Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси мудири меҳмонхонае, ки маҳкумшудаҳои "Крокус"-ро ҷой дода буд

Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин, Муҳаммадсобир Файзов ва Далерҷон Мирзоевро дар "иҷрои бевоситаи ҳамла" гунаҳгор карданд. Санҷидани воқеияти ин иттиҳом тавассути манбаъҳои мустақил то ҳол имконпазир нашудааст
Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин, Муҳаммадсобир Файзов ва Далерҷон Мирзоевро дар "иҷрои бевоситаи ҳамла" гунаҳгор карданд. Санҷидани воқеияти ин иттиҳом тавассути манбаъҳои мустақил то ҳол имконпазир нашудааст

Додгоҳе дар Маскав як мудири меҳмонхонаеро, ки моҳи марти соли 2024 дар он ду маҳкумшуда дар ҳамла ба толори консертии “Крокус” зиста буданд, ба се соли ҳабс маҳкум намуд.

Ба ин зан, ки номаш нашр намешавад, дар давоми ду соли баъдӣ инчунин ҳақи кор дар соҳаи хидматрасонӣ манъ шудааст. Ин хабарро РИА Новости рӯзи 25 апрел бо такя ба санадҳои додгоҳӣ нашр намудааст.

Мудири меҳмонхонаро дар ташкили ҳузур ё зиндагии муваққатии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия гунаҳгор кардаанд.

Тафтишот гуфтааст, мудири меҳмонхонае, ки дар бинои як хонаи истиқоматӣ дар Маскав ташкил шуда буд, сохторҳои тафтишотиро дар бораи дар он ҷо зистани Далерҷон Мирзоев ва Муҳаммадсобир Файзов хабардор накард ва онҳо барои ҳузури муваққатӣ иҷозатнома ҳам надоштанд.

Дар санадҳои додгоҳӣ омадааст: “(Мирзоев ва Файзов) ҳар рӯз омада пули зистро нақд ваё бо корт супурда шабро ин ҷо рӯз мекарданд, баъди ин чизу чораашонро гирифта мерафтанду боз бармегаштанд ва аз нав дар ин ҷо ҷойгир мешуданд”.

Медуза навиштааст, мудири меҳмонхона ба гуноҳаш иқрор шуда гуфтааст, ки аз карда пушаймон аст. То замони содир шудани ҳукм ӯ дар озодӣ ба сар мебурд.

Аксарият ҳукми ҳабси абад гирифтанд

Додгоҳи ҳарбии Маскав моҳи марти имсол 15 гумонбари ҳамла ба толори "Крокус"-ро ба зиндони якумрӣ ва чаҳор тани дигарро аз 19 то 22 сол зиндон маҳкум кард. Далерҷон Мирзоев ва Муҳаммадсобир Файзов ҳам ба ҳукми ҳабси абад маҳкум шуданд. Шонздаҳ маҳкумшуда аз рӯи ин парванда аз Тоҷикистон, як нафар аз Қирғизистон ва дуи дигар аз Ингушистон ҳастанд.

Азбаски мурофиаи онҳо паси дарҳои баста гузашт, мавқеашон ба айбнома ва ҳукм маълум нест. Пештар ҳомиёни ҳуқуқ латукӯб ва шиканҷаи баъзе аз гумонбарони ҳамла ба толори “Крокус”-ро танқид карда, дурустии иқрори онҳоро зери суол бурда буданд.

Дар ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав 149 нафар куштаву садҳо тан захмӣ шуданд. Гурӯҳи ДОИШ ҳамларо кори дасти пайравонаш номид, вале далели возеҳе пешниҳод накард.

12 март, Маскав. Қироати ҳукми додгоҳи гумонбарони "Крокус"
12 март, Маскав. Қироати ҳукми додгоҳи гумонбарони "Крокус"

Марги як маҳкумшуда, паёмадҳои дигари ҳамла

Идораи зиндонҳои Русия навишт, рӯзи 6 апрел дар яке аз ҳуҷраҳои боздоштгоҳ ҷасади Ёқубҷон Юсуфзода - яке аз маҳкумшудаҳои ҳамла ба "Крокус Сити Ҳол"-и Маскав ошкор шуд. Мақомот онро «худкушӣ» номиданд. Як моҳ пеш аз ин Додгоҳи ҳарбии Русия ӯро ҳам ба ҳабси якумрӣ маҳкум карда буд.

Тасдиқи мустақилони хабар аз манбаъҳои дигар имконпазир нест.

Мақомоти Русия бо баҳонаи ҳамла ба "Крокус" фишору азияти муҳоҷирон ва махсусан зодагони Тоҷикистонро ба маротиб афзоиш доданд ва даҳҳо қонунеро қабул карданд, ки кору зиндагии муҳоҷирони кориро дар Русия хеле сангин мекунад. Садҳо муҳоҷири тоҷик бо шеваи таҳқиромез боздошту азият ва сипас ба ватан фиристода шуданд.

Бо гузашти ду сол аз ҳодиса ва эълони ҳукми гумонбарон, ин парванда ҳамчунон норӯшанӣ ва суолҳои зиёде дорад, ки дар шароити ҷомеаи бастаи Русия ба онҳо посух ёфтан мушкил аст.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG