Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радиои Озодӣ мудири бахшҳои Осиёи Марказиро таъйин кард


Ҳамид Исмоилов, Мудири ҷадиди Осиёи Миёнаи Радиои Озодӣ

Радиои Озодӣ Ҳамид Исмоилов, яке аз хабарнигорони собиқадори узбекистониро мудири бахшҳои Осиёи Марказӣ таъйин кард. Қарор аст, ӯ аз аввали моҳи феврал корашро оғоз кунад.

Ҷеймӣ Флай, мудири Радиои Озодӣ, гуфт: “Бахшҳои Осиёи Миёна дар ин авохир бархе аз таъсиргузортарин гузоришҳоро тавлид кардаанд. Бинобар ин мо хушҳолем, ки Ҳамид розӣ шуд, то ба мо бипайвандад ва бо такя бар ин дастовардҳо фаъолияти моро боз ба сатҳи болотаре бирасонад.”

Флай афзуд: “Осиёи Марказӣ як минтақаи бисёр чолишбарангез аст, аммо таҷрибаи тӯлонии рӯзноманигорӣ, тахассус ва дониши жарфи Ҳамид дар бораи минтақа мудирияти роҳбурдӣ барои фаъолияти моро фароҳам хоҳад кард ва итминон ҳосил хоҳад шуд, ки ҳамкорони мо аз ҳимояти лозим барои идомаи гузоришгарӣ бо кайфияти боло барои мухотабонамон дар Осиёи Марказӣ бархурдор хоҳанд шуд."

Ҳамид Исмоилов қаблан дар бахши ҷаҳонии Би-би-сӣ кор мекард. Дар онҷо 14 сол раёсати шуъбаи Осиёи Миёна ва Қафқозро ба уҳда дошт ва гузоришҳое ба шаш забон барои тақрибан даҳ кишвари минтақа таҳия кардааст. Баъдҳо ӯ сардабири иҷроияи Би-би-сӣ барои Аврупо буд.

Ба унвони як хабарнигор, шоир ва достоннависи барҷаста ӯ нахустин нависандаи муқим дар бахши ҷаҳонии Би-би-сӣ ва пешгоми ибтикороте дар заминаи кор бо расонаҳои ҷадид ва подкаст барои бахши ҷаҳонии Би-би-сӣ дар Русия буд. Ӯ ба изофаи забонҳои русӣ, туркӣ ва форсӣ, ба ҳамаи забонҳои роиҷ дар Осиёи Миёна ҳарф мезанад.

Ҳамид Исмоилов дар ин симат ҷойгузини Венера Ҷуматаева шуд, ки то ин замон мудири муваққати бахшҳои Осиёи Миёна буд. Ӯ ба мақоми пешинааш ба раҳбарии бахши қирғизии Радиои Озодӣ бармегардад.

Ҷеймӣ Флай гуфт: “Венера тайи 10 моҳи гузашта дар дастёбӣ ба муваффақиятҳои бузурги Радиои Озодӣ дар минтақа нақше умда ифо кардааст. Аз ин ки ӯ моил шуд дар як давраи муҳим дар нақши мудир барои Радиои Озодӣ хидмат кунад, мо қадрдонӣ мекунем ва хушҳолем, ки ӯ боз ҳам ба пешбурди кори мо кумак мекунад.”

Шуъбаи Осиёи Миёнаи Радиои Озодӣ аз бахшҳои қазоқӣ, қирғизӣ, узбакӣ, тоҷикӣ ва туркманӣ иборат аст. Ин радио намунае барои расонаҳои маҳаллӣ дар яке аз саркӯбгартарин манотиқи ҷаҳон барои иттилоърасонии мустақил ва ҳирфаӣ аст.

Радиои Озодӣ шабакае аз рӯзноманигорон дорад, ки барои беш аз 37 миллион нафар ба 26 забон ва дар 22 кишвар ахбору иттилои дақиқ ироа медиҳад, ҳарчанд дар он ҷойҳо озодии расонаҳо маҳдуд аст ва рӯзноманигории ҳирфаӣ ба такомул нарасидааст. Видеоҳои ин расона беш аз 3,6 миллиард бор дар Фейсбук, Ютуб ва Инстаграм дар соли 2019 аз сӯи мухотабон дида шудаанд.

Радиои Озодӣ як ширкати расонаӣ бо сиёсати таҳририяи мустақил аст, ки бо кумаки ройгони Конгресси Амрико сармоягузорӣ мешавад.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG