Ин маҷмааи истиқоматӣ ҳамагӣ шаш километр бо Кремл фосила дорад.
Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав гуфтааст, ки ду паҳпод дар осмони Маскав нобуд карда шудаанд. Ӯ гуфтааст, дар ҳамлаи бесарнишинҳо касе осеб надидааст.
Ҳамлаи паҳподҳои украинӣ ба қалби Русия дар ҳолест, ки рӯзи 9-уми май Владимир Путин, президенти Русия, дар маросими "Рӯзи Ғалаба" дар мазҳари ом бояд суханронӣ кунад.
Рӯзи 9-уми май дар кишварҳои Шӯравии собиқ ҳамчун пирӯзӣ ба Олмони нозӣ бо номи "Рӯзи Ғалаба" таҷлил мешавад. Аз шикасти Олмони нозӣ 81 сол гузашт.
Пештар, Владимир Путин дар суҳбаташ бо Доналд Трамп гуфта буд, ки рӯзи 9-уми май дар ҷангаш бо Украина оташбас эълон мекунад.
Мақомоти Украина мегӯянд, Русия танҳо ба хотири амн баргузор шудани ҷашни "Рӯзи Ғалаба" дар Маскав чунин пешниҳод кардааст.
Владимир Зеленский, президенти Украина рӯзи 5-уми май дар ҳамоиши кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар Арманистон гуфт, ки Русия имсол тасмим гирифтааст, дар гашти низомиаш ба муносибати "Рӯзи Ғалаба" техникаи низомӣ истифода накунад, чун аз ҳамлаи бесарнишинҳои Украина ҳарос дорад.
"Онҳо метарсанд, ки дронҳо то Майдони Сурх мерасанд. Таҷриба инро нишон додааст. Онҳо қавӣ нестанд. Мо бояд фишорро давом диҳем,"--гуфт Зеленский.
Ӯ аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ба хотири кӯмакҳояшон ба Украина сипосгузорӣ кард.
Расидани паҳподҳои украинӣ то қалби Маскавро коршиносон тавоноии низомии Украина номиданд, ки шабакаи дифои ҳавоии Русияро тавонистанд убур кунанд.
Мақомоти Русия гуфтаанд, ки дар гашти низомии имсол дар Майдони Сурх техника ва таҷҳизоти низомӣ истифода нахоҳад шуд. Бори аввал аст, ки Русия дар даҳсолаҳои охир аз истифодаи техникаи низомӣ, мисли ҳавопаймо ва тонкҳо дар гашти низомӣ истифода намебарад.
Ҳамзамон, мақомоти рус, ба сокинон огоҳинома фиристодаанд, ки аз 5-ум то 9-уми май дар Маскав интернет ва алоқаи мобилӣ маҳдуд хоҳад шуд. Ин маҳдудиятро ба хотири пешгирӣ аз ҳамлаи бесарнишинҳо эълон кардаанд.
Русия аз моҳи феврали соли 2022 то кунун шабонарӯз ба Украина аз замин ва осмон ҳамла мекунад. Дар ҳамлаҳои Русия ҳазорон украинӣ кушта ва миллионҳо тани дигар фирорӣ шудаанд. Дар чанд соли ахир зоҳиран тавоноиҳои низомии Украина низ боло рафтааст ва артиши ин кишвар ба ҳадафҳое дар хоки Русия зарба мезанад.
Гуфтугӯ