Гирифторони ин беморӣ аз нархи гарони доруҳо барои табобат шикоят мекунанд.
Ба гуфтаи пизишкон, муносибати хуб бо гирифторони бемории қанд имкон медиҳад, ки онҳо умри тӯлонӣ бинанд.
Олмахон Мамадназарова, сокини 48-солаи шаҳри Душанбе 11 сол инҷониб гирифтори бемории диабети қанд аст. Барои табобат соле як бор дар бемористон бистарӣ мешавад. Барои бадтар нашудани вазъи саломатиаш пайваста аз доруву дармон истифода бурда, тавсияи табибонро қатъан иҷро мекунад. Атрофиён ва ҳамкоронаш дар идораи ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Шоҳмансур аз бемории ӯ огаҳ буда, дар сурати зарурат барояш кӯмак мерасонанд. Ӯ мегӯяд, ҳамкорон ва атрофиён дар бораи бемории ӯ медонанд ва бо ӯ бо эҳтиром муносибат доранд.
“Дар як ҷо мешинем, баъзан вақт чой менӯшем, бо ҳамкорон, бо хонавода бо фарзандон. Лекин онҳо бадгумонӣ намекунанд, ки ин қандкасал асту бо пиёлаи он чой нанӯшед, аз қошуқи он истифода набаред,”—гуфт ӯ.
Олмахон мегӯяд ҳарчанд бемории қанд сироятӣ нест, муносибати хуб дар ҷойи кор ва хонавода, руҳияву талошҳои ӯро дар мубориза ба ин дард қавӣ кардааст. Ин бону барои табобати бемориаш дар моҳ аз 700 то 900 сомонӣ харҷ мекунад, аммо на ҳамеша ҳамаи доруҳои зарурӣ барояш дастрас ҳаст.
Ба гуфтаи ӯ, доруҳо барои бемории қанд гарон ҳастанд.
“Ҳамааш қимат аст, як хел одамро зӯраш мерасад, як хелро намерасад. Барои ҳамин ба ҳамин нигоҳ накарда, бояд одамизод саломатии худашро худаш эҳтиёт кунад,”—гуфт ӯ.
Бархе беморони қанд, аз мушоҳидаҳои худ нақл мекунанд, ки бархӯрди ҷомеа бо ин гуруҳи беморон на ҳамеша хуб аст.
Саидбек Давлатов, сокини шаҳри Ҳисор мегӯяд, нороҳатӣ боиси авҷи бемории қанд мешавад, аз ин рӯ бо гирифторони ин беморӣ бо меҳрубонӣ бояд бархурд кард.
Чунин бархурди номуносиб бо беморони диабети қандро табибон ба сатҳи огоҳии мардум аз ин беморӣ бастагӣ медиҳанд. Пизишк Амриддин Абдураҳмонов, мегӯяд, ҳамеша хӯрдани ғизои нодуруст, фарбеҳӣ, бемориҳои сироятӣ, афсурдагии равонӣ, бемориҳои ғадуди зери меъда метавонанд касро ба бемории қанд расонанд. Ба қавли ӯ, пас аз пандемияи “КОВИД-19” шумораи гирифторони диабети қанд дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ бо суръат афзоиш ёфтааст:
“Ба 81 қариб 82 ҳазор нафар расидааст. Яъне теъдоди ин беморӣ нисбати соли 2024 дар соли 2025 ҳам зиёд шудааст. Дар баробари дигар омилҳо гузаронидани озмоишҳои профилактикӣ аз суи табибон ва мутахассисон зиёд шудааст, ки ин ҳам метавоанд як сабаби зиёд шудани шумораи гирифторони бемори қанд бошад,”-гуфт Амриддин Абдураҳмонов, мудири шӯъба дар Маркази клиникии эндокринологии Тоҷикистон.
Пизишкон ҳушдор медиҳанд, ки риоя накардани қоидаҳои тиббӣ ё табобати худсаронаи диабети қанд пайомадҳои марговар дорад, вале дар сурати иҷрои тавсияҳои табибон, парҳезу истеъмоли саривақтии доруҳо бо диабети қанд ҳам умри инсон метавонад одӣ гузарад.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои мубориза ба диабети қанд чанд санаду барномаҳои махсус қабул намудааст, вале солҳои охир вазъи гирифторӣ ба ин беморӣ ҳамоно ташвишовар шумурда мешавад. Аз ҷумла дар кишварҳое чун Тоҷикистон, ки мушкили дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ ё доруҳои зарурӣ борҳо аз забони беморону наздиконашон садо додааст.
Гуфтугӯ