Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаҷми нафақа дар Қирғизистон зиёд мешавад


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов хабар дод, ки ҳамаи намуди нафақа дар ин кишвар аз 1 октябри имсол аз 6800 сом кам нахоҳад буд.

Ӯ дар ин бора 22 май зимни суханронияш дар як ҳамоиш дар шаҳри Бишкек хабар дод.

Ба гуфтаи Ҷабборов, Конститутсияи Қирғизистон пешбинӣ кардааст, ки ҳаҷми нафақа ва кумакпулиҳо набояд аз дастмузди рӯзгузаронӣ камтар бошад.

"Марҳалаи аввали болоравии нафақа аз 1 июл оғоз мешавад. Корро дар ин самт идома медиҳем. Мо сахт кор мекунем, ки то ҳар чи зудтар пардохтҳо ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ аз дастмузди рӯзгузаронӣ бештар бошанд. Албатта, барои ин сол лозим аст, вале мо ҳатман ба ҳадаф хоҳем расид", - изҳор дошт ӯ.

Ҳаҷми нафақа дар Қирғизистон бори охир моҳи октябри соли гузашта афзоиш ёфта буд. Мақомоти Қирғизистон он замон гуфтанд, ки нафақаро 38 дарсад зиёд кардаанд.

XS
SM
MD
LG