Пайвандҳои дастрасӣ

Баъди ҳамла ба ҷангалбонҳо: Фармондеҳи сарҳадбонон дар Фархор аз вазифа озод шуд


Мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, таҳқиқи қазияи ҳамлаи қочоқчиёни афғон ба ҷангалбонони тоҷик анҷом ёфтааст.

Аз ҷумла, фармондеҳи қисми низомии сарҳадбонон дар ноҳияи Фархор аз вазифааш озод шуда, ба вазифаи пастар гузаронида шуд. Инчунин дигар афсарон ва ҳайати шахсие, ки дар рӯзи рух додани ҳодиса навбатдор буданд ҷазои интизомӣ гирифтанд

Ҳамла ба ҷангалбонони тоҷик моҳи август дар минтақаи наздимарзии ноҳияи Фархор рух дод ва дар ин ҳодиса Ҳамрохон Саидов ва Давлат Сангинов кушта шуданд. Мақомот мегӯянд, чанд афсарро барои хунукназарӣ муҷозот карда, назорат дар марзро пурзӯр кардаанд. Санҷиши ин қазияро додситонии ҳарбии вилояти Хатлон ба роҳ монда буд.

“Ҳамлаварон аъзои Толибон набуданд”

Як манбаъ дар Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон бо шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқи ҳодиса маълум кард, ки гуруҳе, ки ба ҷангалбонони тоҷик ҳамла кардаанд, аъзои гуруҳи номаълуми қочоқчӣ будаанд.

Ин манбаъ иттилои қаблиии нашршуда дар бораи ба гуруҳи Толибон марбут будани ҳамлаваронро рад кард. Ӯ гуфт, дар ҷараёни таҳқиқ ин иддао собит нашуд.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, давоми ду моҳи рух додани ҳодиса омилони ин ҳамла то ҳол дастгир нашудаанд. Мақомоти қудратии тоҷик мегӯянд, барои боздошти гунаҳкорон бо ҳамтоёни афғонашон ҳамкорӣ доранд.

Мақомоти марзбонии тоҷик қаблан гуфтанд, ки афроди силоҳбадасти ношиносе рӯзи 26 август ба таври ғайриқонунӣ марзи Афғонистону Тоҷикистонро убур карда дар роҳ ба сӯи мошини шаҳрвандони Тоҷикистон оташ кушоданд. Дар натиҷа, ду нафар кушта ва як нафар захмӣ шуд.

Бархе манбаъҳо ҳамлагаронро аъзои Толибон номиданд.

Аммо Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон бо пахши изҳороте ин иддаоро рад карда гуфт, ҷангиёни ин гуруҳ иҷоза надоранд, ки бо кишварҳои ҳамсоя вориди задухӯрд шаванд.

“Марзбонон бояд аз вуруди ҷангиён пешгирӣ мекарданд”

Ҳамсуҳбати мо дар Қушунҳои сарҳадӣ мегӯяд, масъалаи ҳамла ба ҷангалбонон дар ҷаласаи ҷамъбастии ин ниҳод рӯзи 30 октябр ҷиддӣ баррасӣ шуд.

Ба қавли манбаъ, раҳбарияти Қушунҳои сарҳадӣ бо қатъият талаб карданд, ки назорат дар сарҳад пурзӯр шуда, минбаъд аз рух додани ин ҳодисаҳо ҷилавгирӣ шавад.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, роҳбарияти Қушунҳои сарҳадӣ пас аз анҷоми таҳқиқи ҳодиса чанд афсари марзбониро дар ноҳияи Фархор муҷозот карданд.

“Аз ҷумла, фармондеҳи қисми низомии сарҳадбонон дар ноҳияи Фархор аз вазифааш озод шуда, ба вазифаи пастар гузаронида шуд. Инчунин дигар афсарон ва ҳайати шахсие, ки дар рӯзи рух додани ҳодиса навбатдор буданд ҷазои интизомӣ гирифтанд. Гуноҳи онҳо ин буд, ки хунукназарӣ карда, аз вуруди қочоқчиён ба хоки Тоҷикистон саривақт ҷилавгирӣ накарданд,» - гуфт манбаъ.

Исми фармондеҳи сабукдӯшшудаи қисми низомӣ феълан нашр намешавад.

Масъули Қушунҳои сарҳадӣ афзуд, ҳаққи гуфтани шумораи афсароне, ки ҷазо гирифтаанд надорад. Чун бар асоси қонун ифшои теъдоди хизматчиёни ҳарбӣ манъ аст.

“Ҳамла бо чархбол буд ё набуд?”

Бо ин ҳама мақомоти тоҷик то ҳол хабарҳо дар бораи ҳамлаи ҳавоӣ барои нобуд кардани ҷангиён ба хоки Афғонистонро тасдиқ намекунанд. Ҳамсуҳбати мо дар Қушунҳои марзбонӣ гуфт, тасдиқи ин иддао дар салоҳияти ӯ нест.

Қазияи ҳамла ба ҷангалбонони тоҷик аз тарафи расонаҳои маъруф бозтоби густурда дошт. Бахусус пас аз онки мақомоти афғон гуфтанд, мақомоти қудратии Тоҷикистон баъд аз ин ҳамла ба як минтақаи ин кишвар бо чархбол амалиёте барпо кардаанд.

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Тахори Афғонистон қаблан гуфта буданд, дар амалиёти чархболҳои Тоҷикистон дар фазои ҷангали “Кӯҳнахона” дар қарияи Тоҳирии ноҳияи Дарқади Тахор шаш ҷангии гурӯҳи “Толибон” кушта ва нӯҳ тан захмӣ шудаанд.

Халил Асир, сухангӯи пулиси вилояти Тахор рӯзи 27-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи маълумоти хадамоти иктишофӣ амалиёти чархболҳои тоҷик шаби гузашта ва соати 7-и субҳи 27 август сурат гирифтааст. Ба иттилои Халил Асир, дар ин ҳодиса шаш узви Толибон кушта ва 9 нафари дигар захмӣ шуданд.

Аҳмадҷавод Ҳиҷрӣ, сухангӯи ҳукумати вилояти Тахори Афғонистон низ амалиёти чархболҳои Тоҷикистонро тасдиқ кард, вале гуфт, дар бораи талафот хабар надорад.

“Як ҷангали муштарак байни Тоҷикистону Афғонистон бо номи “Кӯҳнахона”, наздик ба қарияи Тоҳирӣ, ки марбути улусволии Дарқади Афғонистон аст, бамборон шуд. Ин ҷо ба макони мухолифини мусаллаҳ ва қочоқбарони маводи мухаддир табдил ёфтааст. Ҳамла соати 7-и субҳ сурат гирифт. Ҳанӯз дар бораи талафот маълумоти дақиқ нагирифитам”, - гуфт Аҳмадҷавод Ҳиҷрӣ.

Мақомоти тоҷик то ҳол ин иддаоро расман тасдиқ накардаанд.

Баҳори имсол Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар як нишаст дар Душанбе аз хатари афзояндаи ҷангҷӯён дар марзи Тоҷикистон изҳори ташвиш кард. Ӯ гуфта буд, дар ҳудуди Афғонистон ва дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон 7 ҳазор ҷангҷӯи Толибон ҷамъ шудааст

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад ва мақомоти тоҷик мегӯянд, ки аз назари амниятӣ ва таҳдиди гурӯҳҳои қочоқбар ва ифротӣ марз осебпазир боқӣ мемонад.

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG