Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи 24: "Истиқлолият моли як шахс нест"

Майдони Истиқлол дар маркази шаҳри Душанбе.
Майдони Истиқлол дар маркази шаҳри Душанбе.

Дар раҳпаймоии идона ба муносибати 35-умин солгарди истиқлоли кишвар бештар аз 120 ҳазор нафар ширкат кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ хабар дода, онро «калонтарин роҳпаймоии идона дар давоми 35 соли соҳибистиқлолии кишвар дар пойтахти Тоҷикистон" номидааст.

Дар роҳпаймоӣ роҳбарону кормандони вазорату кумитаҳо, мақомоти расмӣ, донишҷӯён, табибону муаллимон, варзишгарону наврасон ва ҳам теъдоде аз кормандони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ширкат кардаанд.

Ширкаткунандагонро, дар минбари зери муҷассамаи Истиқлол, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода, сарвазир, Рустами Эмомалӣ, раиси порлумон ва раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ Озода Раҳмон истиқбол карданд.

Телевизионҳои давлатӣ раҳпаймоии тақрибан дусоатаро дар режими зинда намоиш доданд, ки дар лаҳзаҳои поёнии он пеш аз суханронии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ҳозирони раҳпаймоӣ бо хитоб ба ӯ «зиҳӣ, зиҳӣ, зиҳӣ» шиор медоданд. Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии кӯтоҳ ва бо муроҷиат ба мардум гуфт, ки дар 35 соли истиқлоли кишвар бори аввал чунин намоиши бошукӯҳеро мебинад.

Дар остонаи ин раҳпаймоӣ, Гурӯҳи 24, яке аз созмонҳои мухолифи давлати Тоҷикистон, ки дар хориҷ аст, бо нашри як баёнияе ҳукуматро танқид кард, ки истиқлоли кишварро фақат ба номи Эмомалӣ Раҳмон нисбат медиҳанд. Дар ин баёния аз рӯзи 7-уми сентябр омадааст, ки дар соли 1991 баъди аз ҳам пошидани шӯравии собиқ ва эълони истиқлоли Тоҷикистон дигар чеҳраҳои шинохта ҳам нақши зиёд доштаанд.

Дар ин баёния номи Тоҳири Абдуҷаббор, вакили собиқи мардумӣ ва Қадриддин Аслонов, яке аз раҳбарони аввалини Тоҷикистонро овардаанд, ки яке даргузашт ва дигариро дар солҳои ҷанги дохилӣ куштанд. Дар баёния омадааст, ки «таърихро набояд, ба хотири парастиши шахсият аз нав навишт ва истиқлолият моли як шахс, як ҳукумат, як хонавода нест, истиқлолият дастоварди мардуми Тоҷикистон аст.»

Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сарони кишварҳои зиёде ба унвони президент ва мардуми ин кишвар паёмҳои шодбош фиристоданд. Дабири кулли Созмони Милал Антониу Гутерриш гуфт, «идҳои миллӣ як имконияти бозанадешии роҳи тайшудаи кишвар, саҳми он дар умури ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳадафҳои ояндааш” ҳастанд.

Доналд Трамп, президенти Амрико низ 35-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистонро ба Эмомалӣ Раҳмонро табрик гуфта, аз таҳкими робитаҳои байни ду кишвар ёдовар шудааст. Вай ба Раҳмон барои садоқаташ ба сулҳ ва субот ҳам дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳам дар саросари ҷаҳон изҳори сипос кардааст.

Марко Рубио, вазир корҳои хориҷи Амрико гуфтааст, кишвараш ба “Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистони соҳибихтиёр, амн ва шукуфон манфиати қавӣ дорад.” Вай ҳамкориҳоро дар таҳкими амнияти марз ва мубориза бо терроризм ситоиш кардааст.

Президенти Русия Владимир Путин ба рушди босуръати муносибатҳои дуҷониба таъкид намуда, шахсан ба Эмомалӣ Раҳмон саломатӣ ва муваффақият дар фаъолияти давлатӣ ва ба мардуми Тоҷикистон хушбахтӣ ва шукуфоӣ хостааст.

Шин Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин дар паёми табрикияш орзуманди пешрафт “дар ояндаи муштараки ду кишвар” шудааст. Раиси ҷумҳури Эрон Масъуди Пизишкиён гуфтааст, ки кишвараш робитаҳо бо Тоҷикистонро дар авлавияти сиёсатҳои худ қарор медиҳад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG