Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Украина дар баҳри Хазар. Эрон аз кушта шудани як маллоҳ хабар дод

Киштиҳои эронӣ дар Баҳри Хазар. Акс аз бойгонӣ
Киштиҳои эронӣ дар Баҳри Хазар. Акс аз бойгонӣ

Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии исломӣ тасдиқ кард, ки дар ҳамлаи Украина ба киштии эронӣ дар баҳри Хазар, як маллоҳи киштӣ ҳалок ва як коргари дигар захмӣ шудааст.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина шоми 25-уми июл эълон кард, ки неруҳои ин кишвар ба як нови ҷангии Русия ва ҳамчунин киштие ҳамла карданд, ки борҳои низомии вобаста ба Эронро мекашонд.

Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Зеленский дар шабакаи X (Твиттер) навишт, артиши ин кишвар дар ҳамла ба баҳри Хазар "натиҷаи бисёр хубе" ба даст овард ва киштиҳоеро ҳадаф қарор дод, ки барои интиқоли борҳои низомии вобаста ба Эрон истифода мешуданд.

Хадамоти амниятии Украина низ рӯзи шанбе эълон кард, паҳподҳои ин кишвар ба як киштии нафткаши марбут ба ширкати русии "Лукойл" ва ду киштии бории "Порт Олия 2" ва "Бегей" дар баҳри Хазар ҳамла карданд. Ин ниҳод мегӯяд, ду киштии ахир дар интиқоли муҳимоти ҷангӣ миёни Русия ва Эрон нақш доштанд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои хориҷаи Эрон муддаӣ шудааст, ки Украина субҳи шанбе ба як "киштии тиҷории эронӣ" дар баҳри Хазар ҳамла кардааст.

Мақомоти эронӣ ин ҳамларо маҳкум карда, кордори Сафорати Украинаро ба Вазорати корҳои хориҷии Эрон даъват кардаанд. Теҳрон ба кордори Сафорати Украина гуфтааст, Ҷумҳурии Исломӣ ин иқдомро "бепосух нахоҳад гузошт".

Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон, дар суҳбати телефонӣ бо Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, хостори вокуниши Шӯрои амнияти СММ, Иттиҳодияи Аврупо ва ҷомеаи байналмилалӣ ва посухгӯ кардани "омилон ва ҳомиёни ин ҳамла" шуд.

Дархостҳои Аббос Ароқчӣ дар ҳоле матраҳ мешаванд, ки Фаронса, Британия, Олмон ва Иёлоти Муттаҳида пештар Теҳронро ба ирсоли мушакҳои баллистикӣ ва паҳпод ба Русия муттаҳам карданд. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Русия дар ҳамла ба шаҳрҳои Украина аз паҳподҳои эронӣ, бахусус бесарнишини навъи "Шаҳид" ба таври густурда истифода кардааст.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG