Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Профессори олмонӣ: Милисаҳои тоҷик аз ман пул хостанд. САДО


Профессор Стоҳр Уве
Профессор Стоҳр Уве

Як профессори олмонӣ иддао кард, ки ҳангоми саёҳаташ дар шаҳри Душанбе ва кӯшиши аксбардорӣ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ рӯзи 23-юми август мавриди пурсиш ва тамаъҷӯии маъмурони милиса қарор гирифт. Аммо дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки ба ин мазмун ҳанӯз шикояте нарасидааст.

Агар аз ҳар сайёҳ кӯшиш кунем, ки як чизе биканем, фардо ӯ ба Тоҷикистон намеояд. Пас, талошҳои давлат барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ беҳуда хоҳад шуд. Ситондани чанд сомонӣ ришва аз турист метавонад ба имиҷи Тоҷикистон ҳам зарбаи сахт занад
Абдумалик Қодиров

Профессори олмонӣ Стоҳр Уве ба хотири ошноӣ бо Тоҷикистон ин шабурӯз дар кишвар саёҳат мекунад. Ҳодисае, ки рӯзи 23-юми август рух дод, ба гуфтаи ӯ, метавонад дар сафарномааш ҳифз шавад. Мегӯяд, он рӯз бо нияти аксбардорӣ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар маркази Душанбе наздаш маъмурони милиса омаданд.

Стоҳр Уве рӯзи 24-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ходимони милиса бо забони русӣ ба ӯ ишора карданд, ки барои аксбардорӣ бояд пул диҳад. Ба гуфтаи ин ҷаҳонгарди олмонӣ, дар сӯҳбат бо ходимони пулис ӯ бо забони шикастаи русӣ пурсидааст, ки сабаби тамаъҷӯи чист ва гӯё ходимони пулис гуфтаанд, "шумо, амрикоиҳо, пули зиёд доред".

Профессори олмонӣ: Милисаҳои тоҷик аз ман пул хостанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00
Линки мустақим

Стоҳр Уве ба онҳо гуфтааст, ки амрикоӣ неву олмонӣ аст ва баъди ин гӯё пулис гуфтааст, аз олмониҳо пул намеситонанд. Баъди ин муколама ба ӯ гирифтани акси муҷассамаи Исмоили Сомонӣ иҷоза дода шудааст.

Уве ҳамзамон гуфт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе навиштаанд, ки гӯё ӯро ба хотири пӯшидани шорти ё шими кӯтоҳ боздоштанд, вале худи ин ҷаҳонгард чунин иддаоро рад кард ва гуфт, ин даъво ҳақиқат надорад.

Дар ҳамин ҳол, Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар бораи рӯй додани чунин як ҳодисае изҳори бехабарӣ кард. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 24 август ӯ гуфт, ки дар мавриди нигоҳ доштану пурсуҷӯ кардани сайёҳон, аз ҷумла ҷаҳонгардон ба ниҳоди онҳо ҳеҷ шикояте ворид нашудааст. “Дар Вазорати умури дохилӣ телефонҳои боварӣ ва навбатдор ҳамеша фаъол аст. Дар сурати вуҷуди чунин ҳолат бояд занг зананд.”

Агар ҳодисаи тамаъҷӯии ходимони полис ҳақиқат дошта бошад, ба қавли худи ҷаҳонгради олмонӣ, ин ба манфиати Тоҷикистон нест. Мақомот дар ин кишвар рушди соҳаи туризмро яке аз ормонҳои давлат арзёбӣ мекунанд ва борҳо аз минбарҳои баланд ба зарурати боз кардани дару дарвозаҳои Тоҷикистон барои ҷалби меҳмонҳои хориҷӣ ва афзоиши даромади буҷа аз ин ҳисоб таъкид кардаанд.

Вале бархӯрди ғайриахлоқӣ бо меҳмонҳои хориҷиву аз ҷумла тамаъҷӯии полис дар гузашта ҳам мавриди интиқод дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст.

Аз ҷумла, сентябри соли 2016 ду маъмури милиса, ки аз муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар маркази Душанбе муҳофизат мекарданд, аз вазифаашон сабукдӯш шуданд. Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ки ҳодисаи тамаъҷӯӣ исботи худро наёфт, вале тасмими барканории онҳо гирифта шуд. Ин кор ба дунболи шикояти хабарнигори қазоқ сурат гирифтааст, ки рафтори пулисро ба "як гадо" шабоҳат дода гуфтааст, пулиси тоҷик аз ӯ пул талаб кардааст. Як ҳодисаи дигари тамаъҷӯии корманди гумрук аз як шаҳрванди Ҳинд ҳам аз ҷониби Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон собит шуд.

Мақомоти ВКД мегӯянд, ахлоқи милиса, ки "ҳомии ҳуқуқу пуштибони мардум" аст, метавонад ба обрӯи корманди ҳифзи ҳуқуқ латма занад, аз ин рӯ, Кодекси одоб барои кормандони милиса тарзи муоширати онҳоро бо шаҳрвандон танзим мекунад. Ин кодекс дар моҳи июли соли 2016 таҳия шуд. Вале бо ин вуҷуд ҳодисаҳои шикоят аз бархӯрди ғайриахлоқии милисаҳо кам набудааст.

Ин ҳодисаҳо зарба ба обрӯи туризми Тоҷикистон аст

Дар ширкати сайёҳии “Интурист-Травел”-и Душанбе гуфтанд, ки ҳамасола садҳо ҷаҳонгард ба таври инфиродӣ ё гурӯҳӣ вориди Душанбе шуда, аммо то ҳол дар мавриди мушкилоту монеаҳо дар гаштугузор ё мулоқоти онҳо бо сокинон шикоят ё гилае нарасидааст. Аммо онҳо имкони тамаъҷӯии пулис ва тафтиши зиёди асноди сайёҳонро дар хиёбонҳои Душанбе баъид намедонанд.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик мегӯяд, дар мавриди қазияи профессори олмонӣ Стоҳр Уве аз шабакаи Фейсбук хабар ёфта ва тааҷҷуб накардааст. Зеро, ба гуфтаи ӯ, то ҳол тафаккури мардум, бахусус, кормандони ниҳодҳои давлатӣ нисбат ба сайёҳони хориҷӣ иваз нашудааст.

“Ҳар шаҳрванд, махсусан, намояндаи сохторҳои давлатӣ бояд дарк кунад, ки метавон аз ҳисоби ҷаҳонгардон нон хӯрд. Тоҷикистонро мисли хонаи худ бояд донист. Агар аз ҳар сайёҳ кӯшиш кунем, ки як чизе биканем, фардо ӯ ба Тоҷикистон намеояд. Пас, талошҳои давлат барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ беҳуда хоҳад шуд. Ситондани чанд сомонӣ ришва аз турист метавонад ба имиҷи Тоҷикистон зарбаи сахт занад”, - афзуд ӯ.

Қодиров гуфт, имсол дар Тоҷикистон ба манзури баррасӣ ва ҳалли масоили рушди туризм аз ҷумлаи намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, назири гумрук, марзбонӣ ва фурудгоҳҳо Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ таъсис шудааст. Ӯ афзуд, “бояд дар ин шӯро намояндагони ниҳодҳои умури дохилӣ ва амниятӣ низ шомил шаванд, то сайёҳони хориҷӣ озодона ба Тоҷикистон омада ва амнияту гашту гузори онҳо таъмин шавад.”

Зимнан, Стоҳр Уве низ тавсия додааст, ки “агар мехоҳед дар кишваратон туризмро тавсеа диҳед, аз Гурҷистон, Қазоқистону Қирғизистон ибрат гиред. Марзҳои худро ба рӯи туристони кишварҳои Ғарб боз кунед, ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо низоми бидуни виза ҷорӣ кунед ва ба кормандони ҳифзи ҳуқуқу милиса тарзи муоширату муносибат бо сайёҳонро биомӯзонед, то дар ҳар қадам туристонро ташвиш дода ва беохир визаи онҳоро тафтиш накунанд”.

Зимнан, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба ҳамин хотир шароити дарёфти визаи Тоҷикистонро содда ва электронӣ кардааст. Як шаҳрванди Ӯзбакистон гуфт, ки тавонист визаи ин кишварро дар як рӯз ба даст оварад. Вале боз ҳам ҳодисаҳои рафтори ғайриахлоқӣ ва ғайримунтазираи полис, ки дар асл бояд ба унвони намояндаи давлат як ёвар ва такягоҳи шаҳрванди хориҷӣ бошаду худ аз содир шудани ҷиноят ҷилавгирӣ кунад, боиси тааҷҷуб ва ҳам нороҳатии ҷаҳонгардон мешавад.

Туристҳои ботаҷриба баъди дидани кишваре дар баробари мероси фарҳангии ҳар кишвар ба тарзи бархӯрди полисаш баҳогузорӣ мекунанд ва ба ҳамдигар машварат медиҳанд, ки то куҷо дар сурати рӯй додани ҳодисае, назири авбошӣ, хушунат, ғоратгарӣ мешавад ба полиси ин кишвар муроҷиат кард ва кӯмаки дуруст ба даст овард ва ё не? Ин баҳогузорӣ баъдан ба рейтинги обрӯмандии кишвар аз назари дилгаармии ҷаҳонгардон таъсиргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG