Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лӯлиҳои Восеъ: Аз талбандагӣ ба кор дар корхонаи пахта (ВИДЕО)


Корхонаи коркарди пахтаи «Зарҳам» дар Кӯлоб бинобар пайдо накардани коргар аз миёни ҷавонони тоҷик лӯлиёнро ба кор ҷалб кардааст.

Бори аввал аст, ки беш аз 40 нафар ҷавонони лӯлӣ, ки то ин дам талбандагиро касби аҷдодии худ медонистанд, дар ин корхона ба пахтатозакунӣ машғул шудаанд.

Амирхон Ятимов, раҳбари корхона мегӯяд, дар ҳоле хоҳиши ҷалби лӯлиён пайдо шуд, ки аз ҷавонони маҳаллӣ касе барои кор дар ин корхона розӣ нашуд. Ба гуфтаи Ятимов, барои ҷалби корманд ба Идораи шуғли аҳолӣ борҳо мактуб карданд, вале ҳеҷ посухе низ дарёфт накарданд. Ӯ гуфт: «Мо маҷбур шудем, ки ба ноҳияи Восеъ, 20 километр дуртар равем ва бо лӯлиён машварат кунем. Аз моҳи август бо онҳо шартнома бастем. Ҳар рӯз 30 сомонӣ, се вақт хӯрок ва ҷои хоб барояшон медиҳем. Ҷавонони маҳаллӣ гуфтанд, ки мо дар Русия маблағи бештар мегирем ва бо ин маблағ кор намекунем. Аз тарафи дигар дар вақти кори мо, ҷавонони маҳаллӣ аксарашон дар Русия буданд.»

Истихдоми лӯлиҳо дар корхонаи пахтаи Восеъ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00
Линки мустақим


Амирхон Ятимов, раҳбари корхонаи "Зарҳам"
Амирхон Ятимов, раҳбари корхонаи "Зарҳам"
Давоми як моҳ ҷавонони лӯлиро кор омӯхтаанд ва масъулини корхона мегӯянд, зеҳнашон тез аст ва зуд корро аз бар кардаанд. Акбар Холов, як ҷавони лӯлӣ мегӯяд, аз таҳқире, ки пушти дари сокинон ҳангоми талбандагӣ мешуниданд, ин корашон беҳтар аст. Ӯ тасмим дорад, дигар талбандагӣ накунад: «Бовар кунед, дигар аз ин вақтҳо ҳар кас ҳангоми талбидан бароямон пул намедиҳад. Дашном медиҳанд, ҳақорат мекунад. Бас кардан даркор аст, талбиданро.»

Рустам Халосов, ҷавони дигари лӯлӣ аз фаъолият дар корхонаи «Зарҳам» қаноатманд аст. Онҳо дар ду баст кор мекунанд ва бо навбат тариқи мошинҳои ин корхона дар як ҳафта як бор ба хонаҳояшон бурда мешаванд. Рустам дар ин корхона бо бародари 19 солаи худ Ҷӯрабек ҳамроҳ кор мекунад ва тасмим доранд, дар зимистон бо маблағи ҷамъовардаашон якеашон издивоҷ кунанд.


Одина Раҳмон, масъули фарҳангии корхонаи «Зарҳам» мегӯяд, лӯлиён хеле ҳалолкоранд. Ба гуфтаи ӯ, лӯлибачаҳо корхонаро чанде пеш аз оташсӯзӣ наҷот додаанд: «Корхона оташ гирифт ва оташхомӯшкунакҳо ҳайрон шуданд, ки чӣ кор кунанд. Алҳам гуфтанӣ лӯлибача мисли гурба бо танаи турба ба дуюм ошёна 4 метр баландӣ баромада, оташро зуд хомӯш кард. Инро бо чашми худ дидам ва ҳама миннатдор шудем.»

Акбар Холов, як лӯлибача.
Акбар Холов, як лӯлибача.
Лӯлиён аз кори худ қаноатманданд, аммо ҷавонони маҳаллӣ мегӯянд, дар баробари кори сангин 30 сомонӣ маблағи кам аст. Наврӯз, як ҷавони маҳаллӣ мегӯяд, кори ин корхона хеле сангин аст, вале дар иваз пули кам медиҳанд. Ба ин хотир, Наврӯз мегӯяд, ҷавонони маҳаллӣ намехоҳанд, дар ин корхона кор кунанд: «Баъзе солҳое ҳам буд, ки маблағи корро пурра намедоданд. Барои ҳамин бачаҳо ба кор нарафтанд. Як аробакаш дар як рӯз 50-100 сомонӣ меёбад, 30 сомонӣ чӣ мешавад? Дар чидани пахта ҳам ҳамин хоҷагӣ маблағи кам медиҳад.»

Аммо масъулини корхона мегӯянд, дар баробари 30 сомонӣ, инчунин ба лӯлиён дигар кӯмакҳо низ мерасонанд. Зоҳиран, кори лӯлиён масъулинро хеле хуш омадааст ва тасмим гирифтааст, онҳоро таълими ройгон бидиҳанд. Одина Раҳмон, масъули бахши фарҳангии ин корхона мегӯяд, лӯлиён аз ӯ хоҳиш кардаанд, то барояшон хаттӣ форсиро биомӯзам, дар ҳоле, ки онҳо хати сириликро низ намедоданд.

Ҷӯрабек, як лӯлибача.
Ҷӯрабек, як лӯлибача.
Ӯ мегӯяд, боқӣ мондани лӯлиён ба манфиати корхона аст: «Як нафараш паҳлавони хуб аст. Мо ӯро барои мусобиқот омода мекунем. Ҳамин бачае, ки ҳозир сӯҳбат кардӣ, мушро зинда дастгир мекунад, ки ин ҳунарро ҳатто гурба надорад. Ба корхона онҳо ҳаматарафа фоида меоранд.»

Абубакр Афғонов, лӯлии дигар мегӯяд, ҳангоми ба хона рафтан ҳамсолони худро ба меҳнат кардан даъват мекунад. Ӯ сафи рафиқон худро дар ин корхона афзоиш доданист.

Корхонаи «Зарҳам», воқеъ дар ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоб дар як шабонарӯз то 60 тона пахтаро коркард мекунад. Бори аввал аст, ки лӯлиёнро як корхона ба кор ҷалб мекунад. Лӯлиён аслан, дар минтақаи Кӯлоб дар ду ҷамоати ноҳияи Восеъ зиндагӣ мекунанд ва бештар рӯзи худро бо талбандагӣ бегоҳ мекунанд.
XS
SM
MD
LG