро мебозанд ва, ба бовари ин генерали амрикоӣ, "ҳамин рафтори Толибон боис ба ҳузури созмонҳое ба мисли гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар бархе қаламравҳои Афғонистон шудааст."

"Эътилофи байналмилалии ба раҳбарии Амрико ба хотири расонидани фишори низомӣ, иҷтимоӣ ва дипломатӣ ташкил шудааст, то онҳоро водор кунад, ки сари мизи гуфтушунид нишинанд. Онҳо бояд пешниҳоди бисёр саховатмандонаи президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ барои барпо кардани музокироти барқарории сулҳро бипазиранд. Мо фишороварӣ болои онҳоро идома медиҳем. Толибон нақши бесуботкунандаро на танҳо дар шимоли кишвар, балки дар манотиқи дигари Афғонистон ҳам идома медиҳанд ва мо фишорро болои онҳо идома медиҳем, то ки сари мизи гуфтушунид нишинанд", - афзуд ӯ.

Пуштибонии генерал аз талошҳои Тоҷикистон

Генерали амрикоӣ дар идома ба ҳамкориҳои Амрикову Тоҷикистон дар бахши мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ишора кард. Вай аз ҷумла гуфт, "ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон конфронси зидди терроризм баргузор шуд ва ин нишаст нақши калидии Душанбе ба намоиш гузошт, ки дигар кишварҳоро барои баррасии ин мушкил даъват кард. Мо аз ин талошҳо пуштибонӣ мекунем. Тоҷикистон дар амри муқобила бо таҳдидҳои терроризм метавонад, корҳои зиёде анҷом диҳад. Идомаи ҳамкориҳо бо ҳукумати Афғонистон ва таъмини муштараки амнияти марзҳои ин ду кишвар фавқулода муҳим аст."

"Мошини ҷанги Толибон"

Ҷозеф Вотел дахолат ва пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддирро, ки барои фаъол нигоҳ доштани "мошини ҷанги Толибон” мусоидат мекунад, муҳим донист. Ӯ гуфт, "ин чиз на танҳо барои худи Тоҷикистон, балки барои ҳама кишварҳои дигар дар минтақа ҳам хеле муҳим аст. Маводи мухаддир аз қаламрави марзҳои кишварҳое ба мисли Эрону Покистон ва давлатҳои дигар гузашта, бахши даромади Толибонро ташкил мекунад. Ҷангҷӯёне, ки аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла аз Осиёи Марказӣ ҳам бо истифода аз марзҳои ҳассос аз Ироқу Сурия ба Афғонистон омадаанд. Тоҷикистон бояд тамаркузашро барои назорати марзҳояш идома диҳад ва нагузорад, ки онҳо барои ҳаракат дар миёни манотиқи ҷангӣ имкон дошта бошанд. Ин масоили калидӣ аст, ки мо бо Тоҷикистон сари онҳо кор мекунем. Машқу тамринҳои муштарак барпо мекунем. Ин тамринҳо ба хотири кумак ба нирӯҳо, ба вижа нирӯҳои марзбониву зидди маводи мухаддир барпо мешаванд, то тавонанд бо ин хатарҳо муқовимат кунанд."

"Эрон нерӯи бесуботкунанда дар Ховари Миёна мемонад"

Ҷозеф Вотел, генерали амрикоӣ, ба суолҳо дар мавриди хуруҷи Амрико аз созиши атомӣ бо Эрон ҳам ҷавоб дод. Ӯ гуфт, ки созиши ду соли қабл ҳеҷ натиҷа надод ва рафтори Эронро дар минтақа низ беҳтар накард. “Президент ба қароре расид, ки ба манфиати кишвари мост, агар аз ин созиш берун шавем ва таҳримҳо дубора ҷорӣ шаванд. Мо ва кишварҳои дигари имзогузошта зери созиш бо Эрон умедвор будем, ин боиси беҳтар шудани рафтори Эрон мешавад. Вале натиҷа ин буд, ки созиши ҳастаӣ боиси беҳтар шудани рафтори Эрон дар минтақа нашуд.”

Ҷозеф Вотел
Ҷозеф Вотел

Фармондеҳи Фармондеҳии Амрико гуфт, “Эрон ҳамоно як нерӯи бесуботкунанда дар Ховари Миёна боқӣ мемонад. Онҳо ин амалҳои худро аз роҳи интиқоли фанновариҳои нав ба созмонҳои боварбахшу шариконашон анҷом медиҳанд. Як намунаи он – таъмини ҳусиҳои Яман бо мушакҳо мебошад. Ин мушакҳо барои ҳамла ба фурудгоҳ ва макони зисти афроди мулкӣ дар Арабистони Саудӣ истифода шуд. Ин фавқулодда хатарнок аст. Айни ҳамин корро онҳо дар Сурия ҳам мекунанд. Онҳо дар он ҷо ба Ҳизбулллоҳи Лубнон ва дигар ҷангиён дар Сурияи ғарбӣ бо мушакҳои пешрафтаи замонавӣ мусоидат карданд. Ин амали онҳо ба давлати Исроил хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. ИМА ӯҳдадор аст, мутақоид шавад, ки Эрон бо силоҳи ҳастаӣ таъмин нест, вале боз ҳам муҳим аст, дилпур бошем, ки метавонем ба ҳамаи таҳдидҳои Эрон дар минтақа посухгӯ бошем. Мо ба ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа бо умед менигарем, то дар амалишавии ин стратегия ба мо кумак кунанд.”

"Масъулият ба дӯши Сипоҳи посдорон аст"

Генерал Вотел афзуд, аз танише, ки дар Сурия миёни Исроил ва Эрон эҷод шудааст, хабар дорад. Вай гуфт, ҳамлаи мушакии Эронро, ки шаби гузашта ба баландиҳои Ҷӯлон сурат гирифт, маҳкум мекунанд.

“Ин талоше буд барои осебрасонӣ ба аҳолии Исроил. Ин ғайри қобили қабул аст. Хеле хатарнок аст. Ин ҳодиса метавонад боиси низоъ дар минтақа шавад. Масъулияти ин ҳамла ба дӯши Сипоҳи посдорони инқилоб аст. Ҳамаи кишварҳои дигар ҳам бояд бидонанд, ки чунин рафтори Эрону Сипоҳи посдорон ғайри қобили қабул аст ва бояд ба хатми ин корҳо даъват кунанд”, - гуфт Ҷозеф Вотел.

"Нақшаи низомӣ нест, вале..."

Ба саволи Радиои Озодӣ дар мавриди инки оё бо чӣ роҳ Доналд Трамп дастрасии Эронро ба силоҳи ҳастаӣ боз медорад, дар ҳоле ки аз созиши ҳастаӣ берун мешавад? Ва оё дар баробари таҳримҳои иқтисодӣ кадом сиёсати низомӣ ҳам дар назар гирифта шудааст? чунин гуфт: "Мо дар бораи нақшаҳои низомӣ сӯҳбат намекунем. Вале ман бояд таъкид кунам, ки ИМА ва дигар кишварҳо дар минтақа тавони зарурии низомӣ доранд, то нагузоранд Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад. Мо тавони боздоштан ва дар сурати зарурӣ ҷилавгирӣ кардан аз инро дорем. Ин на танҳо ба манфиати ИМА, балки ба манфиати кишварҳои дигар ҳам ҳаст. Агар Эрон ба қароре бирасад, ки дунболи силоҳи ҳастаӣ бошад, мо ҳам роҳҳои бархӯрд бо онро медонем. Ман дар бораи барномаҳои вижа дар ин замина сӯҳбат намекунам."

"Шарики калидии Иёлоти Муттаҳида дар минтақа"

Генерал Ҷозеф Вотел -- фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико -- шаби гузашта вориди Тоҷикистон шуд. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, сафари Ҷозеф Вотел ба Душанбе то 12-уми май идома мекунад.

Ин фармондеҳи баландрутбаи амрикоӣ дар моҳи апрели соли гузашта низ ба Тоҷикистон сафар намуда, бо мақомоти тоҷик, аз ҷумла раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда буд. Вай моҳи марти имсол дар як гузориш Тоҷикистонро бо назардошти марзи беш аз 1400-километриаш бо Афғонистон "шарики калидии Иёлоти Муттаҳида дар минтақа" хонда буд.

XS
SM
MD
LG